Бале! Баъзеи мо имрузхо бахона аз замону аз чахон менамоем! Гуиё ки ин замона гунахкор аст- на худи мо! Кор наёфтем-замона гунахкор, маблаг нарасид- замона гунахкор, нофахмие сар зад- замона гунахкор.Аммо оё боре мову шумо ба худ саволе додаем, ки:- Гар мо дар замони истилогарону золимоне ки аз даврони кадим (чун мугул) шахрхоро забт карда буданд мезистем холамон чи мебуд? Магар он замона мардумон серу пур буданд?Чун ин истилогарон бепурсиш хар якеро ки маъкулашон намеомад сар мезаданд – гар бо чунин ахвол мезистем холамон чи гуна мебуд?Чаро он мардумони мазлум чунин бахона наоварданду зистанд ва бандаги ба чой оварданд? Решаи дарахтонро аз гуруснаги мехурданд, зулму ситами беандоза медиданд- аммо сабр доштанд. Шавхаронро солхо хатто шояд намедиданд- аммо сабр доштанд!- Оё боре ба худ саволе додаед, ки гар дар солхои кахтиву гуруснагии Чанги бузурги Ватани мезистем холамон чи гунае мебуд? Охир он мардумон шабу руз мехнат мекарданду як пора нонро дах нафар мехурданд! Ишками серро шояд солхо ёдашон намеомад.Аммо онхо зистанд ва ба чунин ъамалхои нангин чун худкуши даст назаданд. Хатто мо медонем, ки ба ин гуруснаги нигох накарда он мардумон ятимону мискинони бесохибро хам фарзанд гуфта тарбия кардаанд!Аз зиндагии аввалин мусалмонон оё хабар доред? Магар медонистед ки онхо се чор руз ва хатто хафтахо гурусна мегаштанд, либосе надоштанд ки бе ямок бошад! Аммо таърих гувох аст ки то чи андоза онхо Имони комил доштанд ва бандагии Аллохро менамуданд.Гар ин саволро ба худ медодем ва фарки он замону ин шабу рузро менамудем «хазорон шукри Худованд» менамудем. Шабу руз тоъату ъибодат намуда Худовандро аз додахояш шукри беандоза менамудем.Сабаби ин навиштагонам дар чист?Сабаби асосии ин навиштаам дар ходисахои худкушии зиёд дар чомеа аст. Инак якчанд сол аст пай дар пай зиёд хабар аз худкушихо, аз хонавайронихо, аз берахмихо мешунавем.Дар камтарин сахтиву вазнинии зиндаги занон ва хатто баъзе мардон даст ба худкуши мезананд, оилахо вайрон мешаванд.Ба наздики аз интернет маколае дар бораи он зане ки худу кудаконро ба об партофта хондаму хайрон мондам. Журналист чунин тавсиф мекард ки гуиё он зан «КАХРАМОНИ ХАЛКИ ТОЧИК» шуда бошад. Гуиё аз чунин зан бояд ъибрат гиранд!Хар нафаре ки ин маколаро ки хонд – ин журналистон гуиё рохи аз байн бурдани камбудихои зиндагиро меомухта бошанд. Афсус касе аз ин парво надорад.Якчанд муддат пеш хабари берахмиву сангдилии модаронеро шунидему шохид шудем ки аз суханони шавхар ва ё аз паи рашк худ ва кудакони ноболиги худро ба об партофтанд, кудакону худро оташ заданд.Хатто як зане фарзанди худро бо корд сар бурид. Зани дигаре кудакони бародарро буги карда кушт.Дигар зани берахм ба тани фарзанди худ даххо сузан халонд то шавхараш аз бемории фарзанд огох шуда баргардад.Марде писару набераашро парронд. Ва он хам аз паси чи?Берахмиву сангдили то дарачае пеш рафт ки дигар аз шунидани чунин хабархо мо хайрон намемонем-балки ин хабархоро як хабари одди мехисобем. Медонед сабаб инро чист?