Як пашша сабаби ҷаннатию ҷаҳаннами шудани ду мусофир!

Тариқ ибн Шиҳоб(р) аз Расули Акрам (дуову дуруд ба у ва олаш) ривоят мекунанд ки фармудаанд:
-« Аз сабаби як паша як мард ба Ҷаннат дохил шуд- дигаре ба Ҷаҳаннам».
Мардумон пурсиданд:
-Ин чи тавр ё Расулаллоҳ ? Пас он Ҳазрат (дуову дуруд ба у) ҷавоб гуфтанд:
-« Боре ду марди мусофир аз маҳалле гузар карданд ки дар он ҳама бутпарастон мезистанд, ва чунин одат доштаанд ки касе аз назди он бут гузарад бояд ягон чиз ба он бут қурбони кунад.
Бутпарастон ба якеи он мардҳо гуфтанд: - Ягон чиз аз барои ин бут қурбони кун! У дар ҷавоб гуфт ки:
- Охир ман ягон чиз надорам қурбони кунам!
Пас ба у гуфтанд:
- «Хеч не ягон пашшаеро қурбони кун то наҷот ёби»!
Он мард бепарво пашшаеро бо нийят қурбони намуду уро раҳо карданд, ва ин сабаби щирк овардан ба Худованди Мутаъол ва аҳли «оташи Ҷаҳаннам» гаштанаш шуд.
Сипас бутпарастон ба марди дигари фармуданд:
-« Ягон чиз аз барои ин бут қурбони кун»!
Он мард ба онҳо ҷавоб гуфт ки:
-«Ман ғайри Худои Яктои Бузургу Тавоно ба касе ва чизе қурбони нахоҳам кард»!
Пас уро сар буриданду бо сабаби щирк наоварданаш у аз аҳли Ҷаннати пурнозу неъмат гашт.
(ҳадиси Аҳмад дар китоби Аз-зуҳд саҳифаи 15, аз Тарик ибни Шиҳоб аз ривояти Салмони Форс: ҳадиси саҳеҳ)
// // // // //
ИБРАТ:
Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод) мефармояд:
-"Бузургтарини гуноҳони кабира шарик овардани ба Худо аст" (Бухорӣ)
-Зарари ширки акбар чист?
Ширки Акбар сабаби дар оташи дузах «абади» мондани инсон мебошад. Чун Худованд мефармояд:
-«Зеро ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст». (Моида 72)
Паёмбари Худо мефармояд:
-«Касе дар ҳоле бимирад ки ба Худо чизеро шарик биёрад, дохили оташи дузах мешавад» (Муслим)
Савол: -Оё ъамал (ибодат, намоз, руза, корҳои нек...) ҳамроҳи ширк фоидае мерасонад? (Яъне инсон ҳам ъибодат кунад, намозу руза ва амалҳои некро ба ҷой орад, ва дар баробари он ба Худованд шарик қоил шавад).
Ҷавоб: -Анҷоми ъамалҳо ва ибодатҳо бо ҳамроҳии шарик овардан ба Худо фоидае надорад. Чун Аллоҳ фармуда:
- «Ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид» (Анъом 88)
Дар ҳадиси Қудси омадааст, ки Худованд мефармояд:
-«Касе ки амалеро анҷом диҳад ва бо Ман дигар чизро шарик гардонад дар он ъамал, тарк кардам уро ва ширкашро» (Ҳадиси Қудси, Муслим)
Савол:
-Оё чун ҳадиси боло щирке дар байни мусулмонони имруза вуҷуд дорад?
Бале, мутассифона дар миёни баъзе мусалмонон хеле зиёд аст. Амсоли:
- Баъзе мегуянд ки «нийят дорам барои ҳазрати Султон ва ё ҳазрати Мавлоно моле забҳ кунам» ва ин нийяти худро дар ъамал мекунанд -ва танҳо замони кордро давондан дар гардани моли мекуштаги «Бисмиллоҳ- Аллоҳу Акбар» мегуянд.
Гуиё ки ин забҳ аз барои Худо шуда бошад- аммо тибқи беҳтарин ҳадиси Расули Акрам (дуову дуруд ба у):
-«Ҳама ъамалхо вобаста ба нийятҳост»- яъне ҳама ъамалҳои инсон вобаста ба нийятҳояш аст!
