Мусибат сабаби «Ибрат»!!

Як бародар бо андухи зиёд аз як хамсояи наздикаш накли ачибе кард ки ба хамин миллати мусалмон дарси ъибрат аст. Харчанд каме мумкин он гуфтахои он бародарро пурра нанависам хам аслашро мухтасаран менависам( аз забони он бародари Исломи):
-Дар дехаамон ки атрофи шахр аст як муаллим хона гирифта омаду хамсояи мо шуд. Занаш духтур, фарзандонаш духтараш дар хорича мехондасту пас аз хондан он чо мондааст, ягона писараш бошад хамон сол раиси чамоъати мо таъин шудаанду ин чо хона харидаанд. Харчанд писараш сину солаш 35-40 сола бошад хам фарзанде надоштанд.
Хулас ин хамсоя дар мактаби мо аввал чойнишини директори мактаб шуда кор даромаданд ва занашон дар духтурхона. Аз хамсоягиашон хеч шикояте надорам чун бехтарин хамсояанд ва аммо як чиро гуфтаниям ки аз рузи аввали омаданаш падари маро вакте фахмидаст ки 11 фарзанд дорад сарзанишу маломат кардааст ки:
-«ин кадар фарзанд ба шумо чи даркор, оё ишкамашонро сер карда метавонед, оё пушонида метавонед, оё тарбияи хуб дода метавонед? Хамин ба Аврупоихо нигаред 1-2 фарзанд доранд. Аз онхо ибрат гирифтан даркор. Ва гайра!
Аммо падари ман харчанд фахмонад ки хамма фарзандонам ба гайри 1-2 хурдакиашон хондаги, сохиби хонаву дари худ, кору вазифа- аммо хамсоя дар «кавли» худ мустахкам истода ба дигар хамсояхо гуиё ки «насихат» мекардаст ки аз 1-2 зиёд фарзанд дар ин замонаи мо зиёдаш хуб нест ва окибат фарзандатон бетарбия, гуруснаву барахна мемонанд. Нашавад ки окибати кор фарзанди зиёд дар куча монаду наркоману аракнуш шавад ва беобуруятон кунад.!
Занаш хам дар духтурхона хар як зани хомиладор ва навхонадорро чун шавхараш «насихат» мекардааст ки аз 1-2 зиёд фарзанд назоянд ва саломатии худро аз даст надиханд. Аз хама ачоибаш ин ки касе ки наздаш надарояд ба у хамин як чи мегуфтааст ки:
- туро хунат кам аст ва ё фалон хел касаливу ба ту дигар таваллуд кардан мумкин не. Агар яктои дигар зои мемури. Ана ин дорухоро гиру «пешгири» кун хомиладоршавиатро. Якта зоиди 5-10 сол «дам» гир.
Гуиё ки ин оила танхо ва танхо вазифаашон манъ кардани серфарзанди дар хамин махаллаи мо бошад. Хатто инхо аз вазифаи худ ки яке омузондани ъилму дигаре муоличаи беморон буд фаромуш карда бошанд.
Амри такдири Илоhи пас аз соле ягона писари хамин хамсоя бе ягон дарду бемори аз дунё чашм пушид( дар холати масти). Ин «мусибат» сабаби дигар шудани ин зану шавхар ва дигар аз ин манъи серфарзанди дур шудани онхо шуд. Нафаре ки як муддат инхоро надида бошад гумон мекард ки ин онхо нестанд дигар одаманд.
Муаллим аз хамон руз сар карда ру ба масчид овард ва кам кам омузиши Куръону илми Исломиро сар кард.Кори мактабро бас карду гуиё аз нав «мусалмон» шуд. Аз домулло аз савобу аз гунох мепурсид, аз тавбаву аз дуъо мепурсид. Занаш бошад акнун он либосхои тунуку юбкахои аврупоиро партофта либосхои милливу руймоли калон мекардаги шуд. Он кас хам аз модари ман илтимос карда «шогирди» он кас шуда намозу Куръон омухтанро сар кард.
