Хонадоркунии ду чуфти СПИД!!

- Акои Лоик фарзанди калонии худ Дониёрро хонадор мекунад. Амак ба туй мехмонон кам даъват шудаанд. Худатон мефахмед ку! Охир Дониёр мубталои касалии СПИД асту акои Лоик намехохад аз бемории у касе огох шавад. -гуфта Рахимчон домлои махалларо ки хамчунин хеши наздики оилаашон буд ба туй даъват кард.
- Рахимчон исто ки арус кист? О ки ба у духтар дода фарзандашро «ба об партофтааст»? – пурсид домулло.
- Амакчон хавотир нашавед. Дониёрро бурда ба кайди маркази СПИД монда будем. Аз хамон чо занг зада хохиш кардаанд ки омада 1-2 духтари мубталои СПИД-ро аз руи сурогаашон рафта бинем. Хомила шудан катъиян манъ будааст ба онхо. Як духтари мубталои СПИД-ро дидем ки Дониёр маъкул кард ва инак онхоро рузи шанбе хонадор мекунем.- чавоб дод Рахимчон.
Бовар кунед бори аввал мебинем ки падари домод хурсанди неву дар гам чунон гутидааст ки худро аз мехмонон дур мегирифт ва бо бахонае кучое мерафт ва ё хонае даромада дигар намебаромад. Акои Лоик инчунин келин фарориро умед надошт ва дар сар бисьёр орзухои зиёде дошт дар хаки фарзандаш.
У пушаймон буд ки чаро сари вакт пеши рохи он качрафториву, амалхои писарашро нагирифту ба у тарбияи хуб надод. У аз кардахои худаш хам сахт пушаймон буд- аммо «худкардаро даво нест»!.
Ба ёдаш он рузхои, чавониаш ки худ нав оила барпо карда буд омад:
Амаки Лоик фарзанди калонии оилаи волидайни худ буд. Гайри у боз ду бародару ду хохари дигар хам дошт ки пас аз марги волидайн дар зери тарбияи у монданд. Ана хамон замонхо у ба тичорат машгул шуду тамоми фикру андешааш дар хуб кардани зиндагиву хонадоркунии бародарону хохарон буд.
Дар як мудати муайян ба у муяссар шуд ки якчанд магозахои хуб созад, маблаги хубе чам кунад ва ба тичорати калоне ки ба хорича вобаста буд даст занад. У акнун барои худ китъаи замини наздихавлиги гирифта машгули сохтани хонаи хуб хам шуд. Пас аз адои сохтмон у зану ду фарзандашро гирифта аз бародарону хохарон чудо шуд.
Сарпарастии додару хохаронро ба додари калониаш ки уро оиладор карда буд вогузошта шуд. Албатта акои Лоик каму беш ба онхо ёрдам мекард ва охиста охиста ду хохари дигарашро низ ба шавхар доданд. Бе зан танхо Умедчон монда буд ки дар федерацияи Россия машгули савдо дар яке аз бозорхои калони Маскав буд. Аммо дар асл у дар он чо бо духтаре оила барпо карда буд.
Аз рузхои аввали кучидан ба хонаи нав акои Лоик бо дустонаш хонаи навро «мешуем» гуфта ду-се руз машгули «айшу ишрат» буданд ва дар ин рузхо якчанд кутти араку коньякро озодона нушиданд. Ана аз хамон руз он «бизнесменхо» маслихат карданд ки аз ин пас хар ахири мох ё хафтахо як нафарашон ба навбат чунин «ташкили» карда дустонро даъват мекунад.
Дигар акои Лоик охиста охиста дигар шуд. У дигар кариб ки аз бародарону хохарон хабар намегирифт. Хатто бародари худ Эмомчонро бо таваллуди писар табрик кардан вакт наёфт ки равад. Бахона пеш меовард ки вакт надораму корам бисьёр.
Аммо кисми зиёди вакт у акнун ба истеъмоли машруботи спирти машгул буд. Магозахои худро аренда дода аз маблаги чамь карда кисмеро ба зиндаги ва кисмеро ба кайфу сафояш сарф мекард.
«Ташкилихо»-и дустонаи онхо акнун хар хафта як маротиба мешуд ва навбати у низ дар 30-40 руз як бор меомад. Рузхое ки дустон чамъ мешуданд акои Лоик гусфандеро кушта мехмондории хубе ташкил мекард. Вакте ки арак тамом мешуд акнун барои овардани кутии нави машрубот фарзанди 9-10 солаи худ Дониёрро равон мекард.
«Чурахо»-и у баъзан хангоми кашидани сигор ба Дониёри хурдсол низ дарси «хуби» сигоркаши медоданд ва хатто якчанд маротиба ба у машруботи спирти низ мачбуран менушониданд. Вакте ки сари у чарх мезад калонсолон аз ханда суст мешуданд.
