Лабрети ишқ

Қисми 19

... Аз гиро шудани чароғи ҳуҷра Алёна бедор шуд. Антон такя ба девор зада меистод.
- Чӣ шуд, падар?
- Дима канӣ?
- Дима? Хабар надорам. Дар ҳуҷрааш нест?
- Ман гумон кардам... Хайр, фаромӯш кун.
- Чӣ шуд?
- Ҳеҷ гап не. Оби хунук дорӣ?
- Дар ошхона... Биёрам?
- Худам меравам. Ту хоб кун. Узр, ки бедор кардам.
Аммо Алёна бархоста ҳамроҳи падар то ошхона рафт ва аз оби ҷӯшонидашудаи сардгашта ба Антон дод.
- Маро ҳар гуна... фикрҳои... ором намегузорад. Аз ту як чиро пурсиданӣ будам. Дарро маҳкам кун.
Алёна дари ошхонаро пӯшида баргашт.
- Шин, - курсиро ишора кард Антон.
Алёна дар рӯ ба рӯи падар нишаст.
- Акнун рӯирост иқрор шав, аз ман пинҳон накун. Димаро дӯст медорӣ? - бо овози пасти нимшунаво гуфт Антон.
- Бениҳоят.
Ҷавоби Алёна гӯё ба сӯҳбати онҳо хотима гузошт. Антон дида аз симои духтар намеканд, боз ҳарфи гуфтание дошт ва ғарқи андеша буд.
- Чӣ ҳодиса шуд? - пурсид Алёна.
- Ҳеҷ. Ман танҳо... донистан мехостам, ки муносибати ӯ бо ту чӣ гуна аст.
- Пештара барин.
- Пештар чӣ гуна буд?
- Хуб.
- Оё ту бовар дорӣ, ки ӯ туро дӯст медорад?
- Шубҳа дорӣ?
- Аммо ӯ дар ин бора ба ман ҳарфе нагуфтааст.
- Чаро ба ту гӯяд?
- Охир ман падар ҳастам.
- Медонад, ки падарам ҳастӣ. Шояд фурсаташ нарасида бошад?
- Донишгоҳ мехонӣ?
- Не. Дар ягон вазифа кор карданӣ ҳам нестам.
- Диплом медоштӣ, туро дар ягон вазифаи роҳбарикунанда мегузоштам.
- Дима ҳам диплом надорад. Гуфтӣ, ки директори ферма мешавад.
- Ту ҳам директори ферма шуданӣ? Мо як ферма дорем.
- Говдӯш мешавам.
- Ақлатро хӯрдӣ? Ман директори генералӣ, ту говдӯш?
- Ту диплом дорӣ.
- Меҳри падарӣ ҳам дорам.
- Чӣ гуфтан мехоҳӣ?
- Димаро бедор кун!
- Соат нав се шуд.
- Мо бояд тақдирро ҳаллу фасл кунем.
- Соати сеи субҳ?
- Соати фаро расидани маргро медонӣ? Ё марг ҳам расидани рӯзро мунтазир мешавад?
- Ту Димаро куштанӣ?
- Ақл надорӣ духтарам, рав Димаро даъват кун.
- Бешӯхӣ?
- Ман ҳазл намекунам.
Алёна то назди дар рафт ва ба падар нигарист, ки шояд ӯро баргардонад. Аммо ӯ ба як нуқта назар дӯхта меистод. Алёна оҳиста рафта чароғи ҳуҷраи Дамирро гиро кард. Дамир бедор буд.
- Хоб нестӣ?
- Не. Чаро омадӣ? Рав, ки падарат бохабар мешавад.
- Падарам туро даъват дорад. Агар дар бораи муносибатамон пурсад, "дӯст медорам" гӯй.
- Ақлат дар ҷояш? Ман наметавонам ин тавр гуфта.
- Роҳ гард, падарам мунтазир.
Дамир аз ҷо бархоста аз паси Алёна то ошхона рафт. Антон дар ҳақиқат онҳоро интизор буд.
- Барои маълумот ва барои маҷлис як ду чизро аз ту пурсиданӣ будам, - гуфт Антон.
- Марҳамат.
- Ҳамроҳат чанд нафар кор мекунанд?
- Панҷ нафар. Се мард ва ду зан.
- Ду зан бо чӣ кор машғуланд?
- Занҳо ба корҳои шавҳарашон кӯмак мекунанд, хӯрок мепазанд, рӯбучин...
- Ту ба ман даҳ нафар ваъда додӣ.
- Меоянд рӯзҳои наздик. Мо дина дар ин бора маслиҳат кардем. Шояд аз даҳ нафар ҳам бештар шаванд.
- Даҳ нафар кифоя.
- Мо маслиҳат кардем, ки... албатта бо иҷозати ту... ва маблағгузориат... Агар имконият бошад.
- Чӣ маслиҳат кардед?
