ШАРМАНДАГОНИ ИН ДУНЁВУ ХАМ ОХИРАТ!

БОДИККАТ хар як марду зан бихонед (харчанд худ пойбанди он нестед) ва хулоса бароред: Ин мусибати вазнине ки хеч яки зинокорон интизораш нестанд баногох меояд ва донед ки:
Ин ходиса хакикат дорад ва якчанд сол пеш дар як шахри хамин Точикистон шуда гузаштааст. Харчанд аз он ходиса муддати зиёдтаре гузаштааст ман то чои медонистагиям онро мехохам ба шумо расонам то имруз ки ъамал хаст, тавба хаст, тоъату ъибодат хаст ислох шаванд ва ё ин ки ёру дустони худро ки ба ин ъамали зишт дил бастаанд огох созед ва онхоро ба ислохшави даъват кунед:
Шухрат-ако (ном иваз шудаги) дар яке аз бозорхои калони шимоли кишвар дуконе кушода ба тичорат машгул шуд.Дар аввал хар як корро бо Бисмиллох сар мекард ва Аллох ба кораш баракат ато намуд.
Инак бо гузашти як ду соле кори у нек шуду сохиби пули хубе шуд. У акнун занашу духтарчаашро ба савдо мегузошту кам кам ба шахрхои Бишкеку Урумчи бо автобус барои хариди бори зиёде сафар мекард.
Аз он хорич борхои зиёде арзон оварда хам яклухт ва хам чакана мефурухту охиста охиста пули зиёде ба даст овард. Акнун у дигар аз дуъову ъибодат дур мешуду хатто аз волидайн хам дуъо намегирифт- ва аз ин «санчиши Илохи» нагузашта ру ба аъмоли зишту кибру гурур овард.
Дар хамин бозор як зане бо номи Нигина ( ном иваз шудаги) савдо мекард. Чун шавхар ки кори хуб дошт ин зан хам ба худ савдогаре гирифта гузошту бо пулхои шавхар кам кам ба хорича барои овардани либосу матоъхо худ мерафтаги шуд.
Ана дар чунин як сафар ин ду савдогар Шухрату Нигина бо хам дар автобус як чой нишаста зуд ба хамдигар «ошно» шуданд. То он шахрхо дар рох шухихо мекардан, якдигарро зиёфат медоданд ва хатто дар он шахр дар мехмонхона дар хамсоягии якдигар хучра гирифтанд.
Ва инак Шайтони лаъин онхоро ба рохи худ бурду харду бо хам зино карданд. Дигар то бозгашт ба шахри худ хама шабхо онхо бо хам мехобибанд-гуиё ки зану шавхар бошанд. Нафароне ки онхоро намешинохтанд чунин гумон хам мекарданд. Инхо бошад хатто тарсе надоштанд ки нафаре онхоро шинохта ба наздиконашон ин хабарро мерасонад.
Чун зиндагии «замонави» ки доштанд на байни зану шавхаронашон «рашк» буду на пешгири аз гуфтугуву муомила бо бегонагон. Хамаруза бо даст ба зану мард салом кардан, ба зану мардони бегона шухихову сухбат кардан, шабхо тамошо баромадан дар ин ду оилаи Шухрату Нигина як ъамали одди буд- аз ин сабаб зану шавхархо ба хам рашк надоштанд. Рашк карданро онхо «нангин» мехисобиданд- аммо он бешармиву беиффатиро «пешрави»!.
Аммо чун ба шахри худ бозгаштанд танхо салому алек мекарданду кам сухбат мекарданд - гуиё якдигарро хуб намешиносанд. Харду назди оилахои худ худро зани «вафодору» марди « босадокат» нишон медоданд.
Аммо бо телефону чашмаки бо хам тамос доштанд ва накшахои фахшои худро мекашиданд. Чун маълум мешуд ки автобуси навбати як ду руз пас ба рох мебарояд боз ин «ошикон» ба рох мебаромаданд ва боз бо хам буданд.