Он лахзахо акои Лоик низ бепарвоёна механдид. Инак Дониёр 14 сол дошт ва у акнун хам сигор мекашид ва хам арак мехурд. Дар вакти набудани падар у автомошинаи уро гирифта бо чурахояш гирди шахр чарх мезаданд.
Чунин «чурахо»-и Дониёр руз ба руз зиёд мешуданд ва онхо акнун якчоя арак мехурданд ва руирост сигор мекашиданд. Писарамаки Дониёр Хасанчон ки инак 11 сол дошт мехост аз амалхои вай ба амакаш хабар тияд то сари вакт пеши рохи уро гиранд. Аммо афсус ки хама вакт амаки Лоик «сархуш» буд ва вакти гушкунии чиянашро надошт.
Акои Эмомчон ки сохиби ду писар шуда буд зиндагии хуб дошт. Харчанд у хамон микдоре музд мегирифт ки ба зиндаги мерасид аммо бо зану фарзандонаш хушхолона зиндаги мекарданд. Зану фарзандонаш дар замини наздихавлиги сабзавот карда ба бозор мебароварданд ва каме хам бошад зиндагии худро, манзили худро обод мекарданд.
Писари калониаш Хасанчон дар тамоми корхои хона ба модар дастёр буд. Аз сабаби он ки онхо хохар надоштанд косаву табак мешуст, хавли меруфт ва баъзан либос хам мешуст. У назди амаки падараш ки домлои махала буд дарси Куръон мегирифт ва намозхояшро сари вакт мехонд.
Дониёр хар вакте ки писарамакашро дар ягон чое медид чи дар бозор вакти фуруши сабзавот, чи дар махала вакти кори замин, чи вакти ёрдамдихи ба модар уро тахкиромез «занакча» мегуфт. Гуиё корхои мекардагии Хасан ба у «нанг» бошад ва амалхои худи у «обу ру».
У ба чурахояш Хасанро нишон дода масхараомез мегуфт ки:
-ина бинед феъли «занаки» дорад. Обрумона паст мезанад. Кадомеатон уро капед «шатакаш» кунедаш.
Аммо Хасанчон дигар кудаки бетавон набуд. У худ «обутоб» ёфта шуда буд ва хатто зураш ба аз худ калонтархо хам мерасид. Аммо тарбияи хуб ки дошт он зуру тавоноии худро дар хама чо «реклама» намекард.
Инак солхо мегузаштанд ва Дониёрро баъди адои мактаби миёна бо пулу мол ба донишгох дохил карданд. Лек дар дарсхо уро ёфтан амри мухол буд. У хама имтихонхояшро бо пул мегирифт. Волидайн писарамон «азоб» накашад гуфта ба у «права» ва мошини хуб хам харида доданд.
Дигар у бо чурахои нав ба наваш кисми зиёди вакти худро ё дар дискотекаву казино ва ё вакти тобистони дар Варзобу Ромит бо «кайфу сафо» мегузаронд. Охиста охиста дустон майл ба бангкаши ва хатто «чашидани» кайфияти героинро низ сар карданд.
Акнун Дониёр аз волидайн пули зиёд талаб мекард ва мегуфт ки устодон талаб мекунанд. Агар набарам мана «исключить» мекунанд. Дар асл он маблагро у ба харида маводи мухадир сарф мекард. Рузе яке аз дустон ба Дониёр пешниходе кард ки:
-Як хешам ба фуруши героину чакида машгул аст. Биё туро шинос кунам. 1-2 килло гирифта Россия меравем омада сохиби пул мешавем.
Дониёр хамин тавр хам кард. У мошинашро «залог» дода 2 кило героинро гирифту бо поед ба Маскав рафт. Ончо у амакаш Умедро ёфта дар хонаи у муддате мехмон шуда «борашро» фурухта ба ватан баргашт. Бурда маблаги пардохти героинро доду суми зиёдеро худ сохиб шуд.
Вай ба бозор рафта барои волидайн тухфахои зиёде харид ва хатто як кисми хонаашонро таъмир мекардаги шуд. Гайр аз ин акнун у барои «айшу ишрати» падару дустони у тамоми чизхои лозимаро эхё мекардаги шуд. У боре ба падар гуфт:
- Падарчон дигар чизе лозим шавад мана гуед. Худатон дигар худтона азоб натиен барои харидкуни. Ман акнун кори хуб ёфтааму маблаги калон хам меёвам. Шумо бехтараш дар Варзоб ё Ромит ягон « дача» ёбед мехарему ончо «кайф»-атона кунед ки хамсояву хешу табор гам натиян шумора.
Акои Лоик чунон хурсанд шуд ки дигар дар куртааш намегунчид. Вай хатто аз писар напурсид ки чи кор ёфтааст, дар кучо ёфтааст, чи маблаг маош мегирад. У хурсанд аз он буд ки пеши дустонаш бо дастархони холи дигар шарманда намешавад.