Ин аст ки ин худкушхоро, золимону берахмонро ба мо чун як «Кахрамон» пешкаш менамоянд. Гуиё онхо кахрамони нишон дода мурдаанд.Ононе, ки худ намурдаанд ва зинда монданд гуиё кахрамон хастанд.Аммо дар асл аз об он занхои берахм зинда баромаданду кудакони бегунох не.Аз чониби созмонхои байналмилали ва баъзе нафарон, сайтхои интернети ин нафарон хамчун мазлуму бечора муаррифи мегарданд:- «Бечора мачбур даст ба худкуши зад»! «Бечора дигар чора надоштааст», «Бечораро ба ин водор сохтаанд»!Аммо дар асл он золимони даст ба худкуши мезада ва хатто хамрохи худ кудакони бегунохи худро кушта пасттарин махлуканд. Онхо на имон доштанд на инсоф! Ин шо Аллох рузи Махшар сазояшонро хоханд дид!Аз пушти кахру газаби нисбати шавхар ва ё хусуру хушдоман, аз барои камбудии гизо ва ё либос худро бо кудакон ба об партофтан оё рохи халосист? Оё дигар рох нест?Пас милисаву кумитахои занон, суду прокуророн дигар нест? Раисони махаллаву чамоат нест? Оё касе пеши рохи хонаи волидайнро ба руи ин занон бастааст?Чун солхои пеш гар дар оила чангу чидол ё нофахмие мешуд милисаи махал, чамоат ва ё раиси махал аз паи халли он буданд. Гар якдигарфахми намешуд бо КАРОРИ суд оилахо чудо мешуданд. Лек чунин берахмиву зулму сангдили намешуд.Гар як нафари чунин беИмонро чаноза накунанд, мардум уро ба чои таъриф махкум намоянд, аз харому палид будани худкуши дигаронро домуллохову тарики ТВ хабардор созанд то ба ин андоза берахми нахохад шуд!Волидайн фарзандони худро ба камбуду баъзе сахтии оиладори тайёр намоянд кор то ба ин ъамали нангин нахохад расид!Гар шавхар гунахкор, шавхар золим бошад- конун хаст! Хамин тавр не? Зуд даст ба худкуши задан рохи халли мушкили нахохад буд!Аммо чун аввалин чунин модари берахме, ки худ ва кудаконро ба об партофт «чун кахрамон» пешкаш намуданд, уро мазлуму бечора пешкаш намуданд – ба дигар занонро ъибрат доданд. Аз он руз сар карда худкушихоро хар руз мешунавем.Ба онхо низ гуиё маслихат доданд ки:- гар дар зиндаги каме сахти дидед, ба шавхар рашк намудед, ба шумо тилловори ва ё либоси маъкули дил нахариданд чун ин зан рафта худро бо кудакон ба об партоед! Хохед ба шавхар ва ё наздикони у касд гиред албатта бо худ ба об кудаконатонро низ партофта кушед.Бале хастанд оилахое, ки мардони БЕНАНГУ БЕНОМУС ва хатто дайюссифат доранд, занон зулм мебинанд, кудакон гурусна мегарданд. Барои баъзе мардон одат шудааст ки занон кор карда урову фарзандонро хуронанд. Баъзан мешавад ки волидайн ва ё наздикони он шавхар бо келин муносибати бад менамоянд.Дар чунин маврид хам рохи халли он хаст- аммо на бо рохи худкуши!Гар сабру тахаммулат ба итмом расид, токати чунин марди беномусро надори аз у чудо шав. Зани покдоману боИмон боши дар куча нахохи монд.