- Дар назди ферма гармхона созем, пору ҳаст, аз басандагӣ бештар. Бо маҳсулотҳои кишоварзӣ аққалан ошхонаи коргоҳро таъмин кунем.
- Ақидаатон бад не, аммо дар гармхона чиро парвариш мекунед?
- Помидор, бодиринг, карам, кабудӣ ва ҳатто лимонро.
- Ман ин масъаларо пагоҳ дар маҷлис мегузорам. Албатта маблағ мегузаронем. Чӣ қадар маблағ лозим? Оё мутахассис дорем?
- Мутахассис дорем, ки таҷрибаи зиёди корро дорад.
- Пас аз як ҳафта чорворо меорем, мо ваъда додем, ки аз якуми октябр говҳо аз мо мешаванд. Чунки онҳо захираи хӯроки чорворо надоранд. Барои дастрас кардани хӯрока ба хоҷагиҳо рафта шартнома мебандӣ, ҳарчӣ арзонтар бошад ба нафъи худамон.
- Фаҳмидам.
Антон хомӯш монд. Алёна сабаби ба дигар мавзӯъ рафтани сӯҳбатро намефаҳмид.
- Гармхонаро дар як гектар ба нақша гир. Алёна роҳбараш мешавад. Чӣ қадар масолеҳ лозим маълумот пешкаш кун.
- Алёна ҳоло ҷавон аст, - ба Алёна нигарист Дамир, - масофа дур, ранҷ мекашад.
- Дар хобгоҳ ҷо медиҳӣ.
- Хобгоҳ хунук, айвонро оинабандӣ кардан лозим меояд.
- Оинабандӣ кун! Шароити хуби кору истироҳатро таъмин кун, ба ҳар хона телевизор гузор, печка хар, ҳезуму ангиштро захира кун. Ту директори ферма, ман не-ку.
- Ман маблағ надорам.
- Ба ман муроҷиат кун. Сарфакорона истифода бар, истеҳсолотро зиёда гардонед, талаб карданро омӯз, корро ба ҳоли худаш нагузор.
- Мекӯшам.
- Инак, ферма ва гармхона тобеи коргоҳи мо мешавад вале мустақилона амал мекунад. Ҳама гуна нақшаву чорабиниҳо бо иҷозат ва дастгирии коргоҳи "Шахерзад" доир мегардад.
Сипас ба Алёна рӯ овард:
- Имтиҳони хатм кай сурат мегирад?
- Ба фикрам моҳи июль.
- Аз якуми август ту роҳбари гармхона.
Аз мавзӯъи асосӣ дур рафтани суҳбат Алёнаро дар ҳайрат гузошт. Хеле мунтазир шуд, ки падар аз Дима муносибаташро бо духтараш мепурсад, аммо ҳайҳот. Шояд донистан ҳам нахоҳад, ки Дима дар ҳақиқат ӯро дӯст медорад ё не.
- Боз ягон масъалае ҳаст, ки кӯмак карда тавонам? - пурсид Антон ва ин сухан дар дили Алёна шарораеро фурӯзон кард. Дамир ба андеша рафт.
"Ҳозир мегӯяд, ки ман Алёнаро дӯст медорам" - андешид Алёна. Аммо Дамир хомӯширо ихтиёр карда буд, шояд ҷуръат намекард.
- Ягон гуфтание надорӣ, - ниҳоят бо овози ларзон пурсид Алёна.
- Барои таъмири хобгоҳ оё маблағ ҷудо шудааст? Мо қисми масолеҳи сохтмониро дастрас кардем. То фарорасии зимистон мехостам айвон оинабандӣ шавад.
"Ландаҳури тарсу" - қариб ин суханро Алёна ба забон оварда буд.
- Тиреза фармоиш диҳем? - пурсид Антон.
- Ба мо танҳо оинаву тахта лозим, усто дорем, гуфт, ки дар як моҳ ба пуррагӣ оинабандӣ мекунад. Сониян агар имконият бошад поруи кӯҳна дар худамон боқӣ монад. Поруҳои навро дар ягон чуқурӣ мепӯсонем то барои солҳои минбаъда нуриҳои минералӣ аз худамон бошад.
- Мо даҳ гектар заминро ба иҷора гирифтем. Як гектар барои гармхона, ним гектар барои пору, магар молро бо хӯроки худӣ таъмин карда метавонем?
- Наметавонем. Боз даҳ гектари дигар аққалан лозим аст.
- Ман худи пагоҳ бо Миша маслиҳат мекунам. Боз понздаҳ гектар хоҳиш мекунам.
- Шумо бемалол сӯҳбататонро идома диҳед, - гуфта Алёна ба хонаи худ баргашт.
- Ту ҳам рав, каме истироҳат кун, - гуфт Антон ба Дамир, - ман барои баромадам матн бояд чоп кунам.
Дамир ба ҳуҷраи худ гузашт, то каме ёзида истироҳат кунад. Чароғро хомӯш карданӣ буд, ки Алёна омад.
- То ин дараҷа беҷуръат буданатро нав фаҳмидам, - гуфт пичиррос зада, - безор кардед бо поруятон.
