сегодня 12:17

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Санкт-Петербурги Русия рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани як сафари кории озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани як сафари кории озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия мешавад.
Ба гузориши манбаъ:
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин дар Санкт-Петербург мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Тавре чанде пеш Кохи Кремлин хабар дода буд, мулоқоти анъанавии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ 22 декабр баргузор мешавад.
Ҳамзамон 21 декабр ҷаласаи Шӯрои Олии Иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. https://tajikpress.com/2025/12/22/%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%ba%d1%82/

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Санкт-Петербурги Русия рафт - 5373140103614

Комментарии

Комментариев нет.