Модари Дониёр низ аз писар «рози» буд. У тухфахои ранго ба ранги писарро мегирифту аз чунин писар фахр мекард. Дар назди хамсояхову хешу табор факат писарашро таъриф мекард. У тиллохои харидаи писарашро ба онхо нишон дода гуиё онхоро «месузонд».
Дониёр инак ба Россия рафтанаш паи хам шуд. У баъзан маблаги калоне ба даст меовард. Либосхои хуб, мошини бехтарин харида худнамои мекард. Ба донишгох на барои дарс балки барои худнамои ва ё «арускоби» мерафт.
Аммо писарамакаш Хасанчон ки у низ ба донишгох дохил шуда буд дар хакикат «шоистаи» таърифу тавсифи устодон шуда буд. У ба хама кор вакт меёфт:
Хам донишгох мерафт, хам дар корхои хона ёрдам медод ва хам дарси Курьон гирифта намозхояшро адо мекард. Агар рузе пул наёбад аз донишгох пиёда то ба хона меомад ва аз хеч чиз шикоят намекард.
Баъзан уро Дониёр бо чурахояш пиёда дида масхара мекарданд аммо гуиё «нанг» карда уро ба мошинашон савор намекарданд. Хасанчон ба хамаи ин токат мекарду харакат мекард асабони нашавад.
Афсус ки он замон Дониёр як «наркомани» аз дунё дур, аз нангу номус дур, аз одаму одамгари дур шуда буд. Акнун у аз тамоми намуди маводи мухаддир истифода мебурд ва хатто бо сузандору худро «укол» мекард. Дигар у ба хама корхо кодир буд ва аз чизе наметарсид.
Як руз дусти наздики акои Лоик акои Солех ки такси меронд дар куча уро дошту хабардор кард ки:
- Дониёр хар як ду шаб пас ба «стоянка» омада мошини худаша монда ба мошини ман савор мешавад бо ду се духтару бачахои «ифлос» ва ман онхоро ё казино ва ё дискотека мебарам. Тамоми шаб он чо онхо истирохат карда кариби сахар чунон бадмаст мебароянд ва ман гашта онхоро то як хонаи ичора мебарам.
- Хамсоя шумо як камтар аз фарзандатон эхтиёт кунед. Охир он кадар пула у аз кучо меёбад? Хар шаб дар хона несту аз вай оё пурсон мешавед? Ёру чурахояш боз вая вайрон накунанд?
Аммо барьакси холл акои Солех аз хамсоя хашмгин шуда «коратро кун» гуён аз у дур шуд. Вакте ки як ду бор «одамон»-и Дониёрро бо маводи мухадир дар даромади Россия капида зиндони кардан у дигар маблаги калон намеёфт то «бор»-и нав гирад ва барои савдо худ барад.
Фурушандахои маводи мухаддир аз у ягон чиз «залог» мепурсиданд пешаки. У мачбур шуд ки аввал мошину тилловории худ ва сипас мошини падарашро бурда ба героин иваз кунад. Хамин тавр бо пулхои ёфтааш хамон зиндагии «вахшиёнаи» худро давом медод.
Падару модар ки акнун медиданд ки писарашон ба онхо пул намедихад, ба хона чизе намеорад каме хавотир шуданд. Аммо писар онхоро дилпур кард ки як каме токат кунанд пули калоне бояд аз Россия ба у равон кунанд.
У дар фикри он буд ки чи тавр барои кайфу сафояш пулу героин ёбад. Рузе аз набудани волидайн дар хона истифода бурда у хучатхои хонаашон, шиносномахои падару модар ва якчанд тилловориро гирифта бурда «залог» дода хам пул ва хам героин гирифт. Он микдор героину пул ба у муддати дарозе кифоя мекард.
Хатто у ба хона гизоиву барои падар пули як ду моха «зиёфатхояшро» дод. Падару модари бехабар боз хам хурсанд буданд ки писарашона «кораш кушода» шуду дигар у пулдору молдор мемонад. Аммо онон фикр хам намекарданд ки аз кучо писарашон пул ёфт, ба чи кор банд аст. Дониёр бошад хонае ичора гирифта буду бо чурахову «арусхояш» якчанд муддат кайфу сафо мекард ва парвои зиндагиро надошт.
У фаромуш карда буд ки хонаашонро ба «залог» шаш моха мондаасту инак он рузхо наздик аст. Як сахари барвакт акои Лоикро сахт куфтани дари хона бедор кард. Вай дарвозаро кушодан баробар ба хона 3-4 марди ношинос зада даромаданд. Онхо Дониёрро мепурсиданд.
- Ака и бачат кучодаай? Пули мора кай мета? О «срок»-уш омадаю у худша нобут кардай. Ба вай гуен ки то ахири хафтара «срок» агар сума наёра хонаву магозахора холи кунен! Ту хам мусафед бин ки агар наёви бачата бехонаву дар мемони!!- гуфта онхо тахдидкунон баромада рафтанд.
