26 сен

Пекин: Баргардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон ғайрисозанда аст

Вазорати корҳои хориҷии Чин таъкид кард, ки баргардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон иқдоми ғайрисозанда аст ва сабаби бозсозии эътимод ва рафъи ихтилофот намешавад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи ҷумъа эълон кард: Баргардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон иқдоми ғайрисозанда аст ва ҳаргиз сабаби бозсозии эътимод, пур кардани фосилаҳо ва рафъи ихтилофот намешавад.
Тибқи гузориши Ал-Ҷазира, Вазорати корҳои хориҷии Чин илова кард: Мо бо ҳалли масъалаи Эрон тавассути истифода аз зӯр ва баргардонидани таҳримҳо мухолиф ҳастем.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷаласаи Шӯрои Амният дар атрофи қарордоди пешниҳодии Чин ва Русия барои тамдиди 6 моҳаи қарордоди 2231, имрӯз баргузор хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2025/09/26/%d0%bf%d0%b5%d0%ba%d0%b8%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8%d0%bc%d2%b3%d0%be-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd/

Пекин: Баргардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон ғайрисозанда аст - 5371348091070

Комментарии

Комментариев нет.