- Поруи мо не, аз говҳо. Чаро ман беҷуръат будаам?
- Нагуфтӣ-ку аз муҳаббатамон?
- Ӯ аз ман дар масъалаи кор пурсон шуд. Сониян, пас аз хатми мактаб ба наздам меравӣ. Он гоҳ ману ту озод, кабӯтар барин.
- Ман донишгоҳ мехонам.
- Хон, рӯзона донишгоҳ, шабона бошишгоҳ.
- Худи ҳозир рафта гӯй, ки маро дӯст медорӣ!
- Не, ҳоло фурсаташ нарасидааст. Каме сабр бояд кунем. Ту ба Алёша ваъда надодӣ?
Ин дам дар кушода шуду Антон даромад.
- Шумораи умумии коргаронро чанд нафар нависам? - пурсид аз Дамир, гӯё Алёнаро намедид.
- Гуфтам-ку, мо шаш нафарем.
- Не, дар нақша чанд нафар коргар ба ҳисоб гирем, бисту панҷ нафар ва ду роҳбар?
- Ҳамин қадар будагист? - паси сар хорид Дамир, - Пас барои мо боз нуздаҳ коргари дигар лозим?
- Бале, тезтар дар ҷустуҷӯяшон шав, - гуфт Антон ва аз дар берун шуд.
- Маро шарманда кардӣ, - гуфт Дамир, - шарт буд ҳозир омаданат?
- Пагоҳ ба ферма меравӣ, Худо медонад кай бармегардӣ.
- Ту ҳам "Худо" гуфтӣ-ку?!
- Мегӯям минбаъд. Боз талаби онро мекунам, ки дар дилат каме меҳр пайдо кунад.
- Аллакай пайдо кард, ба қудратат гардам, - Дамир Алёнаро сахт ба оғӯш гирифт, - бовар кардӣ?
- Бовар кардам, имрӯз занг мезанам, ҷавоб деҳ. Бегоҳ бармегардӣ?
- Не, кор ниҳоят бисёр, вале фурсат кам. Хобгоҳ, ки тайёр шуд, туро ба тамошояш мебарам.
- Рӯзи якшанбе рафта дар корҳоят кӯмак мекунам. Ранг молида метавонам.
- Айни муддао, фарши хонаро ранг мемолӣ. Маслиҳат пухт?
- Пухт!
... Нисфирӯз Антон Дамирро ба идора даъват кард. Бояд барои оинабандӣ кардани айвон масолеҳ барад.
- Ёрдамчӣ ёфтед? - пурсид аз Ӯрмон-амак, - раис барои оинабандӣ кардани айвон иҷозат дод ва маҳсулоти заруриро ҷудо кардааст.
- Ёрдамчӣ - ҷияни худам, рӯзҳои шанбе ва якшанбе омада кӯмак мекунад.
- Хеле хуб, пагоҳ шанбе, биёяд. Барои ҳар рӯзи кораш якуним ҳазор дастмузд мегирад.
- Мо чӣ?
- Пас аз ба анҷом расидани таъмир маош мегиред. Аз шумо рӯзбайъ не.
Дамир ба квадроциклаш савор шуда рафт.
- Дар охир фиреб надиҳанд хуб мебуд, - гуфт Ӯрмон-амак ба ҳамроҳаш, - Ман чанд маротиба ба дасти фиребгару қаллоб, миёнараву маошхӯрҳои иловагӣ афтидаам.
- Ҷавони хуб барин метобад, чӣ вазифа дорад?
- Ин ҳам як началник, корчаллон барин. Медонӣ, ӯро бори аввал дар шаҳр дида будам. Дар ҳамин чорчархааш як духтарчаи русро савор карда мегашт.
- Духтарчаи русро аз ҳисоби заҳмати мову ту обу дон медодагист?
- Албатта, боз аз куҷо мешуд? Кадомеро фиреб карда чорчарха харидааст, чорчарха пагоҳ мошини калони арзишманд мегардад. Мову ту аҳмақ, ба як бурда нон қаноат мекунем.
- Агар маошамонро надиҳад, чорчархаашро савор мешаваму меравам. Мефурӯшам ва пулашро тақсим мекунем.
- Инҳо гурги борондида, рӯзи маош даҳ нафар шуда меоянд, лом гуфта наметавонӣ...
Дамир бегоҳ бо як мошини боркаш баргашт. Мошин аз тахта ва оина лаболаб буд. То як поси шаб ҳамаро зери айвон ҷо карданд. Нав дар сари дастархон нишаста буданд, ки Алёна занг зад.
- Ҳозир мошинро гуселонидем, - гуфт Дамир, - фурсати занг задан надоштам. Бегоҳи шанбе меравам ва субҳи якшанбе туро меорам.
- Ба русӣ тоза ҳарф мезанӣ, - гуфт Ӯрмон-амак, - ин ҳамон духтари чорчархасавор нест? Ё боз дигараш?