Хамон замон «хуш ба сар»-и акои Лоик зад. Вай даррав пеши чураи наздики Дониёр Чамшед рафт аммо вай хам хонаашон набуд. Бародари Чамшед гуфт ки:
- Ако ман ростиш медонам ки Дониёр дар микрорайони хамсоя хонаеро ичора гирифтагияй. Биё хамрох равем. Мумкин ки ончо бошанд.
Дар хакикат «чурахо» он хона буданд. Дари хонаро духтари нимбарахнае кушоду инхо даромада бинанд Дониёр бо чурахояш аз таъсири мухадир бехушу ёд хобанд. Барои ба худ овардани онхо кариб нисфи руз даркор шуд. Акои Лоик писарашро бо худ ба хона оварду назди модараш пурсон шуд:
- Писарам ту чи кор карди? Оё он одамон рост мегуянд? Ту чи маблаг карздори? Ба чи кор сарф карди он пулхоро?
Аммо Дониёр ба он саволхо чавоб намегуфт. Аниктараш забонаш кок шуда буд, аклаш бегона шуда буд ва фикраш танхо дар он буд ки як «доза» бошад то тезтар худро бо сузан гузаронад.
- Писарам наход ки хамин рост бошад? Ман бовар намекунад охир.- пурсид модараш.
Акои Лоик духтарашро равон кард то рафта амакашро чег зада биёяд. Акнун амаки Эмом ба у лозим шуда буд. Рузхое ки онхо «бой» буданд назараш онхоро намегирифт. Амаки Эмом бо писараш Хасанчон даррав расида омаданд.
Онхо аз сабаби таъчил фарёд карданашон пурсиланд ва акои Лоик хамаро яко як накл карда дод:
- Чи кор кунем додар? О ин намегуяд ки чи маблаг карз гирифтааст. Гуяд 1-2 магозаамро мефурушаму пули онхоро метиям. Айби мо хам хаст ки пеши рохаша нагирифтем. Модараш 2-3 бор бехуш мешавад ва аз болои сараш хешону духтараш дур намераванд.
- Ака онхо кай бояд биёянд? Оё аз маблаги гирифтаги забонхат доранд? – пурсид аз акоаш Эмом.
- Ваъдаашон то ахири хафтаву аммо аз забонхату маблаг Дониёрро пурсед.- чавоб дод акои Лоик.
- Ээээ чи инкадар ба ман часпиден?- ба гап даромад Диниёр. - Чи ман он кадар пула тока хурдам? Шумо боре пурсиден ки ман ба чи кор бандам? Пула гирифтам, кати шумо кайфу сафо кардам. Камтар токат кунан пул мешад метиямшона. Чи икадар вохима мекунен? Меёбам ман пул то тиямшона. –гуфт Дониёр бо газаб.
Хамин тавр рузи ваъдагии он одамон хам омад. Аммо Дониёр бо ваъдахои «пуч» дили волидайну амакашро пур карда хамон замон ба назди чурахояш гурехта рафта буд. Онхо акнун хонаи ичораашонро иваз карда маблагу героини мондагиро истеъмол мекарданд.
- Хоб ака! Кани и бачаи гурезитон? Кани пул? – пурсон шуд яке аз мардхои омада.
- Дониёр чи маблаг карздор додар? Ман ягон магозаамро фурушаму пулатона тиям!- ба савол савол дод акои Лоик.
- Эээ ака ту холиям хови? Бачатон ай сад хазор доллар зиёд карздорай. У магозаву хонат хаммаш мумкин хаму маблаг шавад. Аммо хуччатхои хам хонаву хам магозахо дар дасти мо. Забонхат хам дорем. Шиносномахои хаммаатон хам дар дасти мо. Дошта боши пул бидех вагарна 3 руз мухлат то хонара холи кунену магозахоро ба номи мо гузаронен. –дагалона гуфт яке.
Хуш аз сари акои Лоик парид. Хуччатхои мо дар сейф буд ку. Кай Дониёр вакт ёфт ки бурда онро тияд. Вай давида хона даромада сейфро кушода дид ки дар хакикат нест ягон хуччат. Дигар у хам дар чояш шах шуда монд. Наход ки хамин рост бошад а!??
Бо гузашти се рузи ваъдаги аз Дониёр на номе буд на нишоне. У на парвои волидайн дошт на парвои он ки хонаву магозахо аз даст меравад. Амаки Эмом бо писараш Хасанчон тамоми чойхое ки у мегашт чи казинову чи дискотека ва чи ичорахонахоро кобанд хам уро пайдо карда натавонистанд.
