- ❣️#Ангезишӣ Аз ҳамин лаҳза метавонед боварҳои худро тағйир диҳед ва бигӯед: "Дар олами ҳастӣ неъматҳои фаровоне аст". Бо қонуни ҷазб метавонем ончиро, ки мехоҳам халқ кунам🍃🍃🍃 Имрӯз чанд дақиқаер барои барномаҳоятон нақшабандӣ кунед... доктор Ҷ. Войтли.
- 👇👇👇👇👇👇😔
- Бояд миёни ту ва Парвардигорат иртиботи пинҳонӣ, аз қабилӣ; шабзиндадорӣ, намози таҳаҷҷуд, садақаи пинҳонӣ ё даъват ва насиҳати мардум бошад. Зеро ҳар касе Худоро дар ҳолати осоиш ва роҳатӣ бишносад, Худованд ӯро ба ҳангоми сахтӣ хоҳад шинохт. — Гуфтаи уламо
- Ёрон, барои душманӣ ин зиндагӣ кам аст. В-аз душманӣ ҳарончӣ, ки дидем мотам аст. Аз душманӣ ба ҷуз ғаму ғавғо кӣ баҳра бурд? Душман ҳамеша аз ғазабу ҷаҳл сархам аст. Ободӣ нест дар дили оне, ки хасм шуд, В-он дил, ки душман аст, ба иблис ҳамдам аст Ҳар кас, ки азми душманӣ дорад, ба чашми ӯ, Дунё ба ин ҷамоли қашангаш ҷаҳаннам аст. Ҳар кас, ки азми дӯстӣ бинмуд, суди ӯ, Покии қалбу роҳати айёми хуррам аст. Бо дӯстӣ ҷаҳон шавад форамтар аз биҳишт, Ҳарҷо, ки дӯстист биҳиште фароҳам аст Варзед дӯстиву рафоқат, ки ин ҷаҳон, Бо дӯстиву дӯст басе хубу форам аст. Бо дӯстон накӯ гузаронед, вақти хеш, Одам чу меҳмони ҳамин даҳр як дам аст. Ғайратҷон Ҳотамӣ
- Ассалому алайкум, Бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва самимияти хос Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фаро расидани Иди Саиди Фитр Иди Моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, бароятон дар ин иди муборак амалу ниятҳои неки дӯстонаро аз даргоҳи Худованди Карим таманно дорам. Илоҳо ба ризқатон барокот, ба ҳуснатон нури илоҳӣ, ба зиндагиатон хушбахтӣ, ба хонадонатон осоиш, ба ишқатон субот, ба меҳратон вафо, ба умратон иззат, ба аҳдатон сидқ, ба вуҷудатон сиҳатӣ ато намояд. Бигзор Худованди бузург Шуморо аз меҳрубониҳояш сарфароз гардонад ва хушбахтии ҳар ду оламро ато фармояд!!! 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲
- 😔Худо ҳофиз, ай моҳе хайру касийр🥀 😔Ки дар байни моҳҳо туӣ бе назийр🥀 😔Худо ҳофиз, ай моҳе лутфу ато🥀 😔Моҳи бахшиш, кӯҳи ҷурму хато🥀 😔Худо ҳофиз, ай моҳе боби наҷот 🥀 😔Ки бинмуда ҳақ бар ҳаме илтифот🥀 😔Худо ҳофиз, ай моҳe тоҳир шудан🥀 😔Моҳи муҳаррами ҳаййи қодир шудан🥀 😔Худо ҳофиз, ай моҳе шавқу висол🥀 😔Моҳи меҳмонӣ, моҳи шӯру ҳол🥀 😔Худо ҳофиз, ай моҳи базми сафо🥀 😔Ки додӣ ба дилҳо ту нуру зиё🥀 🌱Ҳар яки Шумо, Иштирокчиёни Гуруҳи мо ва дар симои ҳар яки Шумо, аҳли пайвандонатонро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр - Иди Рамазон самимона муборакбод мегӯем. Ҳамеша саломату сарбаланд ва хушиқбол бошед!
- Эй кош ҳама моҳ чу моҳи рамазон буд. Эй кош ҳама покдилу покзабон буд. Эй кош ҷаҳонро набуд ин қадр касофат, Эй кош замин тоза зи бад ҳам зи бадон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Масҷид пур аз саҷдагару тавбагарон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Қалби ҳам аз бухлу адоват ба амон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Ҳарфи хушу дилчасп ҳаме вирди забон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Аз одамият дар дили ҳар фард нишон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Гӯши ҳама муштоқ ба овози азон буд. Эй кош пас аз моҳи шарифи рамазон ҳам, Ҳар фард зи аъмоли бади худ нигарон буд. То рӯйи замин пур шавад аз хубиву хубон, Эй кош ҳама моҳ дақиқан рамазон буд. Ғайратҷон Ҳотамӣ
- •°`~•°`~•°`Хаста шуд.•°`~•°`~•°° Ончунон ёдат намудам, ёд аз ман хаста шуд, Олами фарёд бо фарёд аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°`~•°` Дар хаёли диданат дору мадорам даргузашт, Оқибат ин фикри бе бунёд аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°`~•°` Мисли боде аз хиёбон то хиёбон сар задам, Аз чунин беҳудагардӣ бод аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°`~•°` Чархи гардон як нафас комам надод, аз ҳасраташ, Дод гуфтам, дод гуфтам, дод аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°`~•°` Ончунон дилбастаи шодиву ғамҳояш шудам, Шод аз ман хаста шуд, ношод аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°`~•°` Номаам аз қиссаи Фарҳоду Ширин беш рафт, Ёди Ширину дили Фарҳод аз ман хаста шуд. •°`~•°`~•°`~•°~•°` Дафтаре эҷод кардам дар ғазал бо номи ту, Озарахшо, дафтари эҷод аз ман хаста шуд.