Бо гузашти як муддати як ду мох рузе чунин шуд ки бо хамсоя дар хонааш хамсояхову хешонаш чамъ омадем. Ростиш маъракае дошт ва ё мехост ба мо чизе расонад. Аввалин нафаре ки пас аз хурдани хурок он кас ба у мурочиат кард ин падари ман буд:
- Хамсоя! Хазорон бахшиш аз шумо! Шумо рост мегуфтаеду мани «ахмак» чун «тути» як гапа сахт капида такрор ба такрор гох бу шумо ва гохо ба хар нафаре ки ру ба руям меомад сахт таъкид мекардам. Гуё ки дигар ман дар ин дунё «вазифае» надошта бошам. Одам ки пир мешудаст аклаш кам мешудаст. Мани ба ном «мусалмон» дар асл зидди Ислом сухан мегуфтаам. Хам фарзанди худро ки «чавонмарг» шуд ва хам фарзандони шуморо бо тамоми кувват аз намозу руза манъ мекардам ва рохи «Дузахи човидонро» ба онхо осон мекардаам. Аз кучо донам ки ин «ачал» на чавонро на пирро намепурсидаст.!?
- Охир мани «гумрох» гумон мекардам ки фарзанд аввал хонад ъилм омузад, сохиби вазифаву пулу мол шавад ва вакте ки худ ба сини 40-50 солаги расид ана он вакт намоз хонаду руза гирад. Афсус ки ин «рахмати»-и писарам боре хам на намоз хонду на руза гирифт ва хуласи гап на ба забон ва на ба ъамал аз Ислом пайравие накард. Хатто духтари ман ки ин кадар сол ба фикри мо «бехтарин» тарбия гирифта, бехтарин мактабу донишгоххоро хондаст имруз аз мо волидайнаш гуиё руй гардонда ба як «амрикои» бе маслихати мо ба шавхар баромадааст.
- Ин чи рузест ки писар аз даст додаму духтар бегона шуд? Ба хамаи ин ман худ гунахкор. Занам якчанд сол пеш 1-2 моха ба Аврупо барои касбомузи рафту хамин акидаи «харромро» ки 1-2 фарзанд зиёд мумкин нест омухта омад. Бо пулу мол фирефта шуду занони Точикистониро хам акнун «маслихат» медодаги шуд ва афсус ки маро хам ба ин ъамал хамрох кард. Бародарону хохарони ман 5-10 фарзанди доранд аммо ман ки 2то доштам ин ъакида ба ман маъкул афтода буд.
- Он душманони миллати мо ба хамаи он духтуроне ки дар он давлатхо касби худро таквийят мебахшанд ва ё дар Точикистон «курсхо» гузаштаанд ин акидаро хамчунин «вазифа» додаанд. Хатто онхо якчанд намуд доруворихоро «бепул» ба Точикистон равона кардаанд то ба занон пешниход кунанд ва пеши рохи «серфарзандиро» гиранд.
-Ёдам хаст ки солхои пас аз чанг солхои 50ум-60ум модари ман ки кори колхоз мекард 9 фарзанд зоида буду боре хам шикоят аз дарде намекард- аммо имруз ман он рузхоро фаромуш карда ташфикоте пеш мебурдам ки аслан зидди он чизест ки дар ъамал дидаам.- давом дод хамсоя.
- Магар он солхо хамин хел «сериву пури» буд? Не ку! Дар тан эзори духтагии модарам хатто бо якчанд ямок, шулхаву кокуфу алафхо мехурдем ва нони сериро намедидем аммо хамма зинда мондем – имрузхо бошад хам серу пурем хам либосхои нав ба нав ба бар ку?! Он солхо дар як хонаи майда хама бародарону хохарон зиндаги мекардем – аммо имруз бубинед ки хатто барои хар як кудак хучрахои чудо кардаем!