Конуни давлат дар хама маврид тарафи зану кудакони ноболиг аст. Чун хамаруза мешунавем, ки занхо тарики суд хонахои шавхаронро сохиб шуданд, алимент чудо шуд. Танхо конунро донистан мебояд- ва ё гар надонед маслихат пурсидан.!!! Хатто шунида будам, ки як чавон пас аз оила барпо намудан хар сари чанд вакт бо занаш чангу чидол менамуд. Бовар кунед, ки хама гумон мекарданд он чавон гунахкор асту занаш бегунох.Чун аввалин кудак таваллуд мекунад он зан дигар бахудаву бехуда бахона мекофту кахр карда мерафт.Боре ин зан аз хона барвакти баромада телефонашро хомуш карда муддати бист руз нопадид гашт. Волидайни зан омада бо милиса чавонро гунахкор мекарданд.Уро хар руз ба бозпурси бурда меовардаанд. Аммо пас аз он бист руз зани бедарак гашта баргашт. Аз у пурсанд ки кучо буди:- Бо дугонахоям ба Кайрокум истирохат рафта будам!-чавоб гуфтааст.Ин ки волидайн хавотир мешаванд, кудаки ноболиги шаш моха дорам, шавхар дорам- ин занро гуиё дар фикру хаёлаш хам набуд.Чун он чавонро чунин зиндаги дилаш монда шуда буд ба у талок дод.Акнун бубинед ки ба чунин зани бешарму хаё Суд нисфи хонаи он чавонро чудо кард, алимент чудо кард.Гар чунин зани бешарму хаё, ки дар Суд шавхарро гунахкор кунад- магар ононе, ки занони ХУБУ хушфеъланд, занони бехудагард нестанд чунин хукукро надоранд? Албатта доранд ва хатто зиёдтар. Аммо афсус баъзехо дар аввалин фурсат даст ба худкуши мезананд.Мешунавем, ки чавонеро волидайн «хушкардаашро» хостгори нарафтаанду у худро куштааст. Хабаре буд чавону духтаре ки якдигарро дуст медоштаанд харду якчо худро ба чари партофтаанд.Ва боз хам мебинем, ки журналистону Тв ва созмонхо ин «харромихоро» кахрамон гуфта таърифу тавсиф менамуданд.Дар асл дар давоми зиндаги бе камбуд намешавад, зиндаги пасту баландихо дорад, баъзан чангу чидолхо мешавад- аммо «хар ки сабр кард бурд кард».Аммо баъзе духтароне буданд ки сабр накарда талок гирифтанд. Акнун инхоро гайри муйсафедон ва ё зани дуюму сеюм касе зани намегирифт.Ана он соатхо ин занхо пушаймон гашта худро сарзаниш мекарданд. Он ки маслихатхое аз Тв ва ё интернет мешунавиданду бо он ъамал мекардаанд пушаймон гаштаанд.САБАБ ЧИСТ?Сабаби асосии сар задани чунин ходисахои нангин ин надонистани Ислому Имон аст! Гар он занону мардон донанд ки «худкуш»-и бадтарину палидтарин гунох аст ва нафари худро кушта абади дар Чаханнам азоб карда мешавад ба чунин ъамал руй намеоранд.Аммо хар яки мову шумо хам волидайнем-бояд дар тарбияву дар зиндагии ояндаи фарзандони худ сахм гузорем. Онхоро аз пастиву баландихои зиндаги, камбудихо, баъзе чангу чидолхо хабардор намуда сабр карданро омузем.Аз зиндагии Расули Акрам (дуову дуруд ба у) ва сахобагону бузургони Ислом ки баъзан якчанд руз гурусна мегаштанд киссахо намоем то донанд ки зиндаги бе камбуди намешавад.То дар аввалин фурсат кахр карда суи хонаи волидайн надаванд!То дар аввалин сахти худкуши нанамоянд!Балки «сабр» намоянд- ва ё дигар сабр карда нашуд ана он гох ба хонаи волидайн оянду рохи халли мушкили чуянд.Аммо ХЕЧ ГОХ хатто фикри ХУДКУШИРО накунанд!
КИССАХОИ ИБРАТНОК
МАГАР «ХУДКУШИ» «КАХРАМОНИСТ»?!