Ноилоч интизори омадани «сохибкарзхо» дар гаму андух рузхоро паси сар карданд. Он рузи «сиёх» хам омад ва ин дафъа он мардхо чахор нафар неву кариб дах нафар шуда омаданд ва вакте фахмиданд ки пул пайдо нашудааст хамрох бо Лоик амак ва додару чиянаш бору бунаи онхоро ба мошине бор карда дода онхоро гусел карданд.
Оби дида дар чашмон амаки Лоику зану духтарашон ва писари хурдсоли дигарашон боз ба хамон хонаи падари ки дар он Эмом ака зиндаги мекард баргаштанд. Зану фарзандони додар онхоро хуб кабул карда харакат мекарданд то фикр накунанд ва ёди он рузхои гузаштаро накунанд.
Дар он якчанд сол Хасанчон донишгохро хатм карда кори хубе дар шахр мекард. Чун у хонадор шуда сохиби фарзанд хам шуда буд аз тарафи хукумат ба у замини наздихавлиги барои сохтмони хона доданд. Амаки Лоик ки худро дар он хона чун бегона медонист илтимоси зиёде карда он заминро ба худ гирифта як хонаи ниму нимколае сохту ба ончо кучид.
У ки дар дасти «чурахои» нонхураш якеашда духазор доллар ва дигаре якчанд сад доллар дошт онхоро бо чангу чанчол чамъ карду он хонаи нави худро каме обод кард. Дустонаш дигар аз у ёд намекарданд. Акнун духтари онхо ба сини 18 расида буд ва чун у сохибчамолу боаклу фаросат ки буд ба у хостгорхои зиёде меомад.
Амаки Лоик аз бародараш маслихат пурсида розигии худро ба яке аз он хостгорхо дода аз онхо хохиш кард ки то муддате токат кунанд то онхо ба туй тайёрии хуб бинанд. Пас худ ба Россия пеши додари хурдиашон Умедчон барои коркуни рафт.
Харчанд додараш ба у ваъда дод ки ман худам маблаги туйро медихаму ака шумо баргардед аммо Лоик ака барнагашт ва худро ба кор машгул кард то он шикасту рехти зиндагиро фаромуш кунад. Он маблаге ки у равон мекард кисмеро барои зиндаги ва кисмеро барои хариди ашёи туй занаш сарф мекард.
Лоик ако ин чову занаш дар Точикистон тайёри ба туи духтари худ буданд ки ходисае ба вукуъ пайваст: Рузе як мошине назди хона истоду аз дарунаш мардера назди дарвоза партофта рафтанд. Баромада бинанд Дониёри сару руй пури хун бо либосхои даррида.
Модар писарашро дар он ахвол дидан замон дилаш реш реш шуд. Бо ёрии хамсояхо уро хона дароварда духтур чег заданд. Харчанд уро табоат хам мекарданд аммо у шикоят аз дардхои зиёд мекард ва илтимос мекард то фалон чурааш Ятимро рафта чег зананд то у «доруи» хубе медонад биёрад.
Он дору хамон героин буд ва пас аз бо сузандору гузарондан ахволи Дониёр хубтар шуд. Модари сода бехабар барои он доруи киммат аз пулхои барои туй чам карда бароварда медод. Аз холи Дониёр падарашро хам телефони бохабар карданд.
Харчанд Лоик ако ба хашму газаб омада бошад хам худро ба даст гирифту чизе нагуфт. Аммо у дарунаки месухт, фикру хаёлхои хархела азобаш медод. Хамин тавр у ба беморие мубтало шуду додараш уро ба ватан равон кард.
Дар хонааш ба у накл карданд ки якчанд муддат аст ки аз хона ашёхои хона гум мешаванд, пул гум мешавад. Лоик ако дигар медонист ки хамаи ин кори писараш аст. Рузе у Дониёрро хангоми сузандору гузаронданаш каппид ва аз кахр лату куб карда бурда дар хонаи дарун дасту пояшро баст.
Сипас вай додарашро занг зада ба хона даъват кард ва аз у маслихат пурсид ки бо ин «хайвон» чи кунам. Додараш маслихат дод ки биё бехтараш Дониёрро ба маркази муоличаи наркомания супорем. Он чо у муолича мегираду сипас хонадораш кунем. Маслихати бародарон пухту аммо модари Дониёр рози нашуд. Вай ки писарашро «эрка» калон карда буд намехост ки он чо бурда уро азоб диханд.
- Дониёр ба ман касами зиёд хурд ки дигар бас мекунад он корашро. Ба кор медарояд ва одами хуб мешавад. Ман дасту пояшро кушодаму рафта бинед ба ваъдааш истодааст. – гуфт модар.
Падару амак рафта бинан Дониёр сари дастархон нишаста чой мехураду аз дидааш ашк чори аст. У хамон касамхояшро такрор ба такрор хурда ваъда дод ки «одам» мешавад ва ба у бовар карданд. Аз байн якчанд руз гузашту як холаи Дониёр модару хохарашро омада ба маъракаи фотехаи писараш бурд.
