23 ноя

Нақши Имороти Араб дар дастгирии Тел-Авив

Як рӯзномаи ибризабон ба мусоҳибаҳои телефонии махфии Нетаняҳу бо шахсиятҳои сиёсӣ дар авҷи ҷанги Ғазза ишора кард.
On Ноя 23, 2025 0
Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзномаи “Ҳааретс” ошкор кард, ки Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил дар давоми соли 2024 тамосҳои махфие барқарор кардааст, ки муҳимтаринашон мусоҳибаи ғайрирасмии ӯ бо Муҳаммад бин Заид, раиси Имороти Араб дар 29 октябри соли гузашта яъне авҷи ҷанги Ғазза будааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки тамосҳои мазкур аз ҷониби ҳеҷ канали расмӣ ошкор нашуда ва ҳамзамон бо афзоиши айбҳои байналмилалӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар бораи қатли ом дар навори Ғазза барқарор шудаанд.
Ҳааретс гузориш дод, ки ин тамосҳо саволҳои зиёдеро дар мавриди нақши эҳтимолии Имороти Араб дар дастгирии Нетаняҳу ё идораи парвандаи марҳилаи пас аз ҷанг дар пушти парда ба миён меорад. https://tajikpress.com/2025/11/23/%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d1%88%d0%b8-%d0%b8%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d0%bb-%d0%b0/

Нақши Имороти Араб дар дастгирии Тел-Авив - 5372564903102

Комментарии

Комментариев нет.