Бале! Баъзеи мо имрузхо бахона аз замону аз чахон менамоем! Гуиё ки ин замона гунахкор аст- на худи мо! Кор наёфтем-замона гунахкор, маблаг нарасид- замона гунахкор, нофахмие сар зад- замона гунахкор.
Аммо оё боре мову шумо ба худ саволе додаем, ки:
- Гар мо дар замони истилогарону золимоне ки аз даврони кадим (чун мугул) шахрхоро забт карда буданд мезистем холамон чи мебуд? Магар он замона мардумон серу пур буданд?
Чун ин истилогарон бепурсиш хар якеро ки маъкулашон намеомад сар мезаданд – гар бо чунин ахвол мезистем холамон чи гуна мебуд?
Чаро он мардумони мазлум чунин бахона наоварданду зистанд ва бандаги ба чой оварданд? Решаи дарахтонро аз гуруснаги мехурданд, зулму ситами беандоза медиданд- аммо сабр доштанд. Шавхаронро солхо хатто шояд намедиданд- аммо сабр доштанд!
- Оё боре ба худ саволе додаед, ки гар дар солхои кахтиву гуруснагии Чанги бузурги Ватани мезистем холамон чи гунае мебуд? Охир он мардумон шабу руз мехнат мекарданду як пора нонро дах нафар мехурданд! Ишками серро шояд солхо ёдашон намеомад.
Аммо онхо зистанд ва ба чунин ъамалхои нангин чун худкуши даст назаданд. Хатто мо медонем, ки ба ин гуруснаги нигох накарда он мардумон ятимону мискинони бесохибро хам фарзанд гуфта тарбия кардаанд!
Аз зиндагии аввалин мусалмонон оё хабар доред? Магар медонистед ки онхо се чор руз ва хатто хафтахо гурусна мегаштанд, либосе надоштанд ки бе ямок бошад! Аммо таърих гувох аст ки то чи андоза онхо Имони комил доштанд ва бандагии Аллохро менамуданд.
Гар ин саволро ба худ медодем ва фарки он замону ин шабу рузро менамудем «хазорон шукри Худованд» менамудем. Шабу руз тоъату ъибодат намуда Худовандро аз додахояш шукри беандоза менамудем.
Сабаби ин навиштагонам дар чист?
Сабаби асосии ин навиштаам дар ходисахои худкушии зиёд дар чомеа аст. Инак якчанд сол аст пай дар пай зиёд хабар аз худкушихо, аз хонавайронихо, аз берахмихо мешунавем.
Дар камтарин сахтиву вазнинии зиндаги занон ва хатто баъзе мардон даст ба худкуши мезананд, оилахо вайрон мешаванд.
Ба наздики аз интернет маколае дар бораи он зане ки худу кудаконро ба об партофта хондаму хайрон мондам. Журналист чунин тавсиф мекард ки гуиё он зан «КАХРАМОНИ ХАЛКИ ТОЧИК» шуда бошад. Гуиё аз чунин зан бояд ъибрат гиранд!
Хар нафаре ки ин маколаро ки хонд – ин журналистон гуиё рохи аз байн бурдани камбудихои зиндагиро меомухта бошанд. Афсус касе аз ин парво надорад.
Якчанд муддат пеш хабари берахмиву сангдилии модаронеро шунидему шохид шудем ки аз суханони шавхар ва ё аз паи рашк худ ва кудакони ноболиги худро ба об партофтанд, кудакону худро оташ заданд.
Хатто як зане фарзанди худро бо корд сар бурид. Зани дигаре кудакони бародарро буги карда кушт.
Дигар зани берахм ба тани фарзанди худ даххо сузан халонд то шавхараш аз бемории фарзанд огох шуда баргардад.
Марде писару набераашро парронд. Ва он хам аз паси чи?
Берахмиву сангдили то дарачае пеш рафт ки дигар аз шунидани чунин хабархо мо хайрон намемонем-балки ин хабархоро як хабари одди мехисобем. Медонед сабаб инро чист?