- Худи худаш, - хандид Дамир, - мехоҳад дар корҳоям кӯмак кунад. Ваъда додам, ки рӯзи якшанбе меорам.
- Охир, вай кӯдак аст, чӣ кор карда метавонад?
- Дарвоқеъ, ҳамин кӯдак директори гармхона мешавад.
- Кадом гармхона?
- Аз хотиратон баромад? Дина маслиҳат кардем-ку? - Боз хандид Дамир, - пир шудед-чӣ?
- Наход барои як гармхона директор лозим бошад?
- Гармхона дар масоҳати як гектар, ба маблағи ҳаштод миллион сохта мешавад.
- Инро ба ту кӣ гуфт?
- Шаб то дер маҷлис доштем. Раис аз нақшаҳо пурсид. Маслиҳатамонро баён кардам. Розӣ шуд, гуфт, ки тезтар коргар ҷамъ кунем. Тӯрахон кай меояд?
- Пагоҳ. Аммо танҳо бо Тӯрахон кор ҳал намешавад, вай ҳамагӣ як тракторист.
- Хешу табор бошанд, даъват кунед, ба мо боз ҳаждаҳ нафар коргар лозим. Танҳо кӯшишу ғайрат дошта бошад. Фарқ надорад, зан аст, мард аст, духтар ё писар.
- Пас кор нав сар мешавад гӯй? Дар ду рӯз ҳаждаҳ нафар ёфта меорам.
Тӯрахон омаду дар ду рӯз тамоми тракторҳоро ба кор андохт ва "завгар" (заведующий гаража) ном гирифт. Минбаъд ҳама ӯро Завгар ном мебурдагӣ шуданд. Бегоҳи рӯзи шанбе Дамир ба хонаи Антон баргашт. Алёна аз дигар навъи хӯроки фирмавиаш омода карда ӯро мунтазир буд.
- Падарат кай меояд? - пурсид Дамир.
- Занг задам. Гуфт, ки имрӯз наметавонад ва барои ҳамроҳат рафтанам розӣ шуд.
- Шахерзад-чӣ?
- Ҳамин-ҳоло бояд расад. Дастонатро шӯй.
- Аввал мӯъҷизаи техникаро ба қувва пайваст мекунам, то пагоҳ дар нимароҳ намонем.
- Аввал, - Алёна ангушташро ба лабонаш бурд, - як бӯса!
- Дастонамро шӯям...
- Ту бо дастонат мебӯсӣ?
Дамир уқобвор қанот кушода дар назди Алёна қарор гирифт ва аз лабонаш бӯсаи кӯтоҳе гирифту пас гашт.
Аз ин амали Дамир Алёнаро ханда гирифт.
- Дастонат ифлос, барои ҳамин бол баровардӣ?
- Бале.
Аммо қаноташ ҳанӯз кушода буд, ки Фараҳноз омад.
- Кӯшиши паридан дорӣ? - пурсид ӯ.
Аммо Дамир сир бой надода дар ҳамин аҳвол назди хоҳараш рафт ва аз рухсораи ӯ низ бӯса гирифт.
- Ба додарам имрӯз чӣ шуд? - хандид ӯ, - париданро меомӯзад?
- Гуфтам, ки дастонат ифлос, ба парвоз омад, - хандид Алёна.
Фараҳноз дар хотир надошт, ки кай додараш то ин дараҷа хушҳол буд. Кайфияти Дамирро дида мондагии корро фаромӯш кард. То дер чорнафарон сӯҳбати самимӣ карданд. Имшаб ҳама хушҳол буд...
Дар омади гап Дамир аз аҳволи Муҳиб пурсон шуд.
- Нияти тӯйро надоред? - пурсид ӯ.
- Ҳанӯз не. Шояд соли модарашро интизор бошад. Ҳар гоҳ маро мебинад, туро мепурсад.
- Бисёр вомехӯред?
- Моҳе як маротиба, - Фараҳноз бо овози баланд хандид, - лекин то ҳол изҳори муҳаббат накардааст.
- Ҷавонони имрӯза латтакӯҳна, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Алёна ва ба Дамир ишора кард, - ана як намуна, воситаи аёният.
Садои ханда боз баланд шуд.
- Ман як дӯстдошта дорам, арзи дилро ба ӯ мегӯям, - гуфт Дамир ба Фараҳноз чашмак зада.
- Дидам, чашмак задӣ, пас дурӯғ мегӯӣ, - гуфт Алёна, - маро фиреб дода наметавонӣ.
- Чӣ ном дошт он духтар? - пурсид Фараҳноз, - Сабрина буд ё Шарлотта?
- Шаппотӣ ном дошт, - Алёна дасташро то манаҳи Дамир бурд.
Дамир аз банди дастони нозуки Алёна дошта хандид:
- Дастчаро бинед, бо ин дастон шаппотӣ ҳамчу навозиш аст. Ин дастҳо аз хӯрокпазӣ дигар ба боқӣ корҳо истифода нашудаанд.