Хатто рахматии модарам моххое ки хомила буданд то рузи зоиданашона дар сахро кор мекарданду пахта мечиданд. Хар бегох хам як копча пури пахтаро мебардоштанду хам дар дасти дигар кудаконашро ва то шипанги калхоза километрхо пои пиёда мебурданд аммо он кас ку ба дарди зоидан намурданд?. Акнун донед ки мо 9 нафар хамма имруз сохиби хонаву дару ризку рузии хуб- аммо бандахои «ношукр»! Чун ба «окилон» ана хамон модари ману зиёди Точикистониён дарси «ибрат» бояд бошад ки он рузхо магозахо ин кадар пур набуду гохо нимгуруснаву гохо сер аз сахар то бегохи кори сахро мекарданд. Ин сериву пурие ки дар бораи СССР таъриф мекунанд танхо пас аз солхои 60-ум 70-ум шуд на пеш!
Имруз хонахои шуморо мебинаму «хасад» мебарам ба шумову дигарон. Шумо хам «дастёрхо» доред ва хам «гамбарор»! Пас аз кор наберахоро руи даст мегиреду хастагиву зикиатонро фаромуш мекунед. Аммо мани «аблах» на фарзанде дорам на наберае ки чун шумо дар ин дами пири рохати онхор бинам. Фарзандонро беХудо тарбия кардаму бо дасти худ онхоро ба оташи «дузах» гуиё ки партофтам. Сухани касеро гуш намекардам чун дар донишгох акидаи «атеисти» сахт дар устухонам чой гирифта буд.
-Хамон солхои вазнини совети падарам панохиву руирост нотарсида намозу тоъату ъибодат доштанд. Аммо имрузхо ки ин кадар «озоди» аст мо пайрави аз ачдодонро фаромуш карда пайрави аз «атеистонро» кардем.- бо андух сухан мегуфт хамсояи мо.
- Хамсоя! Хама хешу хамсоягон! Хеч гох пеши рохи таваллуди зиёдро нагиред то чун мо пушаймон нашавед! Хеч бандае имрузхо гурусна намондааст ва ё аз гуруснаги намурдааст. Албатта вакте зиёд фарзанду наберадор ки шудед онхоро хуб тарбия кунед ва натарсед ки онхо бе «риску рузи» мемонанд. Ъилми Дунявиву дини дихед ва хеч гох фикр накунед ки ъилми дини омухтан пеши олиму хунарманд шудани онхоро мегирад. Магар ин кадар Ъолимони 1400 сола даврони Исломиро намедонед ки номашон то ба хол фаромуш нашудааст? Аммо кани он ъолимону намояндагони 70-80 сола даврони СССР?
-Ин риску рузи ва молу сарват ба акл нест чун агар ба акл мешуд он хамкурсону хамсабакони ман ки имрузхо Профессору Академикхоянд ва он кадар ъилми дуняви омухтаанду дар асл маоши 800-1000 сомони мегиранду зиндагии «миёнахоле» доранд- ва аммо шогирдоне доштем ки аз «камбагали» аз «нодони» гумон мекардем онхо нони худро намеёбанд. Аммо Худованд лоик дидааст ки зиндагии он «нодонхо» хазорхо маротиба аз он «профессору академикхо» хубтар аст ва хатто устодон аз он «нодонхо» ёри металабанд.
-Мурдани фарзанд вазнин аст. Аммо ин ба ман «ибрат» шуд- чун рузе ман хам мемураму бозгаштам назди Худованд аст. Чун ман ин кадар сол ёде аз Мусалмонии худ намекардам ва хатто зидди мусалмони мубориза хам мебурдам. Хатто солхои кудакиам аз падар каме ояхои Куръониву намозхони омухта будам куллан фаромуш кардаам. Аммо аз он кардахо худ садхо хазор пушаймонам.
Хамсоя сухан мегуфту оби дидааш беист равон буд. Маълум буд ки аз ин кадар солхои аз даст рафта «пушаймон» асту аз сидки дил «тавба» кардааст.
Ибрат:
Худованд дар Куръон ба муъминон мегӯяд, "Фамсуҳу фӣ манокибиҳо ва кулли мин ризқиҳ", яъне замин кушод асту шумо дар ҷустуҷӯи ризқ бошед ва Худованд ба шумо мерасонад!
ҳадиси паёмбари ислом саллалоҳу алайҳи вассалам ба ёд меояд, ки фармудааст: "танокаҳу такосару файнни...". яъне издивоҷ кунед ва бисёр шавед ва ман фахр мекунам барои умматони зиёдам.
