МОДАР Барфи боми пирият бар сар ҷавониҳои моро, Меҳрубоно, бахш ин номеҳрубониҳои моро.

қомататро карда бори ғуссаҳои мо замингир Мекашӣ бар дӯш нози осмониҳои моро.
Мисли як барги хазонӣ, дасти сӯйи осмонӣ, Хоҳӣ аз ҳафт осмонҳо бехазониҳои моро.
Баччаҳои ту парешон, ту ҳама шаб зери болат Гиря дорӣ ҳасрати беошёниҳои моро.
Рӯйи ту чун сафҳаи Мусҳаф шудасту метавон хонд, Аз хати рӯйи биҳиштият нишониҳои моро.
Бо забони ту басе ҳамду санои халқ гуфтем, Худ ту нашнидӣ замоне хушзабониҳои моро.
Пеши пойи лаҳзаи дидори покат мефишонам Доғ дар дил лолаҳои ҷовидониҳои моро.

МОДАР                                                                                                                                      Барфи боми пирият бар сар ҷавониҳои моро,                                                                           Меҳрубоно, бахш ин номеҳрубониҳои моро. - 558324082527

Комментарии

  • 29 апр 2014 19:13
    бехтарин
  • 29 апр 2014 19:27
    Офарин кайди бехтарин
  • 29 апр 2014 20:42
    эй онки инро навишти бар падару модарат рахмат.таъсирам кард,ашк ме