Ин аст ки ин худкушхоро, золимону берахмонро ба мо чун як «Кахрамон» пешкаш менамоянд. Гуиё онхо кахрамони нишон дода мурдаанд.
Ононе, ки худ намурдаанд ва зинда монданд гуиё кахрамон хастанд.Аммо дар асл аз об он занхои берахм зинда баромаданду кудакони бегунох не.
Аз чониби созмонхои байналмилали ва баъзе нафарон, сайтхои интернети ин нафарон хамчун мазлуму бечора муаррифи мегарданд:
- «Бечора мачбур даст ба худкуши зад»! «Бечора дигар чора надоштааст», «Бечораро ба ин водор сохтаанд»!
Аммо дар асл он золимони даст ба худкуши мезада ва хатто хамрохи худ кудакони бегунохи худро кушта пасттарин махлуканд. Онхо на имон доштанд на инсоф! Ин шо Аллох рузи Махшар сазояшонро хоханд дид!
Аз пушти кахру газаби нисбати шавхар ва ё хусуру хушдоман, аз барои камбудии гизо ва ё либос худро бо кудакон ба об партофтан оё рохи халосист? Оё дигар рох нест?
Пас милисаву кумитахои занон, суду прокуророн дигар нест? Раисони махаллаву чамоат нест? Оё касе пеши рохи хонаи волидайнро ба руи ин занон бастааст?
Чун солхои пеш гар дар оила чангу чидол ё нофахмие мешуд милисаи махал, чамоат ва ё раиси махал аз паи халли он буданд. Гар якдигарфахми намешуд бо КАРОРИ суд оилахо чудо мешуданд. Лек чунин берахмиву зулму сангдили намешуд.
Гар як нафари чунин беИмонро чаноза накунанд, мардум уро ба чои таъриф махкум намоянд, аз харому палид будани худкуши дигаронро домуллохову тарики ТВ хабардор созанд то ба ин андоза берахми нахохад шуд!
Волидайн фарзандони худро ба камбуду баъзе сахтии оиладори тайёр намоянд кор то ба ин ъамали нангин нахохад расид!
Гар шавхар гунахкор, шавхар золим бошад- конун хаст! Хамин тавр не? Зуд даст ба худкуши задан рохи халли мушкили нахохад буд!
Аммо чун аввалин чунин модари берахме, ки худ ва кудаконро ба об партофт «чун кахрамон» пешкаш намуданд, уро мазлуму бечора пешкаш намуданд – ба дигар занонро ъибрат доданд. Аз он руз сар карда худкушихоро хар руз мешунавем.
Ба онхо низ гуиё маслихат доданд ки:
- гар дар зиндаги каме сахти дидед, ба шавхар рашк намудед, ба шумо тилловори ва ё либоси маъкули дил нахариданд чун ин зан рафта худро бо кудакон ба об партоед! Хохед ба шавхар ва ё наздикони у касд гиред албатта бо худ ба об кудаконатонро низ партофта кушед.
Бале хастанд оилахое, ки мардони БЕНАНГУ БЕНОМУС ва хатто дайюссифат доранд, занон зулм мебинанд, кудакон гурусна мегарданд. Барои баъзе мардон одат шудааст ки занон кор карда урову фарзандонро хуронанд. Баъзан мешавад ки волидайн ва ё наздикони он шавхар бо келин муносибати бад менамоянд.
Дар чунин маврид хам рохи халли он хаст- аммо на бо рохи худкуши!Гар сабру тахаммулат ба итмом расид, токати чунин марди беномусро надори аз у чудо шав. Зани покдоману боИмон боши дар куча нахохи монд.
Конуни давлат дар хама маврид тарафи зану кудакони ноболиг аст. Чун хамаруза мешунавем, ки занхо тарики суд хонахои шавхаронро сохиб шуданд, алимент чудо шуд. Танхо конунро донистан мебояд- ва ё гар надонед маслихат пурсидан.
