Ба ин дунёи баргардон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Ҳавасмандону дилбандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайрона ободон,чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ба меҳмонии се рӯза, ба дӯшат заллаву кӯза,
Қатори ошу обу дон,чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Сафо ҳам дошти боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Касе аз ҳикмати одам, гиреҳ накшод дар олам,
Ту, эй донотарин нодон, чи оварди, ки хоҳӣ бурд?
Ҳар он чи додаӣ, ояд,ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳ чандону, садчандон чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Расиди аз дурахши худ, мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
ОЗАРАХШ

Комментарии

Комментариев нет.