https://t.me/nursolovej хабар медиҳад, маълумот дар бораи ҷалби фаъоли шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади иштироки минбаъдаи онҳо дар низоҳои ҳарбии Русияву Украина аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина пайдо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз манобеъи боэътимод дар доираҳои дипломатӣ маълум шуд, ки дар ин ҷалбкунӣ Сафорати Украина дар Тоҷикистон бевосита даст дорад! Ҳукумати Украина ба сафорати худ дар Тоҷикистон супориш додааст, ки чанд ҳазор ҷавони тоҷикро ба сафи артиш ҷалб кунад. Дар ин ҳангом, ҷалбкунандагони мутаалиқ ба Сафорати Украина таваҷҷуҳи асосии худро ба мардони то 35-сола равона мекунанд, ки қаблан барои ҷиноятҳои хурд аз Русия ихроҷ шуда буданд. Ҳанӯз соли 2022 намояндагии дипломатии Украина дар Душанбе дар бахши тоҷикии шабакаи интернет дар бораи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ба истилоҳ “Легиони байналмилалӣ” маълумот нашр карда буд. Ҳамаи ин дар пасманзари хабарҳои дигар дар бораи кор дар кишварҳои Ғарб, ки гӯё дар он ҷо муҳоҷирон нисбат ба Русия бештар маош мегиранд, сурат мегирад. Вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки дар Ғарб арзиши зиндагӣ гарон аст, талаботҳо барои довталабони кор сахттар аст ва аз ҷониби корфармоёни ғарбӣ барои қонуншиканиҳои ночиз (хурдтарин) ҷаримаҳои калон пешбинӣ шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Ғарб сафар кунанд, бо мушкили дарёфти раводиди корӣ ва гаронии нархи чиптаҳо рӯбарӯ ҳастанд. Илова бар ин, тоҷикон дар Ғарб бо тафаккур, арзишҳо ва ахлоқи барояшон бегона рӯбарӯ мешаванд. Ҳамзамон даромади гирифтаашон аз оне, ки интизор буданд, хеле паст мебошад, зеро муҳоҷирон қисми зиёди даромадашонро барои будубоши худ дар ин кишвар сарф кунанд. Бритониёи Кабир барои муҳоҷирони кории тоҷик дар як сол ҳамагӣ 1 ҳазор раводид медиҳад. Барои муқоиса - дар Русия тақрибан 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Русия бозори асосии меҳнат барои муҳоҷирони тоҷик буд ва боқӣ мемонад. Русия ба шаҳрвандони мо баробари шаҳрвандони худ ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиро кафолат медиҳад. Шарти асосӣ барои муҳоҷирон - риоя кардани қонунҳо ва анъанаҳои кишвари иқомат аст. Кор дар Ғарб ва ҷалбшавӣ ё кори осоишта дар Русия - интихоб аён аст.
Точикистон
Тавре дар бахши тоҷикии телеграм-канали назди ҳукумати Қазоқистон
https://t.me/nursolovej хабар медиҳад, маълумот дар бораи ҷалби фаъоли шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади иштироки минбаъдаи онҳо дар низоҳои ҳарбии Русияву Украина аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина пайдо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз манобеъи боэътимод дар доираҳои дипломатӣ маълум шуд, ки дар ин ҷалбкунӣ Сафорати Украина дар Тоҷикистон бевосита даст дорад! Ҳукумати Украина ба сафорати худ дар Тоҷикистон супориш додааст, ки чанд ҳазор ҷавони тоҷикро ба сафи артиш ҷалб кунад. Дар ин ҳангом, ҷалбкунандагони мутаалиқ ба Сафорати Украина таваҷҷуҳи асосии худро ба мардони то 35-сола равона мекунанд, ки қаблан барои ҷиноятҳои хурд аз Русия ихроҷ шуда буданд.
Ҳанӯз соли 2022 намояндагии дипломатии Украина дар Душанбе дар бахши тоҷикии шабакаи интернет дар бораи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи ба истилоҳ “Легиони байналмилалӣ” маълумот нашр карда буд.
Ҳамаи ин дар пасманзари хабарҳои дигар дар бораи кор дар кишварҳои Ғарб, ки гӯё дар он ҷо муҳоҷирон нисбат ба Русия бештар маош мегиранд, сурат мегирад. Вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки дар Ғарб арзиши зиндагӣ гарон аст, талаботҳо барои довталабони кор сахттар аст ва аз ҷониби корфармоёни ғарбӣ барои қонуншиканиҳои ночиз (хурдтарин) ҷаримаҳои калон пешбинӣ шудааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Ғарб сафар кунанд, бо мушкили дарёфти раводиди корӣ ва гаронии нархи чиптаҳо рӯбарӯ ҳастанд. Илова бар ин, тоҷикон дар Ғарб бо тафаккур, арзишҳо ва ахлоқи барояшон бегона рӯбарӯ мешаванд. Ҳамзамон даромади гирифтаашон аз оне, ки интизор буданд, хеле паст мебошад, зеро муҳоҷирон қисми зиёди даромадашонро барои будубоши худ дар ин кишвар сарф кунанд.
Бритониёи Кабир барои муҳоҷирони кории тоҷик дар як сол ҳамагӣ 1 ҳазор раводид медиҳад. Барои муқоиса - дар Русия тақрибан 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Русия бозори асосии меҳнат барои муҳоҷирони тоҷик буд ва боқӣ мемонад. Русия ба шаҳрвандони мо баробари шаҳрвандони худ ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиро кафолат медиҳад. Шарти асосӣ барои муҳоҷирон - риоя кардани қонунҳо ва анъанаҳои кишвари иқомат аст. Кор дар Ғарб ва ҷалбшавӣ ё кори осоишта дар Русия - интихоб аён аст.