Чун он нафари нийят карда нийят дошт аз барои фалон «азизи Худо» моле забҳ кунад ва танҳо лаҳзаи куштани мол номи Худоро ба забон гирад.
Дигар ин ки ҳамон «азизони Худо» ки дар қабранд аз чунин қурбонии ту «безоранд»!
Аммо афсус ин замони мо ҳатто баъзе ба ном мулло чунин ъамали щиркро мекунаду мегуяд ки «ман Бисмиллоҳ –Аллоҳу Акбар» гуфта куштам ку»!
Ҳатто хабар хаст ки муллои калони яке аз «зиёратгоҳи» канори шаҳр (Мавлоно) чун якчанд сол пеш Сархатиб таъин шудааст- ба нийяти ҳазрати Мавлоно моле оварда болои қабраш забҳ кардааст.
Савол:
-Оё қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз аст?
Қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз нест, зеро он ширки Акбар мешавад, ва ширки акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад.(мисоли ин ки баъзеҳо гуянд:
- Барои фалон арвохам нийят кардам хун кунам-ҳарчанд Бисмиллоҳ гуфта хун кунанд ҳам).
Худованд мефармояд:
- «Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун» (Кавсар 2)
(Яъне қурбони ва забх фақат барои Худованд аст, ва қурбони барои шахсе ё ҷое мисли мазор ё сари қабре қурбони кардан ҷоиз нест, зеро қурбони ъибодат аст ва барои дигар кас ё мурда, касе ки набошад карданаш гуноҳ ва ширки акбар мебошад.')
Худованд бар мо мусалмонон мефармояд:
- «Чизҳоеро, ки Паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).
Ба дурусти ки Паёмбар (дуову дуруд ба у) ба мо умматон фармудааст, балки такрор ба такрор таъкид намудааст ки:
-«Шумо қабрхоятонро чун яҳуду насоро зиннат мадиҳед ва мавзеъи щирку бидъат масозед»
Гар ҳақиқат Мусалмонед-пас пайрави аз он амалҳое намоед ки дар он гумону шубҳае нест. На он амалҳое ки бофтаи нафарест ва бидьату щирк аст.
Чун дар ин ҳадиси муборака Расули Акрам (дуову дуруд ба у) моро огоҳ сохтаанд ки:
-«Расули Аллоҳ (дуову дуруд ба у) фармуданд:
-«Яҳудиҳо ба ҳафтоду як фирқа тақсим шуданд, насоро ба ҳафтоду ду гурӯҳ. Зуд аст, ки уммати ман ба ҳафтоду се фирқа мутафарриқ (ҷудо) мегарданд. Онон ба ҷуз як гурӯҳ дигар ҳама дар норанд (ҷаханнаманд). Ва он як гурӯҳи наҷотёбанда аҳли ҷамоатанд» (яъне аҳли суннат ва ҷамоъат). (Сунани Тирмизӣ, Дорулкутуб)
(ҳадиси саҳеҳ ба қавли ҷумҳури уламо)
Дар ривояти дигар омадааст, ки Саҳобагон пурсиданд, ки:
-«Ё Паёмбари Худо! Он як гурӯҳи наҷотёбанда кистанд?» Расулуллоҳ (дуову дуруд ба у) фармуданд:
- «Онҳо касонеанд, ки дар роҳи ман ва асҳоби ман ҳастанд».
Пас донед,ки ҳар он амале ки мутобиқи Қур'ону суннат нест оқибаташ пушаймонист.
Чун ин тоату ибодат ва амалҳои бедалелу шубҳанок шуморо ба он 72 гуруҳе ,ки Расули Акрам (дуову дуруд ба у) аҳли "Нор" гуфтаанд дохил хоҳад кард!
Пас роҳи наҷот хоҳед- пайравии Расули Акрам (дуову дуруд ба у ) ва асҳобаш намоед.
Ин аст Ислом -ин аст Наҷот! Ин аст васийяту насиҳати Расули Акрам (дуову дуруд ба у ) бар умматонаш!
Муаллиф:
Сайидчон 12.06.2016с.

Комментарии

  • 9 окт 2018 18:01
    ҶазакАллоҳу хайран бародари азиз