Мардони «БОНАНГУ НОМУС»!!
Кистанд онхо??
Як шиноси русам ки Ислом оварда мусалмон шуда буд пас аз дах рузи сафари кори дар Душанбе буданаш ба Москва омаду дар бораи дидаву шунидааш аз пойтахти Точикон ва 1-2 шахри вилоятхои он накл кард:
- Ростиш бародар ман ба давлате ки ба гуфти шумо то 96% мусалмон аст омадаму он чизеро ки дидаму шунидам ба мусалмониву ба эмондории мардуматон(точикистониён) хайрон шудам. Аз фурудгох мо ба таксие савор шудему аз у пурсидем ки моро ба мехмонхонаи миёнае (бо нархи миёна) барад.
Вакте таксист моро ба суи мехмонхона мебурд дар рох аз якчанд мехмонхонаву хонахои кирояе накл кард ки дар инаш нарх киммату дар онаш нарх миёна аст. Хаст хонахое ки барои хар як руз 80-100 доллар ва хам дар маркази шахр. Агар шумо ин хонахоро интихоб кунед хамаруза метавонем духтаракхои зебову чавонро барои нагз гузаронидани вактатон пешниход кунем.
Афти таксист гуиё ки мусалмон буду аммо он чи ки аз забони у шунидем аз бенангиву беномусиву беэмониаш маълум кард. Ин хатто шарм надошта ба мо хама дискотекаву ресторанхоеро нишон медод ки дар он урьён (голый) мераксанд. Боз ханда карда мегуфт ки агар пулатон бошад хама нафаре ки шабона дар куча дидед метавонед бо худ ба хона бурда то сахар бо онхо истирохат кунеду 100-200 сомони дода чавоб дихед.
-Оё ин рост аст бародар? Он чи ки мо дар бораи Точикистон шунида будем ва он чи ки дидем тамоман дигар ку! Наход дар Душанбеву Кургонтеппа ва Хучанд ки якчанд бародарони боэмону ботаквои бехтаринро аз он чойхо мешиносем дискотекаву ресторанхое бошанд ки он чой духтарони мусалмон урьён бе шарму бехаё бираксанд? Магар хукумату мардуми Точикистон пеши рохи инро намегирад?—пурсид Абдуллоh (Сергей).
- Хатто баъзеи духтарони точикро дидем ки кариб ки бе либос дар кучахо равуо доштанд. Мактаббачахои духтар юбкахое доштанд ки аз зону боло ва ба мини-юбка шабохат доштанд. Кучаву хиёбонхои шахрхои Душанбеву Кургонтеппа пур аз чавононе ки гуиё ба худ чуфт мекобанду мехоханд ба он дискотекаву ресторанхое дароянд ки бешармиву бехаёги руи рост аст. Кучоанд давлатдоронатон ва чавононатон ки нангу номуси милливу диндори дошта бошанд ва пеши рохи ин бехаёгиро гиранд бародар???????????
Дар хакикат сахт хичил шудам. Намедонистам ба ин бародаре ки бо даъвати мо точикон мусалмон шуда буд чи чавоб дихам. Охир зиёди гуфтахои ин бародар рост буд. Дар хакикат марказхои Душанбеву Хучанд пур аз чунин чойхо буд ки дар он шабона урьён мераксанд, духтарон бо пул фохишаги мекунанд, либосхое мепушанд ки онро либос хам гуфтан мумкин не!
Аммо дар бораи Кургон-теппа ман акнун фахмидам ки чунин чойхои бешармиву бенангиву беномуси кушода шудааст. Оё ин хакикат дорад? Оё ин Кургантеппа ва дигар шахру нохияхои Точикистон мардони бонангу номус надорад?
Афсус ки мо имруз зери бонангу номус будан тамоман дигар чизро мефахмем ва ё ба мо мефахмонанд. Хастанд нафароне ки худ «бенангу номус» ва «дайюсанд»-у мехоханд Точикистону точикистониёнро чун худ бенанг, беномус, дайюс ва окибат хайвонсифат бинанд. Онхо ки худ аз вазифахои асосии хеш фаромуш карда аз душманони дину миллат маблагхо мегиранду зидди эмону, сатру, шарму хаёи духтарони точик муборизахои шадид мебаранд. Хатто нафароне ки пуштибон аз ин чойхои фиску фасоду фахшоанд хамон сохибвазифахову, раису сохибмансабоне хастанд ки вазифаашон зидди он мубориза бурдан аст. Аммо афсусссс…………………
Инхо мехоханд духтарони точик ба истилох ба хама «дастрас»(доступный) бошанд чи бешавхару чи шавхардор. Чунки вакте шарму хаё ва эмони мардум аз байн рафт он мардум хайвонсифат шуда дигар ба онхо фарк нест дар интихоби хамхоба! Пас ин кадар мо аз Тв-хо мешунавем ки мардони «бонангу номус» ин корро карданд он корро карданд ва аммо аз асли бонангиву бономуси дур будаанд!
Вакти он расидааст ки нафароне ки худро «бонангу номус» мехисобанд тибки Хадиси Паёмбар (с.а.в.с) ки: «Агар кори бадеро бинед бо амал онро пешнири кунед, ва ё бо забон пешгири кунед ва агар натавонистед бо дил онро бад бинед. Ин бо дил бад дидан аз суст будани эмон аст!».
Ин бешармиву бехаёгие ки имруз дар Точикистони азизи мо «тахкурси» партофта зиёд шуда истодааст хам ба давлату хам ба миллату хам ба мусалмонии мо хатар дорад! Чунки дар Аврупову Амрико хам аз хамин кор сар шуда буду инак даххо давлатхои онхо "Конуни кавми Лут"(однополые браки)-ро кабул кардаанд. Кавми Паёмбар Лут(а)-ро Аллохи Мехрубон балое фиристоду хамагиро ба нести бурд- оё мо инро мехохем?
Барои хамин чи сохибвазифахо, чи мардуми одди ва чи уламову муллохои мо сари вакт пеши рохи ин хама бешармихоро гирем ва агар баракс шавад ин аст «бенангиву беномуси» ва окибат «дайюси», хайвонсифати ва окибат нести!!!
Автор: АбуАхмад.
________________________________________________--
Суханхои Бехтарин Худованд Хаммаи моро хидоять кунад Бо Рохи Сиротал Мустаким Амин........