Дар хона Дониёр танхо монд, чунки падараш дар як корхона ба кор даромада буд. Дониёр каме нишасту аз чой хеста ба кофтукови хона даромад. У хама чи ки каме киммат дошт як тараф чамъ мекарду боз дигар хонаву сандукхоро мекофт то маблаги чамкардаи волидайнро ки барои туи хохараш монда буданд ёфту бо он тилловориву баъзе матоъхо ба халтае бор карду аз хона баромад.
Ана хамон замон дили модар ба таппиш даромад. Уро хаячоне фаро гирифт. Фахмид ки дар хона ягон ходисае шуд ва ё Дониёр чи амали нангине анчом дод. У дигар нишаста натавонисту бо духтараш бахшиш пурсида дар муддати кутохе ба хонааш омада расид. Омаду аз омадааш пушаймон шуд:
дархои хонахо ба пушт кушода, сандуку чевонхо яке шикаставу дигаре кушода. Он маблагу тилловориву, матоъхое ки барои туй чамъ карда буданд гуиё сел шуста бурда. Дили модар аз кор баромад. У аз хуш рафта муддати хафтае бехушу ёд хобиб.
Аммо дар асл вай пушаймони мекашид дар хаёлхояш. Пушаймон буд аз чунин тарбияи фарзанд, аз эрка карданаш, аз бепарво буданашон, аз бовар карданаш ба он «вахши». У худу шавхарашро сарзаниш мекард ки чаро сари вакт бедор нашуданд?
Чаро фарзандро аз Диндориву Худотарси бохабар накарданд? Чаро худашон уро аракхуру бетамиз карданд, пулбадаст карданд, бешарму хаё карданд. У дарк кард ки тахкурсии хайвон гаштани писарро худ ва шавхар рехтаанд.
Лоик ако низ дар гам гутида буд аммо акнун у бояд аз паи муоличаи занаш мешуд. Болои он домодшавандааш ки дар хорича буд омада волидонашро барои хар чи зудтар гузаронидани туй мачбур карда буд то занашро бо худ бубарад. Кудоандаи нав ки бисьёр одами хуб буд омада бисьёр хохиш кард ки як туи майдаяке кунему фарзандхоямонро харчи зудтар обод кунем.
Туй хам шуд. Духтар баъди муддате хамрохи шавхараш барои «дуъогири» омаданд ва мехостанд хамрох ба хорич раванд чунки домод ончо хам кор мекард ва хам мехонд. Пас аз рафтани онхо падару модарро андухи зиёд фаро гирифт.
Болои «сухта намакоб» Дониёрро болои дуздие капида ба хафт сол равонаи махбас карданд. Рузе аз махбас як нафар озод шуда ба хонаи Лоик ака аз Дониёр хабар овард:
- Ака бачатона ба наздики чавоб метиян барои он ки вай бемори бетабобат аст. Аз руи амнистия он касоне ки чунин бемори доранд барвакт чавоб медиханд. Чунки СПИД бемории ганда аст ва чунин бемор умри кам мебинад.
Лоик ако ва занашро хуш аз сарашон парид. Чи касал? СПИД? Ё дуруг бошад? Наход СПИД? Аммо нафари омада рост мегуфт. Дар замони сузандору гузарони ва ё хобу хези чун хайвони бо духтарони фохиша Дониёр ба он касал гирифтор шуда буд. Танхо дар махбас вакти гузаронидани ташхис маълум шуд ки вай мубталои СПИД аст ва мебояд вайро озод кунанд.
Бемории модар авч гирифт. Дигар вай холлу мадори рох гаштан надошт. Болои сараш хешу табор чамъ омада буданд. Рузе як чураи Дониёр телефони хамрохашро(мобили) оварда гуфт ки Дониёр мехохад бо падару модар гап занад ва бахшиш пурсад.
Харчанд модар худро ба писар «кахри» гуфта буд аммо силаи мехраш уро водор кард то гуширо гирифта бо писараш якчанд дакика сухан гуяд. Аз он тараф Дониёр тавбаву надомат мекард ва хабар дод ки як ду руз пас озод шуда меояду дар «хизмати» волидайн мемонад. Аммо у бехабар ки «ачал» ба касе амон намедихад ва рузе чанд аз умри модар мондааст. Хамин тавр модар бо гаму андух вафот кард.
Лоик –ака занашро ба хок супурду кунчи хонаро гирифт. Танхо баъди марги занаш вай ёде аз Худо кард. Танхо он вакт ба ёд овард ки у мусалмон аст! Ба ёд овард ки аз дину оин чизе намедонад, намозе нахондааст, рузае нагирифтааст ва тавбае накардааст. Акнун у масчидравиро ба худ одат кард.