- Чунон занам, ки аз рӯят шарора парад! - Алёна ҳарчанд кӯшид, аммо дасташро раҳо карда натавонист. Бинобар бо дасти дуввумаш дасти Дамирро пучид, - пӯсти Дима аз чарм бошад, ки таъсир надорад.
- Сар деҳ дастонашро, пӯсти сафед дар як лаҳза кабуд мешавад, - гуфт Фараҳноз.
Дар ҳақиқат банди дастони Алёна аллакай кабуд шуда буд.
- Бар падарам нишон медиҳам, ана бурҳон, ки бар ман зӯроварӣ кардӣ.
- То саҳар гум мешавад, - гуфт Дамир.
- Ман сураташро гирифта мемонам, ё ба дӯстдоштанат иқрор мешавӣ ё ҷазо мегирӣ, - Алёна телефонашро гирифта дасташро аз ҳар тараф аккосӣ кард.
- Хуб, пагоҳ ҳама ба кор мераванд. Ту ҳам барвақттар хоб кун, субҳ соати ҳафт ба роҳ мебароем, - гуфт Дамир ба Алёна ва худ ба ҳуҷраи худ гузашт...
Роҳи ферма дар назари Алёна ниҳоят дур намуд. Қариб як соат дар паси Дамир нишаста ӯро мустаҳкам дошт. Аз насими саҳар ва боди суръати чорчарха танаш ба ларза омад ва худро ба Дамир ҷафс кард. Дар ферма аллакай кор меҷӯшид. Се ҷавони навомада поруро дар прицеп бор мекарданд.
- Монда набошед! - гуфт Дамир квадроциклашро дуртар қарор дода ва ба Алёна фармуд, ки ҳеҷ ҷо наҷумбад. Худ рафта бо ҳар яке гарм аҳволпурсӣ кард.
- Барои кори доимӣ омадед ё муваққат?
- Доимӣ. Аммо биргад (бригадир) мегӯяд, ки ҷои хоб намерасад.
- Чӣ хел намерасад? Даҳ хона дорем.
- Таъмир мекунанд ва ҷойгаҳ надорад.
Нав ба хотири Дамир расид, ки онҳо ҳамагӣ даҳ ҷойгаҳ доранд.
- То бегоҳ ҳал мекунем, - гуфт Дамир ва боз пурсид - Шумо чанд нафаред?
- Намедонам, дар назди бино боз бист нафари дигар ҷамъ омадаанд. Мо дуредгар нестем, бинобар ба порукашонӣ фиристоданд.
- Бист нафари боқимонда ҳама дуредгаранд?
- Ба фикрам ҳамин хел...
- Цехи дуредгарӣ надорем мо, - Дамир квадроциклашро савор шуда назди хобгоҳ омад.
Дар ҳақиқат дар назди хобгоҳ ягон ҳашт нафар занон ва даҳ-дувоздаҳ нафар мардон ҷамъ омада буданд. Дамирро дида Ӯрмон-амак наздаш омад.
- Раис, мо ба гумонам ниҳоят бисёр шудем.
- Ба гумонатон не, аниқ бисёр шудед, - сипас назди ҷамъомадагон рафта ба ҳама саломи умумӣ дод.
- Ассалому алейкум ҳамватанон. Чанд нафар шудем?
- Бисту ду нафар, - гуфт Ӯрмон-амак.
- Кӣ метавонад тиреза сохта?
Қариб аксари мардон садо баланд карданд.
- Ин ҳеҷ имкон надорад, ки ҳама дуредгар бошем. Кадоме аз шумо асбобҳои дуредгарӣ дорад?
Ду нафар аз мардон назди Дамир омаданд.
- Канӣ асбобҳоятон?
- Дар хонаи иҷора, метавонем худи ҳозир орем.
- Дар шаҳр зиндагӣ доред?
- Бале, мошини шахсӣ дорем, дар ду соат бармегардем.
- Равед, фурсат ғанимат, - Дамир ду нафарро гуселонида ба занҳо муроҷиат кард:
- Шуморо шавҳаронатон дар куҷо?
Маълум шуд, ки шаш нафар зану шавҳар омадаанд.
- Занҳо дуредгар нестед?
- Не, - ҳама хандиданд.
- Тракторист нестед?
- Мо тракторист, - гуфта ду марди дигар назди Дамир омаданд.
- Ин кас завгари шумо, - Тӯрахонро ишора кард Дамир, - равед ба ферма ҳамроҳашон.
- Мо либоси корӣ надорем.
- Ҳо дари ҳуҷраи охирин кушода, мувофиқи андозаи танатон либосу мӯза гиред. Экскаватор ба кор даромад? - пурсид аз Завгар.
- Соат барин.
- Ковш дорем?
- Дорем.
- Дар паҳлӯи бинои ферма чуқурӣ мекобед. Чуқуриаш се метр, паҳноияш панҷ метр. Барои гӯронидани пору.
