ҲУШЁР БОШЕД, ЗАНҲО!

Ё КИ
ОҚИБАТИ ДУГОНАБОЗӢ
Одатан дар менталитети шарқиёна хиёнаткории зан амали ниҳоят бад арзёбӣ мегардад ва зани хиёнатпеша аз тарафи умум мавриди лаънату нафрин ва надомат қарор мегирад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин дар ҳама давру замон хиёнаткорон чӣ дар байни занон ва чӣ миёни мардон дар ҳама қавму миллатҳо буданду ҳастанд ва хоҳанд буд.
Ҳаёти хуши дурударози бехиёнат танҳо дар афсона вуҷуд дорад, зеро дар асри 21 ҷуфтоне, ки ақаллан дар зиндагӣ боре ба ҳам хиёнат накардаанд, кам дар каманд. Мутаассифона, дар оилаҳои хушбахт дар аксари ҳолатҳо на мардон, балки занон даст ба хиёнат мезананд. Чӣ тавр метавон ба роҳи хато қадам нагузошту ба шавҳару оила содиқ монд? Ҳашт омили зерро мутолиа намоед, ҷавобест ба ин савол.
БО МОҲ ШИНӢ МОҲ ШАВӢ…
Омили аввал бисёр оддӣ аст. Ҳар яки шумо як ё ду дугона доред, вале мутаваҷҷеҳ бошед, оё дугонаи шумо воқеан ҳам, хайрхоҳи шумост? Тибқи хабарҳои равоншиносон бештари бонувони оиладор бо дахолати дугонаҳои худ даст ба хиёнат мезадаанд. Яъне таъсири сухан, рафтор ва кирдори дугонаашон дар ин самт нақш мебозидааст. Шояд беҳуда «бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ»- намегӯянд. Пас кӯшиш бояд кард, то дугонаи аз ҳар ҷиҳат хубро интихоб намоем.
ДАСТ ЗАДАН БА ХИЁНАТ
Омили дуюм дар хонадон вуҷуд надоштани фазои дилхоста мебошад, ки ин ҳолат аксар бонувонро фарогир аст. Бетаваҷҷӯҳии шавҳар, мувофиқ наомадани характерҳо ва пайдо накардани мавзӯи мувофиқ барои гуфтугӯ метавонад сабабгори хиёнаткории занон гардад. Аммо таваҷҷӯҳ! Магар зан қодир нест, ки бо тафаккуру хиради азалӣ ин фазои дилгиркунандаро тағйир диҳад?
Мудоме, ки «зан бо як даст гаҳвора, бо дигар даст дунёро таккон медиҳад», пас таккон доданаш фазои хонаводагиашро 2 х 2 нест?
ТАҚЛИДКОРӢ
Омили сеюм, тақлиди кӯркурона. Бале, маҳз ҳамин монанд шудан ба касеву чизе, мисол ба ситораи кино ё зани шиносе, ки ба ғайри шавҳар бо марди дигаре робита дораду аз ин хушбахт аст, хонумҳоро бероҳа месозад. Ба худ оед ва биандешед: Магар зани хиёнатпеша воқеан ҳам, хушбахт аст? Оё ӯро мафҳумҳое чун тарс аз шармандагӣ, аз даст додани оилаи обод ва ангуштнамо гаштан дар байни мардум ҳамеша думболагир нест? Пас чӣ гуна метавон ба чунин зан тақлид кард?
ҲОМИЛАДОРӢ
Омили чаҳорум хиёнат барои давоми насл. Яъне бархе аз бонувон аз сабаби фарзанддор нагаштан бо умеди аз марди бегона ҳомила гаштан ба хиёнат даст мезананд.
Албатта ба шаъну шарафи зани мусулмон ин тадбир арзанда нест. Аз хиёнатпешагӣ дида бо хушӣ аз шавҳар дар чунин ҳолат ҷудогӣ роҳи беҳтар аст, вале агар ин бароятон гарон бошад, пас тифлеро бо маслиҳати тарафайн ба фарзандӣ гиред. Рисолати аслии зан – модар, ба дунё овардани фарзанд не, балки тарбияти дуруст додан ба вай арзёбӣ мегардад.
РОБИТА БО МАРДИ БЕГОНА
Омили панҷум, тахаюлоти занона. Бонувон гоҳо гумон мекунанд, ки марди дигар аз шавҳари ҳалолашон дида ба онҳо бештар муҳаббат медиҳанд, аммо чунин нест. Тамоми мардон ба заноне, ки оилаи обод доранду боз бо дигар мард робита мекунанд, нафрат доранд. Ин нуқтаро хонумҳо бояд ҳатман ба инобат гиранд. Марде, ки бо зани оиладор пинҳонӣ робита дорад, дер ё зуд ин робитаро дар байни умум ошкор месозад.
Пас бонувон мебояд ҳушёр бошанд ва сари ин масъала ҷиддӣ андешанд.
ОВОЗАЮ ДАРВОЗА
Омили шашум, санҷида баромадан. Аксарияти занонро маҳз ҳамин андеша ба хиёнат тела медиҳад. Онҳо мехоҳанд то кадом андоза ба дигар мард робита кардани худрову аз ӯҳдаи ин кор баромаданашонро санҷида бароянд, вале дар натиҷа осонакак дар қатори занони хиёнаткор ҷой мегиранд. Фаромӯш набояд кард, ки тамоми кори бад ё дер ё зуд овоза мешавад, хиёнаткорӣ низ.
ҚАСОСГИРӢ
Омили ҳафтум, қасос аз шавҳар. Шавҳари шумо оимбози гузарост ва инак шумо тасмими қасос гирифтан аз ӯро дар сар доред. Чӣ гуна қасос? Ба ӯ шумо низ хиёнавт мекунед? Ба худ оеду бо ақли солим сари тасмими гирифтаатон нағзакак биандешед: Оё месазад, ки барои кори аблаҳонаи шавҳар, шумо низ аблаҳӣ ихтиёр кунед.
Фаромӯш насозед. «Ҳарки кунад ба худ кунад, хоҳ нек кунад, хоҳ бад»- мегӯянд.
МУШКИЛОТИ АСОСӢ
Омили ҳаштум, ҷустани рафиқи алоқаи ҷинсӣ. Зани шавҳардор баъзан аз шавҳари худ дар алоқаи ҷинсӣ лаззат наёфта, инро аз дигар мардон ҷустуҷӯ мекунад.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд ин гуна занон, яъне онҳое, ки аз шавҳарони худ дар алоқаҳои маҳрамона осоиш намеёбанд, ба равоншиносон ва шаҳватшиносон муроҷиат намоянд, на ба мардони ғайр.
Мушкилоти ҳаёти маҳрамона яке аз мушкилотҳои аввалини ҳаёти заношавҳарӣ буда, 80% хиёнатҳои зан ва мард дар оила аз пушти ин мушкилот сар мезанад.
Дар сурати ҷой доштани ин ҳолат зану шавҳар баҳри ободию осудагии оила бояд якҷоя хулосабарорӣ намоянд.
Рӯй овардан ба хиёнат бошад, роҳи наҷот аз ин мушкилот нест.
Бурдбору сабур бошед, занҳои азиз!

Комментарии