Дар он сурат, ки ишқ ояд, хирадмандӣ куҷо монад.Қазое лозим аст онро, ки бо хуршед ишқ орад,Ки ҳамчун зарра дар меҳраш гирифтори ҳаво монад,Таҳаммул чораи ишқ аст, агар тоқат барӣ в‐ар на ,Ки бори нозанин бурдан ба ҷаври подшо монад.Ҳаводори накурўён наандешад зи бадгўён,Биё, гар раъи он дорӣ, ки таънат дар қафо монад.Агар Қорун фуруд ояд шабе дар сели маҳрўён,Чунон сайдаш кунанд имшаб, ки фардо бенаво монад.Биёр, эй боди наврўзӣ, насими боғи пирчзӣ,Ки бўи анбаромезаш ба бўи ёри мо монад.Ту дар лаҳви тамошоӣ, куҷо бар ман бубахшо?Набахшоёд магар ёре, ки аз ёреҷудо мoнад.Ҷавобам гўю заҳрам кун ба ҳар талхӣ, ки мехоҳӣ,Ки дашном аз лаби лаълат ба ширинтар дуо монад.Дари дигар намедонам, ки рўй аз ту бигардонам,Махўр зинҳор бар ҷонам, ки дардам бедаво монад.Маломатгўӣ беҳосил надонад дарди Саъдиро,Магар вақте, ки дар кўе ба рўе мубтало монад.Агар дар ҳар сари кўе нишинад ўун ту бутрўе,Ба ҷуз қозӣ напиндорам, ки нафсе порсо монад.Ҷамоли маҳфилу маҷлис имоми шаръ Рукниддин,Ки дин аз қуввати раъёш ба аҳди мустафо монад.Камоли ҳусни тадбираш чунон орост оламро,Ки то даврон бувад боқӣ бар ў ҳуну сано монад.Ҳама олам дуогуёнду саъдӣ камтарин қоил,Дар ин давлат, ки боқӣ бод, то даври бақо монад.
❤️Ангезаи ишқ🕋
Басо нафси хирадмандон, ки дар банди ҳаво монад,
Дар он сурат, ки ишқ ояд, хирадмандӣ куҷо монад.
Қазое лозим аст онро, ки бо хуршед ишқ орад,
Ки ҳамчун зарра дар меҳраш гирифтори ҳаво монад,
Таҳаммул чораи ишқ аст, агар тоқат барӣ в‐ар на ,
Ки бори нозанин бурдан ба ҷаври подшо монад.
Ҳаводори накурўён наандешад зи бадгўён,
Биё, гар раъи он дорӣ, ки таънат дар қафо монад.
Агар Қорун фуруд ояд шабе дар сели маҳрўён,
Чунон сайдаш кунанд имшаб, ки фардо бенаво монад.
Биёр, эй боди наврўзӣ, насими боғи пирчзӣ,
Ки бўи анбаромезаш ба бўи ёри мо монад.
Ту дар лаҳви тамошоӣ, куҷо бар ман бубахшо?
Набахшоёд магар ёре, ки аз ёреҷудо мoнад.
Ҷавобам гўю заҳрам кун ба ҳар талхӣ, ки мехоҳӣ,
Ки дашном аз лаби лаълат ба ширинтар дуо монад.
Дари дигар намедонам, ки рўй аз ту бигардонам,
Махўр зинҳор бар ҷонам, ки дардам бедаво монад.
Маломатгўӣ беҳосил надонад дарди Саъдиро,
Магар вақте, ки дар кўе ба рўе мубтало монад.
Агар дар ҳар сари кўе нишинад ўун ту бутрўе,
Ба ҷуз қозӣ напиндорам, ки нафсе порсо монад.
Ҷамоли маҳфилу маҷлис имоми шаръ Рукниддин,
Ки дин аз қуввати раъёш ба аҳди мустафо монад.
Камоли ҳусни тадбираш чунон орост оламро,
Ки то даврон бувад боқӣ бар ў ҳуну сано монад.
Ҳама олам дуогуёнду саъдӣ камтарин қоил,
Дар ин давлат, ки боқӣ бод, то даври бақо монад.