!!! Хатто шунида будам, ки як чавон пас аз оила барпо намудан хар сари чанд вакт бо занаш чангу чидол менамуд. Бовар кунед, ки хама гумон мекарданд он чавон гунахкор асту занаш бегунох.
Чун аввалин кудак таваллуд мекунад он зан дигар бахудаву бехуда бахона мекофту кахр карда мерафт.
Боре ин зан аз хона барвакти баромада телефонашро хомуш карда муддати бист руз нопадид гашт. Волидайни зан омада бо милиса чавонро гунахкор мекарданд.
Уро хар руз ба бозпурси бурда меовардаанд. Аммо пас аз он бист руз зани бедарак гашта баргашт. Аз у пурсанд ки кучо буди:
- Бо дугонахоям ба Кайрокум истирохат рафта будам!-чавоб гуфтааст.
Ин ки волидайн хавотир мешаванд, кудаки ноболиги шаш моха дорам, шавхар дорам- ин занро гуиё дар фикру хаёлаш хам набуд.Чун он чавонро чунин зиндаги дилаш монда шуда буд ба у талок дод.
Акнун бубинед ки ба чунин зани бешарму хаё Суд нисфи хонаи он чавонро чудо кард, алимент чудо кард.
Гар чунин зани бешарму хаё, ки дар Суд шавхарро гунахкор кунад- магар ононе, ки занони ХУБУ хушфеъланд, занони бехудагард нестанд чунин хукукро надоранд? Албатта доранд ва хатто зиёдтар. Аммо афсус баъзехо дар аввалин фурсат даст ба худкуши мезананд.
Мешунавем, ки чавонеро волидайн «хушкардаашро» хостгори нарафтаанду у худро куштааст. Хабаре буд чавону духтаре ки якдигарро дуст медоштаанд харду якчо худро ба чари партофтаанд.
Ва боз хам мебинем, ки журналистону Тв ва созмонхо ин «харромихоро» кахрамон гуфта таърифу тавсиф менамуданд.
Дар асл дар давоми зиндаги бе камбуд намешавад, зиндаги пасту баландихо дорад, баъзан чангу чидолхо мешавад- аммо «хар ки сабр кард бурд кард».
Аммо баъзе духтароне буданд ки сабр накарда талок гирифтанд. Акнун инхоро гайри муйсафедон ва ё зани дуюму сеюм касе зани намегирифт.
Ана он соатхо ин занхо пушаймон гашта худро сарзаниш мекарданд. Он ки маслихатхое аз Тв ва ё интернет мешунавиданду бо он ъамал мекардаанд пушаймон гаштаанд.
САБАБ ЧИСТ?
Сабаби асосии сар задани чунин ходисахои нангин ин надонистани Ислому Имон аст! Гар он занону мардон донанд ки «худкуш»-и бадтарину палидтарин гунох аст ва нафари худро кушта абади дар Чаханнам азоб карда мешавад ба чунин ъамал руй намеоранд.
Аммо хар яки мову шумо хам волидайнем-бояд дар тарбияву дар зиндагии ояндаи фарзандони худ сахм гузорем. Онхоро аз пастиву баландихои зиндаги, камбудихо, баъзе чангу чидолхо хабардор намуда сабр карданро омузем.
Аз зиндагии Расули Акрам (дуову дуруд ба у) ва сахобагону бузургони Ислом ки баъзан якчанд руз гурусна мегаштанд киссахо намоем то донанд ки зиндаги бе камбуди намешавад.
То дар аввалин фурсат кахр карда суи хонаи волидайн надаванд!
То дар аввалин сахти худкуши нанамоянд!
Балки «сабр» намоянд- ва ё дигар сабр карда нашуд ана он гох ба хонаи волидайн оянду рохи халли мушкили чуянд.
Аммо ХЕЧ ГОХ хатто фикри ХУДКУШИРО накунанд!