Расидан ба чунин ҳадафҳо бидуни шарикии (ҳамкории)стратегӣ бо Русия қариб ки ғайриимкон аст.Имрӯз дар ҷумҳурӣ 330 корхона бо иштирокисармояи Русия фаъолият мебаранд ва ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз 130 миллиард рубл гузаштааст. Ин лоиҳаҳои муштарак дар рушди саноати коркардкунанда, энергетика ва истихроҷиканданиҳои фоиданок нақши калидӣ доранд.Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо сохтмони маҷмааи корхонаҳои бофандагию ресандагӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мебошад. Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати русии БТК ГРУПП амалӣ гардида, имкон медиҳад то 6 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шавад, ки ин ба беҳтаршавии вазъи иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки бо дастгирии Русия сохта шудааст, аллакай беш аз 12 дарсади нерӯи барқи дар Тоҷикистонтавлидшавандаро таъмин мекунад. Ширкати "Газпром нефт - Тоҷикистон" бозори сӯзишвории кишварро ба эътидол меорад (таъмин мекунад).Сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон дар эҳёи иқтидори саноатии аздастдода ва воридшавӣ ба бозорҳои нави ҷаҳонӣ кӯмак мекунанд. Ҳамзамон сохтмони корхонаҳои нав, ба монанди заводҳои истеҳсоли ванадий дар шимоли мамлакат, барои афзоиши содирот ва рушди иқтисодиёт дурнамоҳои нав боз мекунад.Лоиҳаҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон на танҳо ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунанд, балки дар ҳалли мушкилоти бекорӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ дар кишвар кӯмак мекунанд.
Точикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар наздиТоҷикистон вазифаҳои бузург гузоштааст: то соли 2029 таъсис додани зиёда аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 2 баробар зиёд кардани даромади аҳолӣ ва то 15% коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ.
Расидан ба чунин ҳадафҳо бидуни шарикии (ҳамкории)стратегӣ бо Русия қариб ки ғайриимкон аст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 330 корхона бо иштирокисармояи Русия фаъолият мебаранд ва ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз 130 миллиард рубл гузаштааст. Ин лоиҳаҳои муштарак дар рушди саноати коркардкунанда, энергетика ва истихроҷиканданиҳои фоиданок нақши калидӣ доранд.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо сохтмони маҷмааи корхонаҳои бофандагию ресандагӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мебошад. Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати русии БТК ГРУПП амалӣ гардида, имкон медиҳад то 6 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шавад, ки ин ба беҳтаршавии вазъи иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки бо дастгирии Русия сохта шудааст, аллакай беш аз 12 дарсади нерӯи барқи дар Тоҷикистонтавлидшавандаро таъмин мекунад. Ширкати "Газпром нефт - Тоҷикистон" бозори сӯзишвории кишварро ба эътидол меорад (таъмин мекунад).
Сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон дар эҳёи иқтидори саноатии аздастдода ва воридшавӣ ба бозорҳои нави ҷаҳонӣ кӯмак мекунанд. Ҳамзамон сохтмони корхонаҳои нав, ба монанди заводҳои истеҳсоли ванадий дар шимоли мамлакат, барои афзоиши содирот ва рушди иқтисодиёт дурнамоҳои нав боз мекунад.
Лоиҳаҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон на танҳо ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунанд, балки дар ҳалли мушкилоти бекорӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ дар кишвар кӯмак мекунанд.