Ин сафархо ба онхо ками карду накша кашиданд ки як хучрае ичора гиранд дар ру ба руи бозор то зиёдтар якдигарро бубинанд ва ба зино даст бизананд. Дигар охиста охиста ин «вохурихо» хамаруза шуд. То он рузе ки ин ду чуфти «фохишаро» шармандаву расво сохт:
!! Он руз борон меборид ва харидорон кам буданд. Шухрату Нигина яке духтарчаашро ба чои худ ба савдо гузошту дигаре занашро ва бо бахонаи чамъ кардани карз аз бозор баромада саросемавор худро ба он хучраи «ошикона» заданд.
Чун ба хам расиданд Шухрат бархоста дид ки об нест. Вай як факир (сатил) обро болои газ монд то гарм шавад ва гашта омаду Нигинаро огуш гирифт ва хардуро хоб бурд.
Пас аз лахзае ин ду «ошики бадномро» чунон сахт хоб бурд ки нафахмида монданд ки об чушидаасту газро хомуш кардааст. Акнун охиста охиста хама хонаро газ пур карду харду ошиконро сабаби марг шуд.
Хамсоягоне ки дар хонахо буданд зуд аз буи газ хавотир шуданду бо ёрии як «сантехник» чои баромадани онро мекофтанд. Чун маълум шуд ки буй аз он хона меояду касе дарро намекушояд онхо дарро шикаста даромада газро хомуш карданд.
Чун дару тирезахоро кушода монданд ахаммийят доданд ки ду нафар мурдаанд- аммо онхо намедонистанд ки кистанд инхо: зану шавхаранд ва ё маъшукахо.
Аз милисаву дигар макомотхо омада сурат гирифтанд, кайд карданд ва ошиконро ба «МОРГ» бурда супоридани шуданд. Аммо як нафаре зани шиносашро шинохт. Сипас вакте «овоза» ки зиёд шуд мардум ки чамъ омад дуюмин Шухратро хам шинохтанд.
Акнун холати наздикони ин ду «шармандаи абади»-ро худ тасаввур кунед. Шавхари Нигина зуд бахона пеш овардааст ки гуиё барои «пулу дороиям» маро шарманда карда чунин «падставить» кардаанд. Гуиё занаш Нигина зани «берохагард» набуд, бошарму хаё буд.
Падару модар ва зани Шухрат бошад бахона овардаанд ки гуиё барои пули калонаш уро куштаанд ва пулхояшро аз худ карданианд. Ин замон хеч як ин ду оила намехост ки коил шавад ки дар хакикат «бе обуруй» шудаанд! Ин аст окибати «зинокорон»- шармандагии ин дунёву охират!
((((((((((((((((((((((((((())))))))))))))
Шукри неъмат- неъматат афзун кунад!
Куфри неъмат- аз кафат берун кунад!
Имрузхо худ шохидед ки баъзе мардум руй ба фахшу бешарми овардаанд. Оё нест хамаруза хабаре ки зани фалониро бо шавхари дигаре ва ё баръакс мардеро бо зани бегонае хангоми зино капида бошанд? Хабархое, ки духтарони бешавхар фарзандони харроми зоидаанд!
Оё каманд ходисахое ки хатто духтарони мактабхону донишчу хамаруза ба зино бо мардони зандор даст мезананд? Хатто вакте ин ишку ошики маълум мешавад – на шарм мекунанд ва на тарсе аз наздикону волидайн доранд.
Ин чо албатта сухан дар бораи фахшу фохишагист- аммо зиёдтар дар «куфрони неъмат» аст! Чун нафароне ки 1-2 сум пулдор шаванд дигар аз Худо дур шуда рохи Шаётинро пеша мегиранд.
