Соли 2025 дар Федератсияи Русия чорабинии васеъмиқёс - Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонбаргузор мегардад, ки кӯшишҳои чандинсолаи ду кишварро барои амиқгардонии равобитифарҳангӣ ва башардӯстона таъкид мекунад.

Чунанъана дар барнома гала-консертҳо бо мусиқивурақсҳои миллӣ, намоишгоҳҳои мавзӯии рассомонва ҳунармандон, инчунин намоиши филмҳопешбинӣ шудаанд, ки аҳли ҷомеаи Русияро босанъати синамои муосири тоҷик шинос мекунанд.
Робитаҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистонбар пояи мероси муштараки таърихӣ ва наздикииҳувияти халқҳо асос ёфтааст. Иштироки филмитоҷикии “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат” дар соли 2024 дар Фестивали байналмилалии синамои LEFF дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҳамчуниннахустнамоиши ду филми дигар дар доираи Рӯзҳои синамои ИДМ инро тасдиқ мекунад. Илова бар ин, Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковскийи Тоҷикистон намоишномаи«Тартюф»-ро дар Фестивали театрҳои русӣ таҳти унвони «Вохӯриҳо дар Русия» ба намоишгузоштааст. Русия сохтмони бинои нави театриба номи В.Маяковскийро дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, ва бо ин мақсад 3,5 миллиард рубл ҷудо кардааст.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия як марҳалаи муҳим дарҳамкориҳои фарҳангӣ хоҳад гардид, ки миллионҳо нафар одамонро бо таърих, анъана ва кӯшиши ҳамдигарфаҳмӣ муттаҳид мекунанд.

Соли 2025 дар Федератсияи Русия чорабинии васеъмиқёс - Рӯзҳои  фарҳанги Тоҷикистонбаргузор мегардад, ки кӯшишҳои чандинсолаи ду кишварро барои амиқгардонии равобитифарҳангӣ ва башардӯстона таъкид мекунад. - 975009656462

Комментарии

Комментариев нет.