- Дарозиаш чӣ?
- То қади кӯча. Поруи хушкидаро дар дигар ҷо ҷамъ мекунем. Ин барои поруҳои нави имсола.
Сипас боз ба занон муроҷиат кард.
- Кадоме аз шумо бо дастгоҳи ширдӯшӣ кор кардааст?
Танҳо як зан даст бардошт.
- Шумо хола дигаронро меомӯзонед. Ба мо даҳ нафар зани ширдӯш лозиманд. Шумо чанд нафар?
- Ҳафт нафар.
- Метавонед дусад сар говро дӯшида?
- Кӯшиш мекунем.
- Корро аз камаш сар мекунем. Пагоҳ панҷоҳ сар говро тариқи таҷрибавӣ дастрас мекунанд. Бо ҳамин шумора се рӯз дугонаҳоятонро омӯзонед. Розӣ?
- Розӣ.
Дамир дар дафтарчааш чизеро кайд кард ва боз ба занон рӯ овард:
- Ба ягон хонаи таъмиршуда дароед, мо бо мардон сӯҳбати мардона дорем.
- Дима! - ниҳоят дилтанг шуда фарёд кард Алёна, - шинам ҳамин хел? Монда шудам.
- Туро қариб фаромӯш кардам, - хандид Дамир, - фарову як гирду атрофро саёҳат кун.
Сипас ба мардон муроҷиат кард:
- Ман Дамир ном дорам, аз Тоҷикистон. Бо супориши директори генералӣ ва дастгирии шумо албатта, роҳбарии кори фермаро ба дӯш гирифтаам. Мо ҳама муҳоҷирем, як луқма нон гуфта, зану фарзандонро ба паноҳи Худованд супорида омадем. Ферма ҳам ҷои корамон аст ва ҳам истиқоматамон. Бо ҳам дӯсту тифоқ бошем ва ҳалол меҳнат кунем. Дуздӣ накунем ва бо сари баланд ба Ватан баргардем. Ҳамдигарро дастгирӣ кунем ва маоши баландро насибамон гардонад.
Касе аз мардон "омин" гуфта монд.
- Дар назди мо се вазифаи муҳим истодааст. Якум сохтмони анбор барои маҳсулоти хом, анбор барои нигаҳдории дастгоҳҳои ширдӯшӣ. Дуюм омодагӣ ба қабули чорво, омода кардани ҷо барои хӯрокаи чорво ва ниҳоят сохтмони гармхона. Нақшаи рӯзонаи истеҳсоли шир панҷ тонна муқаррар шудааст, бештар истеҳсол кунем маошамон зиёд мешавад. Барои камтар шудани хароҷот пешниҳод мекардам, ки як бинои фермаро анбори маҳсулоти хом кунем. Дастгоҳҳоро муваққатан дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ ҷой медиҳем. Бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ба сохтмони гармхона то оғози фасли сармо асос гузорем. Интихоби касбҳоро ба ихтиёри худатон мегузорам. Мутахассис бояд кори сохтмонро роҳбарӣ кунад.
Миёни мардон таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт. Аз фурсат истифода бурда Дамир ба Антон занг зад.
- Бисту панҷ нафар коргар аллакай машғули кор ҳастанд. Ҷойгаҳ намерасад.
- Рафта аз мағоза хар, маблағашро мо ба суратҳисобашон мегузаронем.
- Дигар масъала: имрӯз қисми зиёди ферма аз пору тоза мешавад. Оё имкон дорем, ки панҷоҳ сар говро пагоҳ дастрас кунем? Занҳо таҷриба мекарданд.
- Метавонем. Панҷоҳ сар худи пагоҳ дастрас мегардад. Алёна ҳамроҳат?
- Бале, дар паҳлӯям.
- Эҳтиёт кунед.
Вазифаҳо муайян, ҳама ба кори худ шурӯъ кард. Пас аз баргаштани дуредгарон Дамир хоҳиш кард, ки ӯро бо ҳамроҳии Алёна то шаҳр расонад. Дуредгар-ронанда розӣ шуд.
- Маро гуфтӣ, ки ранг мемолам, ба куҷо меравем? - пурсид Алёна дар паҳлӯи Дамир ҷо гирифта.
- Рангмолиро фаромӯш кун, намебинӣ чӣ қадар коргар дорӣ?
- Дорам гӯй.
- Воқеан, ин кас директори гармхона ҳастанд, - Алёнаро ба ронанда шинос кард Дамир, - Алёна Антоновна.
- Тоҳир, - худро муаррифӣ кард ронанда, - вале амакам ҳам маро Тоха ном мебарад.
Аз тарзи суханронӣ ва рафтори ҷавонмард маълум буд, ки ӯ солҳои зиёд дар муҳоҷират аст.
- Пештар дар куҷо кор мекардед? - пурсид Дамир.
