Сирри фарзанддор шудан.

Як дӯсте дорам ба номи Насриддин, ки аз издивоҷаш панҷ сол сипарӣ шуда буд, вале Худованд барояш фарзанд ато нанамӯд. Насриддин мегуяд: Ман хело аз ин дард ғамгин ва ҳамсарам ҳамеша мегирист ва бовар кунед, ман гоҳо аз ёдам мерафт, ки бефарзандам, вале ҳангоме, ки ҳамсарамро медидам, чеҳраи ғамноки ӯ ва гиряҳои аз сари сидқи ӯ, ки қабл аз Намози субҳаш ба даргоҳи Худованд, маро ором намегузошт. Ҳамаи ин дардҳои мо яктараф, падару модарам, хоҳаронам ҳамеша маро ба талоқи ҳамсарам тавсия менамӯданд ва бо ҳамсарам муомилаи начандон хубе низ мекарданд. Вале ман ҳамсарамро дӯст медоштам ва ҳамеша дилбардориаш менамӯдам, ки агар фарзанддорҳам нашавам, ман аз ту ҷудо намешавам, вале ӯ ин суханони маро бо сатхӣ қабул менамӯд. Ман ва ҳамсарам ба шаҳри Маскав барои табобат рафтем ва ҳудуди 45-рӯз табобат гирифтем ва дубора ба ватан баргаштем, вале натиҷае надод. Чунон зиндагиямон, ки аз ҳар тараф ба ман таъна ва безурриёт мегуфтанд ва гоҳо, ки дигар муҳити атроф дар назарам бо ин вазъ торик буд. Бовар кунед, ба хона рафтанам намефорид, зеро боз ҳамон қиссаҳои куҳна оғоз ва чигуна аз ин ҳолат раҳоӣ ёфтанро аз ман ҷӯё буданд. Бале хонандаи гиромӣ! Ин қисса мумкин барои бархе аҷиб ва ҳатто хандаовар бошад, вале барои он шахсоне, ки як умри дароз дар орзуи фарзанданданд, хело ошно ва онро хуб бо ашкҳои резон мепазиранд ва тасдиқ менамоянд. Зеро чиқадар хонаҳо вайрон аз ин безурриётӣ ва бефарзандӣ хароб гашта ва чиқадари дигар дар сабаби вайронӣ қарор доранд. Бале ин ҳақиқатест талх, вале бояд онро рӯй қалам овард, то ҳамагон аз он огоҳ гарданд. Насриддин дар идома чунин идома дод. Ман рӯзе дар масҷиде суханронии яке аз олимони диниро дар яке аз муносибот гуш кардам, ки ба кулли ҳаёти манро тағйир дод. Он олим ҷавоне буд, вале бовар кунед хело суханонаш бароям муъассир ва фарахбахш буд. Сураи муборакаи Нуҳ-ро хонд ва дар оғоз мушкилоти даъвати ин Паёмбарро хуб шево баён намӯд ва оятҳои 8 то 13-и онро чунон тафсир намӯд, ки то ҳамеша дар торпуди ҷонам қарор гирифт. Сухани Худованд: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. «Пас, ба овози баланд даъваташон кардам. Боз, ҳаройна ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам. Сипас гуфтам: "Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, ки У албатта омурзанда аст". То аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад. Ва шуморо ба амволу фарзандон мадад кунад ва бароятон бустонҳову наҳрҳо биёфаринад. Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед». (Сураи Нуҳ: оятҳои 8-13) Он ҷавони нуронӣ чунин гуфт: Истиғфор, роҳи пайдо намудани фарзандро дар пай дорад ва чунон бо истидлолоти қавии худ онро шарҳ дод, ки барои ман чун обу ҳаво зарур буд ва он суханонро дарҳол дар ҳофизаи худ супурда, равонаи хона гаштам. Ба ҳамсарам чунин гуфтам: Ман сирри фарзандро пайдо намудам, вақте ин суханро ҳамсарам шунид, бо ашкҳои резон дар посухам гуфт: Талок? Бо лутф гуфтам: Не, қасам ба Худо. Гуфт: Пас чист он? Гуфтам: Ин истиғфор намӯдан дар шаб ва рӯз дар пинҳонӣ ва ошкоро. Дар идома Насриддин ҳолати ҳамсарашро чунин баён намӯд. Дарҳол вузу намӯд ва ду ракаъат Намоз гузошт ва чунон "Астағфируллоҳ ва атубу илайҳ"-ро муқаррар такрор намӯд, ки ман аз ин сидқи ҳамсарам гирён шудам, ва аз ин рӯз савганд ба Худо, як моҳ нагузашт, ки ҳамсарам ҳомила гашт ва Худованд бароямон як писари дӯструяке ато намӯд, Юсуф номаш гузоштем ва бовар кунед онқадар истиғфорро якҷо зиёд намудем, ки дар чаҳор сол, 3-фарзанд муйяссари мо гашт. Дигар хурсандӣ хонаводаи моро ҳадду канор надошт. Пас аз ҳамсарам хостам: Биё пас аз ин, каме онро кам кунем бо нияти фарзанд, то писарҳоямон каме бузургтар шаванд. Чун писари хурдиям дусола шуд, ҳамсарам бо ман машварат намуд, ки мехоҳам Худованд як духтар бароямон ато намояд, боз истиғфорро якҷо бо нияти фарзанди духтар оғоз намудем, бовар кунед мисле, ки мо фармоиш медиҳем ва ё талаб менамоем ва Худо бароямон онро медиҳад. Дуруст, як солу ду моҳ нагузашта буд, ки моро як духтараки дуструяке ато намуд ва онро Оиша ном ниҳодем. Ин аст хонандаи гиромӣ, сирри фарзанд, агар онро бо шавқ ва сидқ бигуем. ИншаАллоҳ адои ин калимот онқадар бароямон мушкил нест. Дар охир аз Худованди Кариму Корсоз, таманнои мағфиратро дорем ва ҳама бефарзандони уммати Исломро фарзандони солеҳ ва ғайюр ато намояд, то насли моро ба офоқ бирасонад.. Омин ! Ҳаммонанди ин мавзуъ роҳу равиши дуруст ва роҳи хушу хушбахтиҳои имрузу ояндаро дар кори савобу кумак ба хешовандон ва расонидани ин сирро ба гӯши наздиконатону дустонатон ба даст меоред, марҳабо!!!|||

Сирри фарзанддор шудан. - 851349970015
Сирри фарзанддор шудан. - 851349972319

Комментарии