Зиндагии «замонавиро» пеша мегиранд,мошин мехаранд то духтарони берохагардро савор кунанд. Нанг мехисобанд тоъату ъибодат ва пушидани либоси Исломиро! Фармони Худоро не- фармоишхои Шайтонро пойбанд мешаванд.
Шахсан дусте доштам ки кариб 10-12 сол надида будамаш. Чун як руз вохурдем уро ба як пиёла чой даъват кардаму у таърифро сар кард:
- Миллионхо доллар доштам, якчанд хона доштам, 2-3 зан доштам, мошинои пеши пеша доштам ва г. Я камтар шикастда задаму хаммааш рафт!
- Бародар аз хамин миллионхо дар «Рохи Худо» чи ъамал кардаи?: Оё рохе сохти, масчиде сохти, мактабе сохти, ягон ятимонро хонадор карди, ба хешу табор хайр карди, ба камбагалон хайр карди? Чи ъамали нек карди?- пуридам ман.
- Ээээ у вакт хама ёру рафикои атрофум будаги ай Худо дур буданд. Гаштем кайфу сафо карда, хамаруза духтаракои нав ба нава бурда оварда. Хамаруза то хазор доллара сарф мекардем. Як кас набуд ки мара насихат куна ки дар рохи Худо ана ин корора кардан хубай!- чавоб дод у.
Маълум шуд ки хамон дустони «улфати» як кисм пулу молашро бурдаанд, як кисмаш дар савдои бебарор барбод рафтаанд ва инак у карздор шудааст!Хатто у акнун хона надоштаасту ичоранишин будааст.Боз бахона пеш меорад ки нафаре набуд ки маро насихат кунад- гуиё ки у худ акл ва эмон надошт!
- Шукронаи Худоро ки ба чой наоварди хама пулу молат барбод рафт. Акнун ки фахмидаи ки рохи хаторо пеша карда будаи оё «пушаймон» шуди? Тавба карди аз зинову хамрхури?- пурсидам ман.
- Бародар бас кардааму аммо касам нахурдаам- чун кам кам менушам бо калоно! Баъзан намозам мехонам- аммо руза гирифта наметавонам. Вакташ ки шавад хама корои бада мепартояму руй ба масчид меорам!- чавоб дод у!
… Акнун бубинед ки чунин одамон хатто пас аз чунин шикастхо «тавба» карда руй ба Худо намеоранд- ва инро «нанг» мехисобад. Максад доранд ки боз пулдор шаванду боз зинову, хамру, харомхури кунанд- на «Бандагии Худо»!
Аммо хеч як ъамали бад бе подош намемонад. Албатта хам дар ин дунёву хам дар охират мегири подоши ъамалатро. Мисол:
- як марди точир аз пули зиёд гуиё «маст» шуд. У аз рохи «Хак» руй гардониду руй ба роххои Шайтони овард. Зану фарзандонашро ба шахр кучониду зиндагии «замонави» пеша кард. Ба хар як зану ду духтараш хонаву мошин харида дод, ягона писарашро ба хорича ба хондан равон кард.
Хамаруза «шабнишинихову» ташкилихо меорост ва акнун ба у фарк набуд ки бо мардони бегона зану духтаронаш менишинанд ва ё у бо занони номахрам. Дигар у на рашк дошт ва на шарму хаё!
Худованд сазояшро доду хам дар тичораташ шикаст болои шикаст омад ва хам аз бонкхо пули калон карздор монд. Вакте хост хавлиашро фурухта карзхояшро дихад занаш шарт гузошт ки як кисми пулхои хавлиро ба у дихад он вакт рози мешавад.
Мачбур шуд ва чунин хам кард- аммо акнун зану дахтаронаш ба худ «ошикон» ёфта буданду намехостанд уро бубинанд.
Хатто дар СУД хам тарафи онхоро гирифтанду ин марди беХудо дар куча монд. На дустонаш дигар уро шинохтан мехостанд ва на зану фарзандонаш.