- Мо аксар аз як маҳаллаи тоҷикнишини Қаршӣ ҳастем, бо ҳамдигар хешу табор. Амакам даъват кард, аввал дар сохтмони як завод кор кардем. Заводро ба истифода доданд, болопӯши хонаҳоро истеҳсол мекард. Тасаввур кунед, дар як заводи калон даҳ нафар коргар. Ҳамаи корҳоро техника иҷро мекунад. Сипас ба фабрикаи истеҳсоли дару тирезаҳо гузаштем. Бинобар ҳамин ҳама худро дуредгар гуфт.
- Дару тиреза сохта бошед, дар ҳақиқат дуредгаред.
- Дар сари дастгоҳ дувоздаҳ соат рост меистодем. Дар он ҷо низ ҳама корро техника иҷро мекунад, аз мо танҳо андоза гузоштану ҷои қулфу дастакро сӯрох кардан ва дар қуттӣ ҷо кардан. Ҳар смена сесаду панҷоҳ дона норма. Мушкилаш бардору фарор, бурда дар анбор таҳ кардан.
- Хеле хуб!
- Ҳеҷ ҷои хубӣ надорад.
- Хешу табор буданатон хуб. Хислати ҳамдигарро медонед ва якдигарро дастгирӣ карда метавонед. Айвонро ҳамчун филиали гармхона истифода мебарем. Тухмиро дар ҳамин ҷо омодаи кишт мекунем. Бинобар, бояд зери айвон ҳавои гарму мӯътадил ва равшании дастрас дошта бошад.
- Ящикҳои парвариши тухмӣ дорем?
- Дувоздаҳ нафар дуредгар дорем.
Ҷавоби саривақтии Дамир Тоҳирро писанд омад магар, ки табассум кард.
Ҷойгаҳ, зарф, сару либоси махсус, хӯрокаро харида бо мошини боркаши коргоҳ гуселониданд.
- Алёна Антоновнаро то хонаашон мерасонем, сипас ба ферма бармегардем, - гуфт Дамир.
- Ман ҳамроҳат, - рад кард Алёна, - бояд аз раванди кор ошно шавам.
- Ту бояд ҳисоботро барои кори имрӯза тартиб диҳӣ, - Дамир ба Алёна чашмак зад.
Аз рӯи нишондоди Дамир то хонаи Антон расиданд. Дамир Алёнаро то дари хона гуселонд.
- Антон фармуд, ки тарҳи сохтмони гармхонаро аз интернет дастрас кунӣ ва нақшаашро дар коғаз чоп кунӣ. Масоҳат як гектар.
- Бегоҳ бармегардӣ?
- Албатта. Маро мунтазир шав.
Дамир шитобон омада дар мошин нишаст.
- Ин хонаи Антоновна аст? - пурсид Тоҳир.
- Бале.
- Ин қадар маблағро аз куҷо меёбанд?
- Шабу рӯз заҳмат мекашанд, шунидӣ Антоновна чӣ гуфт? Фарши хобгоҳро рангмолӣ омада буд. Ман нагузоштам.
- Духтар хеле ҷавон барин.
- Хеле ҷавон, вале кордон.
* * *
Дамир як нафарро ошпаз таъин кард. Ин зан нисбатан солхӯрда менамуд.
- Шумо сарошпази мо, хола, дастурхони бисту панҷ нафарро саришта мекунед. Соати ҳафт наҳорӣ, дувоздаҳ нисфирӯзӣ, бегоҳ ба кайфиятатон вобаста. Гӯштро ба андозаи гӯшашон медиҳед.
Дамир мекӯшид, ки бо ҳама ҳазл кунад. Аммо дар ҳама ҷо шахсоне ёфт мешаванд, ки ҳаҷву ҳазлро намефаҳманд, ин гуна эҳсосот барояшон бегона аст.
- Миёни русҳо гашта ҳурмату эҳтиромро намедонӣ! - гуфт марде, ки ба андозаи ҷисмаш мувофиқ либос намеёфт, - ин зан ҳамсоли модарат аст, шояд бузургтар.
- Ман чӣ гуфтам? Ягон сухани беҷо задам?
- Ҳазлу шӯхиро бо ҳамон оимчаи ҳамроҳатбуда кун.
- Ака, ҳамон оимча - директори шумо. Хоҳиш мекардам, ки ба иззати нафси ҳамдигар нарасем. Ман бо ҳама ҳазл мекунам.
- Бо ман ҳазл намекунӣ. Ман писари аммаат намешавам.
- Тоҳирако, - ронандаро наздаш даъват кард Дамир, - амакатон ҳамин кас мешаванд?
- Не, лекин бегона нестанд.
- Ба забони худатон фаҳмонед, ки ин ҷо макони муайян кардани эҳсосот нест. Ман намехоҳам касеро ранҷонам, аммо тарзи муомилаашон агар дигар нашавад, метавонанд ба танашон либос интихоб накунанд.
Тоҳир мардро дуртар бурда ким-чӣ маънидод кард.
Дамир ду ҳуҷраи мобайниро интихоб кард ва фармуд, ки қисми девори мобайниро кушода барои занҳо ошхонаи алоҳида созанд ва барои ин кор ду рӯз мӯҳлат дод.
