Дар нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки 27 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид, масъалаҳои асосии ҳамгироӣ, аз ҷумла саноат, логистика, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣкарда шуданд.

Дар нишаст сарони кишварҳои аъзо, инчунин нозирон аз Эрон, Куба, АМА, Муғулистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти нозирон аз кишварҳои Халиҷи Форс, Куба ва Эрон таваҷҷӯҳиафзояндаро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё на танҳо ҳамчун бозор, балки ҳамчун платформаибунёди иттиҳодҳои нав нишон медиҳад.
Чаро ин барои Тоҷикистон муҳим аст? Тоҷикистон ҳанӯз узви Иттиҳод нест, аммо дар минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ иштирокмекунад. Ва тавре мебинем, кишварҳое мислиЭрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавқеи худротавассути шарикии иқтисодӣ бо ин Иттиҳодбидуни узвияти расмӣ тақвият медиҳанд.
Ин метавонад як ишорае барои ҷустуҷӯи ҳамкориҳои наздиктар, вале прагматикӣ бо Иттиҳод, иштирок ба ҳайси нозир ва ё истифодаисозишномаҳои шарикӣ, инчунин пешбурди молу манфиатҳои худ бидуни аз даст додани мустақилияти иқтисодӣ гардад.

Дар нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки 27 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид, масъалаҳои асосии ҳамгироӣ, аз ҷумла саноат, логистика, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣкарда шуданд. - 978172308366

Комментарии

Комментариев нет.