11 дек

Эрдуғон: Ҷиноятҳо дар Ғазза ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон идома доранд

Президенти Туркия эълом кард: мутаассифона, бо вуҷуди тамоми талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ҷиноятҳое ки мо дар Ғазза ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем, ҳамчунон идома доранд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, рӯзи чоршанбе бо нашри паёме ба муносибати 10 декабр – Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар – таъкид кард: Қатли беш аз 70 ҳазор нафар дар Ғазза нишон медиҳад, ки арзишҳои зикршуда дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар сахт осеб дидаанд.
Президенти Туркия идома дод: Мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ҷиноятҳое ки дар Ғазза ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин рӯй медиҳанд, ҳамчунон идома доранд.
Эрдуғон инчунин илова кард: роҳи расидан ба сулҳи одилона ва пойдор дар Ғазза, тақвияти оташбас ва иҷрои роҳи ҳалли ду давлат аст.
Вай сипас афзуд: бо ин вуҷуд, Исроил бебандуборӣ ва бетаваҷҷӯҳии худро ба қоидаҳо нишон медиҳад ва бо ҳамлаҳое ки аз 11 октябр то кунун дасти кам 370 фаластиниро ба шаҳодат расондааст, оташбасро нақз мекунад. Афзоиши фишори ҷомеаи байналмилалӣ бар Исроил барои ҷилавгирӣ аз кашида шудани дубораи Ғазза ба даргирӣ аз аҳамияти ҳаётан муҳим бархӯрдор аст. https://tajikpress.com/2025/12/11/%d1%8d%d1%80%d0%b4%d1%83%d2%93%d0%be%d0%bd-%d2%b7%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%8f%d1%82%d2%b3%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b2%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%b7%d0%b0%d0%bc%d0%b8/

Эрдуғон: Ҷиноятҳо дар Ғазза ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон идома доранд - 5372971531966

Комментарии

Комментариев нет.