Ман аз шоми сиёҳу чуғзи бадовоз, метарсам,

Ман аз ҳар гапчини лунҷу даҳонаш воз, метарсам.
Наметарсам ман аз танқиду эроди мунаққиде,
Ман аз тӯҳматчии аз пашшае филсоз, метарсам.
Ҳақиқат талх бошад ҳам, ба комҳо лаззате бахшад,
Ман аз найрангу кори мардуми ғаммоз, метарсам.
Чӣ ҷойи дилгиру ошӯфтагӣ, аз сӯҳбати доно,
Ман аз войизчаи дойим лабонаш боз, метарсам.
Маро боке набошад аз каломи ҳарзаву таҳдид,
Ман аз ишқбози ифшо кардани ҳар роз, метарсам.
Маро хуш ояд аз созу навои ҳофизи ҷонӣ,
Ман аз динго-диринги ҳофизи бесоз, метарсам.
Наметарсам ман аз теғи нигоҳи дилбарони шӯх,
Мапиндоред, ки ман аз ишваю аз ноз, метарсам.
Ҳаросе нест дар Кайҳон маро, аз марди сар афроз,
Ман аз ашхоси сар дар пеши пой андоз, метарсам.
( Кайҳон Суфӣ )
,, Килки Хаелангез ,,

Комментарии

Комментариев нет.