Чун у Худоро нашинохт Худованд хам уро фаромуш сохт!
Охиста охиста чун «БОМЖ» зиндаги мекарду бо дузди ба даст афтод ва зиндони шуд. Акнун боз ачоибтараша бинед ки:
-Занаш як чавоне ки аз худ 10-15 сол хурдсолро аввал «маъшука» гирифту гуиё дертар оила барпо кард. Он чавон ки тичорати «ифлос» дошт бо пулу тухфахо дили модару духтаронро ёфта хонахову мошинхояшонро дар Бонк гузошта пули калоне гирифт.
Гуиё ки он пулхоро 200% карда бозмегадонад ба хар яке. Танхо як духтар ки шавхар дошт бе ичозаи шавхар натавонист хонаашро дар Бонк гузорад ва ба дом наафтод.
Вакте мухлати бозгардонидани пулхо омад он чавон ба хорича фирор карду модару духтарро бонк аз хонахояшон берун кард ва онон мачбур ба хонаи духтари сеюми куч бастанд. Худованд «сазои» инхоро хам дод ва бозгаштанд ба хамон холати аввала- аммо афсус ки бо чунин аъмоли паст!
-«Худкардаро даво нест»! Ин аст окибати беХудоги ва зиндагии «беХудоги» ки дар он на тарсе аз Худосту на шарму хаё. Ин аст сазои нафароне ки пулу мол чашми онхоро «кур» месозаду руй ба фахшу фохишаги ва беХудоги меоранд.
Худовандро танхо замоне ёд мекунанд ки ба вазнини ё шикасте ру ба ру шаванд- аммо чун корашон барор гирифту пулдор шуданд аз Мусалмон буданашон дар ъамал хеч нишоне намебини?
Худованд дар каломаш бар бандагон мефармояд:
-«Ва ба зино наздик машавед, ки он фахш аст ва бадрохи аст.»
(сураи исро-ояи 32)
Сабаби балохою бадбахтихо факру ночорихо вабою беморихо зилзилаву офатхо зино аст.
Расули Худо Мухаммади Мустафо (дуову дуруд ба у) мефармояд:
-« Эй Али! Зино шаш хислат дорад; Зинокорон се хислати онро дар дунё ва сеи дигар дар охират мебинанд. Хислатхои дунёиаш ин аст, ки обуруйро мебарад, маргро шитоб мебахшад ва рузиро кам мекунад
Ва хислатхои охиратиаш иборат аст: хисоб, барраси, сахт ва дакик, (нозук) хашми Худои Рахмон ва човидонаги дар оташ аст.
Ва боз паёмбари Худо Мухаммади Мустафо (дуову дуруд ба у) мефармояд:
Бар хар ъузве аз аъзои инсон бахрае аз зино навишта шуда, ки лочарам ба он мерасад. Масалан:
1. «Зинои ду чашмон, дида задан аст»
Касе бо номахрам, дида мезанад ё бо халоват назар мекунад зинои чашм кардааст.
2. «Ду даст хам метавонад зино кунад»
Касе, ки бо номахрам, даст мезанад (яъне салом мекунад) зино кардааст.
3. «Ду пой хам метавонад зино кунад»
Касе, ки бо пойхояш ба думболи номахрам меравад зино кардааст.
4. «Зинои забон калом аст»
Касе, ки бо номахраме суханбози кард пас (бадурусти,ки) зино кардааст.
5. «Хар зане, ки либосхояшро ба чое барад ва бигзорад, ки гайр аз хонаи шавхари худ бошад бидонад, ки у пардаи хаёи байни худ ва Худоро даронидааст. (Сабаби зинои чашми дигарон гаштааст)»
Ва яке дигар аз рафтори бади занон ин аст, ки либоси худро ба дигар занон медиханд ба муддати якчанд руз пас аз дидани дигар хонавода ва боз мепушанд.
