Оё зи мо ҳастӣ ризо, моҳи муборак ал-видоъКардӣ ту чун азми сафар, моро намудӣ хунҷигарЭй ҳамдами шому саҳар, моҳи муборак ал-видоъЭй маъдани ҷуду сахо, эй ҳоҷати ҳар бенавоБуд аз ту тарвиҷи дуо, моҳи муборак ал-видоъРафтӣ ту, эй моҳи азиз, кардӣ муҳиббон ашкрезЭй ёри рӯзи растахез, моҳи муборак ал-видоъГанҷинаи ирфон туӣ, равнақдеҳи Қуръон туӣСарчашмаи имон туӣ, моҳи муборак ал-видоъЗинатдеҳи ҳар маҳфилӣ, ту нури чашми ҳар дилӣТу ёвари ҳар соилӣ, моҳи муборак ал-видоъҲар кас, ки хоҳони ту аст, нолон зи ҳиҷрони ту астДар фикри даврони ту аст, моҳи муборак ал-видоъЭй моҳи бо иззу ҷалол, мақсуди ҳайи ло язолМоро накун афсурдаҳол, моҳи муборак ал-видоъМо ошиқи номи туем, мо ташнаи ҷоми туемМоил ба икроми туем, моҳи муборак ал-видоъГаштӣ ниҳон аз ҳар назар, кӯ умр то соли дигарБинем рӯят чун қамар, моҳи муборак ал-видоъЭй мояи умеди мо, эй шоҳиди рӯзи ҷазоДарди муҳиббон кун даво, моҳи муборак ал-видоъ
Моҳи шарифи Рамазон ماه شریف رمضان
Эй моҳи махсуси Худо, рафтӣ бурун аз дасти мо
Оё зи мо ҳастӣ ризо, моҳи муборак ал-видоъ
Кардӣ ту чун азми сафар, моро намудӣ хунҷигар
Эй ҳамдами шому саҳар, моҳи муборак ал-видоъ
Эй маъдани ҷуду сахо, эй ҳоҷати ҳар бенаво
Буд аз ту тарвиҷи дуо, моҳи муборак ал-видоъ
Рафтӣ ту, эй моҳи азиз, кардӣ муҳиббон ашкрез
Эй ёри рӯзи растахез, моҳи муборак ал-видоъ
Ганҷинаи ирфон туӣ, равнақдеҳи Қуръон туӣ
Сарчашмаи имон туӣ, моҳи муборак ал-видоъ
Зинатдеҳи ҳар маҳфилӣ, ту нури чашми ҳар дилӣ
Ту ёвари ҳар соилӣ, моҳи муборак ал-видоъ
Ҳар кас, ки хоҳони ту аст, нолон зи ҳиҷрони ту аст
Дар фикри даврони ту аст, моҳи муборак ал-видоъ
Эй моҳи бо иззу ҷалол, мақсуди ҳайи ло язол
Моро накун афсурдаҳол, моҳи муборак ал-видоъ
Мо ошиқи номи туем, мо ташнаи ҷоми туем
Моил ба икроми туем, моҳи муборак ал-видоъ
Гаштӣ ниҳон аз ҳар назар, кӯ умр то соли дигар
Бинем рӯят чун қамар, моҳи муборак ал-видоъ
Эй мояи умеди мо, эй шоҳиди рӯзи ҷазо
Дарди муҳиббон кун даво, моҳи муборак ал-видоъ