Китоб мехонд, намозхои нофила мехонд ва хатто нисфи шабхо хеста бо Худои худ муночот мекард ва тавба мекард. Дониёр хам аз зиндон озод шуда ба хона баргашт. Вакте фахмид ки дигар модараш зинда нест доду фигоне бардошта сару му меканд ва хакикатан хам пушаймони мекард.
У бо падар нони худоии модарро гирифтанду пеши хама хушу табор тавба кард. Акнун Дониёр ба корхои хона даст мезад, хезум тайёр мекард, дехкони мекард ва хатто тайёр буд ба корхонае кор дарояд. У аз падар хохиш кард то уро зан тияд.
Аммо ки ба у духтар медихад? Ки рози мешавад то ба беморе ки як ё ду соли умраш мондааст хонадор шуда «хаёти худро сухонад»? Одамони солим харгиз ба он рози намешаванд.
Дониёрро як руз барои ба кайд гузонштан ба маркази СПИД бурданд. Вакте уро ба кайд гузоштанд як духтур Лоик акоро чег зада ба у гуфт ки дар мо дар кайд хам писарону хам духтарони зиёде хастанд. Барои барпо кардани оила ба онхо ичозат хаст танхо СПИД ба СПИД!
-Яъне писари шумо метавонад духтароне ки дар кайди марказанд дида ба худ чуфт чудо кунад ва он 1-2 соле ки умраш бокист бо хам зиндаги кунанд!
Туйи «навчавонон» пинхони дар миёни танхо хешу дустони наздик бо маъракаи хурде гузаронида шуд. Лоик ако намедонист ки хурсанди кунад ва ё аз шарм даст ба худкуши занад. Танхо ёди Худо ва умеде ба дари Рахмати Худо ки беканор аст уро аз он амали нангин манъ кард.
P. S: Ин оилаи чуфти СПИД дер давом накард. Нух мох гузашту аввал духтар шушхояш аз кор баромада мурд. Тамоми ин муддат Дониёрро дарди чигару шуш азоб медод. Уро дард болои дард буд.
На об хурда метавонист ва на хурок. Бо чунин азобу машаккат у низ вафот кард.
)))))))))))))))))))))))))))))))
Ъибрат:
Ин кисса хакикат дорад ва дар солхои навадуми асри гузашта шуда гузаштааст.
Зиндагии Дониёр худ дарсест барои чомеъаи мо! Кам нестанд нафароне ки ё бо сузандоруи наркоманхо, ё хангоми алокаи чинси бо СПИД-хо ба чунин бемори гирифтор мешаванд. Аммо тарбияи Дониер ва чун у «эркахо» хакикатан хам волидайни онхоро ба пушаймони мебарад.
Он «эркахо» амалхоеро мекунанд ки обуруи волидайнашонро ду пул мекунанд. Хабархое кам нестанд ки хамаруза мешунавем амсоли:
- «Писари фалони дар холати масти 3-4 нафарро бо мошин зада кушт», «Писари фалони наркоман шуда ба СПИД мубтало шуд», «Духтари фалон и бо сабаби он ки ба вай ичозаи шабгарди надоданд даст ба худкуши зад», «духтари фалони «харроми» зоид», «Писари фалони тамоми пули волидайнро дуздида ба хорича рафт» ва дигару дигар.
Инчунин хабархо хар хафта нав ба нав пайдо мешаванд. Пас гунахкори асоси кист? Чи сабаб мешавад ки фарзандон амалхои нангин мекунанд ва ё ба зиндагии чун хайвони ру меоранд? Чомеъа гунахкор, устодон ва ё волидайн? Гунахкори аввал волидайнанд!
Онхо худ тарбияи хуб намедиханд ба фарзандон. Онхо худ аз хурдсоли фарзандонро пул ба даст мекунанд! Онхо баъзан хатто фарзандони кучаки худро аввалин шуда нушокихои спирти медиханд, сигоркаш мекунанд.
Замоне, ки аввал сигор кашиди-рузе у бангдона хам мекашад! Гар пешашро нагири окибат наркоман хохад шуд. Хама ъамалхои баду нангини наркоману чинояткорхо аз гунохони майда чун носу сигор пайдо шуда окибат ба мухаддир табдил меёбад.
Аммо волидайн худ фарзандонашонро аз дин дур мегиранд ва фикр мекунанд ки Дин онхоро аз ъилм дур мекунад! Аммо бехабар аз онанд ки хамин дин буд ки Олимони Забардасту Номзиндаи мо хазор сола то ба хол фаромуш нашудаанд! Аз аракхури ва ё кашидани сигору носи фарзанд парво надоранд- аммо аз намозхонии у хавотиранд.
Волидайн ба гапи атеистону душманони Ислом гуш дода фарзандонро аз Ислом дур мекунанд ва зиёдтар таклид ба он мардуме мекунанд ки на шарму хаё доранд на дину оин! Харчанд он мардуми Гарб ки конунхои кавми Луту, зиндагии вахшиёнаро интихоб кардаанд аммо бо баъзе волидони «замонави» дар Точикистон маъкуланд.
