Санаи 9 май дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бори дигар маъракаи умумихалқии ёдбудии«Полки ҷовидонӣ» баргузор мегардад.

Шӯроисобиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ барои батаври сазовор гиромӣ доштани хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ин маърака омодагӣ мегиранд.
Бори аввал ин маърака дар Тоҷикистон соли 2016 баргузор гардида, бештар аз 100 иштирокчиёнро ҷамъ оварда буд. Ҳамагӣ пас аз якчанд сол “Полки ҷовидонӣ” ба як ҷунбиши васеъмиқёси мардумӣ табдил ёфт: соли 2017 беш аз 400 нафар, соли 2018 беш аз 600 нафар ва соли 2019 беш аз 2000 иштирокчиён бо аксҳои сарбозони фронт аз кӯчаҳо қадам зада гузаштанд. Мардум дар даст аксҳои хешовандони худро, ки тақдирашон бо ҷанг, муҳорибаҳо ва қаҳрамониҳо баҳри сулҳалоқаманд буд, мебурданд.
Русия ва Тоҷикистон ҳақиқати таърихиро ҳифз намуда, бар зидди кӯшишҳои тақаллуби (сохтакории) ҳодисаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ якҷоя амал мекунанд. Мардуми ҳар ду кишвархотираи муҳофизони Ватани умумии мо — ИҶШС-ро гиромӣ медоранд ва намегузоранд, ки корнамоии миллионҳо одамон фаромӯш шавад.
«Полки ҷовидонӣ» на танҳо як маърака,балки пайванди зиндаи байни наслҳо, овози миннатдорӣ аст, ки дар тӯли даҳсолаҳо садо медиҳад. Ин қадамҳои хотираест, ки мо на танҳоба хотири ҷанговарони гузашта, балки бароинаслҳои оянда низ мегузорем.

Санаи 9 май дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бори дигар маъракаи умумихалқии ёдбудии«Полки ҷовидонӣ» баргузор мегардад. - 976201705102

Комментарии

Комментариев нет.