Ва дигар бадбахтии баъзе аз занхо дар ин аст, ки вакто либоси тахпуши худро мешуянд ва дар чойе овезон мекунанд, ки хар мехмоне дохили он хона шавад хох ва нохох пеши назараш меафтад.
6. «Вой бар холи он зане, ки худро ба гунае муъатар ва хушбу кунад ва сипас берун биравад ва аз канори хар шахсе бигзарад хамаро мутавачехи худ кунад, у зинокор аст ва хар кассе, ки ба у нигох кард, бо чашмонаш зино кард»
7. «Хар гохе зане барои касе чуз шавхари худ, худро хушбу ва матрах мекунад бидонад, ки ин кораш мучиби оташи чаханнам ва боиси дуршудани нанги у хохад буд»
Заноне хам хастанд, ки гарибписанданд, ба марди худ эътино намекунанд ва бо нигохи тахкир ба шавхари худ нигох мекунанд.
Яъне шавхари худро бе шахсият ва хор ба хисоб меоваранд ва дигаронро мухтарам ва бошахсият мебинанд.
Имруз дар чомеаи мо занхое вучуд доранд, ки вакте аз хона берун мераванд бо назокат ва бо одоб бо дигарон бархурд мекунанд ва хар касе, ки надонад мафтуни у мешавад ва бохуд мегуяд ин хонум чи кадар бо тамиз аст ва бо мухаббат аст.
Аммо хамин зан дар хона бо шавхараш он кадар бадрафтори мекунад хавсалаи харф задан ва тахмил диданашро надорад ва хамеша бо у асабони аст ва бо ин рафтори бадаш рузгори мардро талх мекунад.
Чаро мебоист ин тавр шавад? Марде, ки барои ту кор ва захмат мекашад, марде ки туро кобил дониста ба хостгории ту омада ва ба ъунвони як хамсари хуб, туро интихоб кард, холо муздаш ин аст, ки бо у инчунин рафтор куни вале бо бегонагон он кадар бо мухаббат ва бо эхтиром худнамоиши куни.
Зан набояд бегона писанд бошад, хамаро хуб ва ъазиз бидонад, вале шавхари худро одам хисоб накунад.
Бояд кайд кунем ки ба ин зиёди мардхо хам зиёд гунахкоранд. Чун худ чунин зиндагиро интихоб намудаанд, рашк надоштаанд, бепарво будаанд дар аввали зиндаги. Аммо замоне ки зану духтар аз рох «бероха» шуд ана он вакт у пушаймон мешавад-лек он зану духтарро ислох кардан амри махол хохад буд.
………. Афсус ки хамаи ин нишонахои палид дар ин чомеъаи мо ру ба афзоиш аст. Пас чи бояд кард? Албатта аз он зиндагии «палиди» замонави даст кашидан ва руй да Ислом овардан аст. Хамаруза аз Худованд панох талабидан аст.
Бо лутфу эхтиром, нависанда
Хайриддин!

ШАРМАНДАГОНИ ИН ДУНЁВУ ХАМ ОХИРАТ! - 866457826143

Комментарии

  • 12 апр 2018 19:48
    Аҳсан барои ҳамин як қиссаи дуру дароз...... Меҳнат кардед иншоаллоҳ ҳама хулосае мебарорад....... Ташаккур барои ин қисса..... Боз бисёр тар шавад...
  • 12 апр 2018 20:01
    мошоллох
  • 12 апр 2018 21:16
    ҶазакАллоҳу хайран бародар
  • 13 апр 2018 02:49
    Парвардигор шуморо дар панохи исматаш нигах дорад омин
  • 13 апр 2018 03:00
    Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем .  .  .  . . . ,
  • 13 апр 2018 09:25
    Худованд шуморо нигахбон бошад ва сафи хамихел одамора зиед гардонад ва Худованд тамоми бандахоша мумину мусалмон ва бо тавфику бо имон гардонад омин
  • 13 апр 2018 11:41
    амин