Мардуми банангу номусе ки дар Аврупову Амрико мондааст аз он хама шармандагиву ифлосихо «безор» шуда руй ба Ислом овардаанд ва бовари доранд ки Ислом ягона кувваест ки зидди он хама бешармиву ифлосихо мубориза мебарад ва муваффак хам хаст.
Устодон хам гунахкори дигареанд. Имруза устодон худ аз дасти шогирдон носу сигор мекашавнд. Дар вактхои холи шогирдонро барои хариди араку сигор равон мекунанд. Устодон худ хакорату дашномхоеро ба забон мегиранд ки гуиё онхо хамон одамони давраи сангин хастанд.
Шогирд чи омузад аз онхо? Хатто бубинед ки баъзе устодоне пайдо шудаанд ки бо талабагони мактаб ишкварзи мекунанд. Чи омузем аз онхо?
Чомеъа низ гунахкор аст! Хамсояву хешу ёру дустон бояд ки аз кори баде агар огох шаванд ба волидайн расонанд ва сари вакт пеши рохи он бадиро гиранд. Мардуми гирду атроф мисолхоеро аз фарзандони хуб чун писарамаки Дониёр Хасанчон ба кудакону навчавонон пешкаш кунанд то онон тарбия гиранд на ин ки масхара кунанд.
Агар мардуми атроф аз шарму хаё дур шаванд, аз Имону Ислом дур шаванд таъсираш ба фарзандони мову шумо низ мерасад. Пас пешгири(профила
ктика) кунем то чомеъа аз фиску фасод пок бошад то ояндаи давлату миллат хуб шавад!
Кудакону наврасонро омузанд то намоз хонанд, руза гиранд, аз харому халол бохабар шаванд. Хадисхои хубу тарбиявиеро ба онон хонанд то донанд ки мусалмонхои пеш чи тарбия доштанд.
Аммо афсус ки имрузхо чи дар мактабхо, чи ба воситаи ТЕЛЕВИЗИОН ва чи аз тарафи баъзе волидайн ташфикоти он зиндагии «вахшийонаи» Аврупову Амрикоро пахн карда зидди таърихи 1400 солаи Ислом, зидди тарбияи хуби Исломи, зидди илме ки Мусалмононро Олимони замон карда буд ташфикот мебаранд.
Дар Телевизионхо имрузхо хама фимльмхои фахшу бешарми ва ё зуриовариву чангхои компьютери зиёд пешкаш мекунанду аммо аз таърихи ислом, тарбияи Исломи, олимони Исломи, Номбардорони Исломи чизе дидан гайриимкон аст.
Хатто дар ТВ Бахористон ки гуиё барои кудакон аст якчанд сериалхое барои калонсолон гузошта мешавад ки танхо ва танхо пахни фахшу шармандагиро дар назар доранд! Нест афсонахои хуби тахърихи, нест фильмхои тарбиявие чун турки, нест мультикхои тарбиявии диниву таърихи.
Нест нафаре ки гуяд:
-Эййй мардум! О афсонахои тарбияви хаст ку зиёд, дини хаст ку, таърихи ниёгон хаст ку, турки хаст ку, кудакона хаст ку? Чаро онро ба тамошои кудакон намегузоред!
Аммо афсус ки ин ба гуши касе аз ТВ-хо намерасад !! Чомеъаи моро имруз бояд аз зиндагии Дониёр ва амсоли у будахо дарси ибрат гиранд то фардо дер нашавад!!
Дар асл ягона куввае ки метавонад пеши рохи ин хама ифлосиву бешармиву хайвониро гирад ин дини мубини Ислом аст! Хатто бубинед ки имрузхо хазорхо Аврупоиву Амрикои аз он зиндагии «Вахшиёна» руй гардонда ба Ислом руй меоранд ва эълон мекунанд ки танхо имондори метавонад аз он «гомосексуализм», «Наркомания» , «Алькоголизм», «Проституция» ва дигару дигар пешгири кунад!
Онхо ки худ аз сар гузаронида буданд имрузхо дини моро сархати зиндагии худ мекунанду- аммо афсус ки мо баръакс мехохем чун Аврупоиву Амрикоихо дар зиндаги монанд ба «хайвон» шавем ва аз фахшу фохишагии Гарбихо сабак гирем!!
Ин киссаи вокеи барои мову шумо як дарси ъибрат хохад буд- то имрузу ин соат аз хама бадихо дури чуем! Худованд мададгоратон бошад!

Хонадоркунии ду чуфти СПИД!! - 850517115231

Комментарии

  • 9 янв 2017 13:15
    .
  • 11 янв 2017 01:08
    Хама он чизе мехостам нависам дар боло кайд кардаанд, Худованд аз шумо рози бошад, суханони хакро навистед.