Ман билохир ба ҷое расидам, ки ёдам рафтааст, ки хеле вақт шуд ба ёди касе намеоям...

Ҳамеша худро бо каламоти номафҳуме мисли "ин низ бигзарад" ором мекунам. Шояд рӯзе мерасад ки бо "ин низ бигзарад", " ман низ бигзарам" . Аммо чи ҳарфҳоест ки ногуфта мемонаду чи дардҳоест ки талхиаш то абад хоҳад монд!
Медонӣ?!
Ҳоли ман мисли он мемонад ки шаҳреро кулли мардумаш тарк кардаву ба ҷои дигаре паноҳ бурдаанд. Хиёбони холие ки аз он бӯйи дард меояд.
Ғамангезтарин ҳолатест ки таркшудатарин одами даҳр бошӣ!
Одами хуби қиссаҳои ман!
Дилам барои садоят ҳам танг шудааст.
Ҳамон лаҳзаҳое ки ман номатро мегирифтаму ту ҷавобам медоди:
"Ҷонам"
Гоҳе вақтҳо...
Чизе барои гуфтан надориву танҳо ба хотири шунидани овозаш садояш мекунӣ, ки буданашро ҳис кунӣ.
Медонистӣ?!
Ту бе ман танҳо маро кам дорӣ...
Вале ман бе ту кулли ҷаҳонам холист!!!
Як суол?
Чаро ҳанӯз ҳам дӯстат дорам?

Комментарии

Комментариев нет.