Акнун худ казоват кунед ки чунин чавонону пирони аз Худо дур оё дар хар як махаллахои мо каманд? Нестанд оё дар хамсоягии мо, хамсинфону хамкурсони мо, ёру дустони мо? Оё чунин муаллимону духтуроне ки «хизмати хирсонае» ба дину миллат мекунанд имрузхо каманд?
Вакте Худову Расулаш(с.а.в.с) ба мо мефармоянд ки серфарзанд бошем, ъилми дунявиву дини омузем ва аз паи ободии дунёву охират бошем оё ин фармудахор «шиъор» кунем ва ё гуфтахои душманонро?
Худои Доно дар аввалин иртиботи каломии худ бо Паёмбари Гиромии Ислом(с), ба хондан амр мекунад ва худро ба сифати муаллиме меситояд, ки ба инсон он чиро намедонист омухт:
اقْرَأ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذي خَلَقَ *.(1
خَلَقَ الْإِنْسانَ مِنْ عَلَقٍ *.(2
اقْرَأْ وَ رَبُّكَ الْأَكْرَمُ .(3
* الَّذي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ عَلَّمَ الْإِنْسانَ ما لَمْ يَعْلَمْ.(4
“Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳама чизро) офарид. Инсонро аз (хуни бастаи) овезон офарид. Бихон дар ҳоле ки Парвардигорат арҷумандтар аст, (ҳамон) касе, ки бо қалам биёмӯхт, ба инсон он чиро намедонист омӯхт”
Нафароне хастанд ки бахонахое пеш меоранд ки бисьёрфарзанди окибаташ бад аст ва гайра. Аммо дар асл худи онхо дар оилахои 5-10 фарзанддор ба дунё омадаанд. Оё дар даврони СССР оилае буд ки 1-2 кудак дошт? Мумкин ки буд- аммо онхоро бо ангушт мешуд шумурдан.
Пас имруз аз он «насихатхои» душманон не -аз гуфтахои Куръону Аходиси Набави ъибрат гирем. Аз кудаки ба фарзандон табияи хуб дихем, ъилми дуняви омузем ва аммо аз тарбияву ъилми Исломи онхоро дур накунем. Ё ин ки то замони калонсоли пеши тоъату ъибодати онхоро нагирем. Чун ба ин ъибодатхо соате зиёдтар сарф намешавад ва аммо соатхои зиёде барои омухтани ъилми дуняви боки мемонад!
Хам ъилм омузему ъилм омузонем ва хам тоъату ъибодатро фаромуш накунем чун ъумри моро якеро 20-30 ва дигареро зиёду кам аст ва вакте ки МалакулМавт ки омад он вакт гайри пушаймони дигар хеч ъамале карда натвонем!
Муаллиф: Садриддин!

Мусибат сабаби «Ибрат»!! - 802356086111

Комментарии

  • 27 мая 2015 12:49
    саломат бошед бисёр суханхои нагз гуфтед (Y)
  • 27 мая 2015 13:31
    Бехтарин кисса! !!!!!Аммо ман илова бар ин гуфтаниам албатта серфарзанди хуб аст ва ин неъмати илохист, лекин баъзе падару модарон инро ба таври худ мефахманд. Маколаи "Худованд хар як кудакро бо ризкаш ато мекунад"-ро шиори худ.. мекунанд.Албатта худованд ризкдихандаву мехрубон аст аммо худи инсон бояд чуяндаи он ризк бошад. Холо хама аз сатхи пасти зиндаги меноланд аммо бобоёни мо бе свет,газ,мошин ва дигар таракиёт 10-12нафарро тарбия мекарданду танхо шукри Худоро мекарданд.
  • 27 мая 2015 15:28
    саломат боши бародар, чашми маро боз калонтар кушоди
  • 28 мая 2015 07:10
    Киссаи оливу бехамтост,бародар.Дастатон дардро набинад.Чунин киссахои пурпанду насихатро бисёртар бояд навишт,ки ба хамагон дарс шавад.