Портали иттилоотӣ-таҳлилии "Хабарҳо" мусулмонони Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳонро бо фарорасии Иди Рамазон табрику таҳният мегӯяд.

Ин моҳи Рамазон низ барои тамоми башарият, аз ҷумла мусулмонон як имтиҳони навбатӣ гардид. Бӯҳрони Украина ба тамоми ҷаҳон таъсир расонд - ҳамаи ин аз сабаби системаи сиёсии мустамликавии байналмилалӣ рӯй дода истодааст, ки дар натиҷа давлатҳои абарқудрат ба давлатҳои заиф ҳамла карда, тамоми миллатҳоро барои мақсадҳои гаразноки худ истифода мебаранд.
Аз Аллоҳ хоҳиш мекунем, ки ба тамоми башарият як низоми одил насиб гардонад, ки тамоми мазлумонро дар паноҳаш нигоҳ медорад ва бар фақирон ғамхорӣ кунад.
Инчунин аз даргоҳи илоҳӣ таманно дорем, ки рӯзаву ибодат ва тамоми амалҳои неки ки дар ин моҳ баҷо овардаем қабул бифармояд, гуноҳҳои моро биомӯрзад ва моро ба роҳи рост ҳидоят намояд!


Таҳририяти портали иттилоотӣ-таҳлилии "Хабарҳо"

Комментарии

Комментариев нет.