Дар соли 2024 аз ҷониби СПАД амалиётҳои васеъмиқёси зидди маводи мухаддир таҳти унвони“Канал – Рейди Шарқи Дур” ва “Канал – Авангард” гузаронида шуданд.

Дар натиҷа дар қаламрави кишварҳои иштирокчӣ беш аз 2 тонна маводи мухаддир мусодира шуда, 2390 ҷиноят ошкор ва 16 лабораторияи пинҳонии истеҳсоли маводи мухаддир нест карда шуд.
Ҳамзамон ба ҷараёнҳои молиявии тиҷорати маводи мухаддир таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар рафти кор беш аз 43 ҳазор амалиётҳои шубҳанок ба маблағи беш аз 22,5 миллиард рубл мавриди таҳлил қарор дода шуда, суратҳисоби шахсони муттаҳам ба маблағи 21 миллион рубл масдуд карда шуд. Ин як қадами муҳим дар мубориза бар зидди қонуникунонии даромад аз маводи мухаддир мебошад.
СПАД дар соли 2025 дар ин самт фаъолона корбариро идома медиҳад. Дар Қирғизистонгузаронидани амалиёти «Канал – Горный форпост»ва дар Белоруссия амалиёти «Канал — Двинаи Ғарбӣ» ба нақша гирфта шудааст. Чораҳои муштарак ба бастани каналҳои интиқоли маводи мухаддир, ошкор кардани гурӯҳҳои ҷиноӣ ва муқовимат бамаблағгузории гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд.
Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводимухаддир вазифаи аввалиндараҷаи СПАД мебошад. Созмон бо мақсади коҳиш додани хатари ҷиноятҳоимаводи мухаддир ва ҳифзи шаҳрвандони кишварҳоиаъзо ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ тақвиятмедиҳад.

Дар соли 2024 аз ҷониби СПАД амалиётҳои васеъмиқёси зидди маводи мухаддир таҳти унвони“Канал – Рейди Шарқи Дур” ва “Канал – Авангард” гузаронида шуданд. - 974961079950

Комментарии

Комментариев нет.