Хабари имрӯз
11 мая

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид .

Дар асоси тавофуқи ҳосилшуда аз 5 май то 11 майи соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд ва тасмим гирифтанд, ки ин корро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Комментарии

Комментариев нет.