- Дар ду рӯз наметавонем, - гуфт Тоҳир.
- Ман кӯмак мекунам.
- Не, раис, шумо бемалол аз паи коратон бошед.
- Ӯрмон-амак канӣ? Ман гуфтам, ки як нафарро барои ҳамин гуна корҳои ғайринақшавӣ гузоранд. Канӣ ҳама? Аз понздаҳ нафар мард се нафар боқӣ мондаанд.
- Ҳама дар ферма.
Дамир ҷониби ферма раҳсипор шуд. Дид, ки ду нафар кор мекунанд, дигарҳо тамошобин. Касе дар миён чизеро бо шавқ нақл дорад, ҳама хушҳол.
- Шунавандаҳо дар ин ҷо, ман ҳазламро бо киҳо дорам? Кӣ бекор? Киро ҳазлҳои намакин хонам?
Ҳама хомӯш шуданд.
- Чор нафар дар ин ҷо басанда, рафтем ҳамроҳи ман.
Дамир бо қалам дар девор ҷои барканданро ишора карду фармуд, ки деворро афтонанд.
- Бом ба сарамон фурӯ меравад, - гуфт ҷавоне.
- Ин девор борбардор нест, хавотир нашавед. Хишташро ҷудо карда оташдон созед, ҳо дар ана кунҷ. Цементу рег дорем.
Дар як лаҳза ҳамаро чанг пахш кард. Дастобадаст хиштҳоро аз девор ҷудо карда дар як тараф таҳ карданд. Танҳо як қисми девор, ҷое, ки оташдон дар назар дошта шуда буд, боқӣ монд.
- Сохтани оташдон вазифаи ҳардуи шумо, - ду нафарро ишора кард Дамир ва боз ду нафари дигарро фармуд, то аз паи мӯрӣ (дудбаро) бошанд.
Худ квадроциклро савор шуда ба хона баргашт.
* * *
- Сарам ҳеҷ чизро намегирад, ба дард даромад, - баробари Дамирро дидан гуфт Алёна, - аз ин хатҳо чизеро нафаҳмидам.
- Ту донишгоҳ хонданӣ будӣ-ку?
- Биё, беҳтараш кӯмак кун.
- Ман ҳамагӣ маълумоти нӯҳсола дорам. Канӣ, ба кадом саҳифа даромадӣ?
Ду нафар дар сари компютер нишаста хеле саҳифагардонӣ карданд. Дамир дар дафтари худ қайдҳо мекард. Сипас аз Алёна хоҳиш кард, ки яке аз расмҳоро дар коғаз чоп кунад.
- Айнан ҳамин гуна гармхона ба мо лозим меояд. Ин чоряки гектар. Аз ҳамин гуна гармхона чор дона месозем. Ана ин номгӯи материалҳое, ки барои сохтмон лозим мешаванд. Ҳамаи ин рақамҳоро ба чор зарб зан. Арзиши масолеҳро бо дастрас карданаш ҷӯё шав, ҳарчӣ арзон бошад, боз хубтар.
- Ман бояд хӯрок пазам.
- То ҳол напухтӣ?
- Фурсат надоштам.
- Шахерзадро хоҳиш мекунам, ягон чӣ меорад.
- Лозим нест! Ман имрӯз як намуди нави хӯрокро омӯхтам, дар ним соат омода кардан мумкин.
- Аҳа, туро гуфтам нақшаи гармхонаро бин, ту бошӣ... Боз дарди сар шудам мегӯӣ.
- Гармхона кори ман не. Ман директор!
- Барои директор будан аққалан пойдевор лозим. Э, нодонаке, рав, аз паи хӯрок шав!
То баргаштани хоҳараш Дамир тамоми лавозимотро бо арзишаш ҳисоб кард. Ҳатто арзиши корро муайян намуд. Маълум шуд, ки васлгари газу барқ ҳам лозим меояд. Ба амаки Ӯрмон занг зад.
- Сварщик дорем Амак?
- Дорем. Аммо дастгоҳ надорем.
- Дастгоҳ мехарем, худи усто интихоб мекунад.
Аз рӯи ҳисоби Дамир арзиши сохтмон наздик ба сивушаш миллион расид. Антон бошад ба ӯ аз шаст миллион ёдовар шуда буд.
- Марҳамат профессор, хӯрок тайёр, - гуфт Фараҳноз, - имрӯз хеле серкор метобӣ?
- Ғайричашмдошти ман, - компютерро хомӯш карда гуфт Дамир, - имрӯз ферма аз коргар пур буд. Ман ҳам дар такопӯ шудам. Ҳамаи онҳоро бо кор таъмин карда маош додан лозим.
- Ташкили кор мушкил, фермаву гармхона, ки ба кор даромад, он тарафаш осон. Барори кор, додарам!
- Ташаккур.
Дамир дар ҷогаҳ ёзида нақшаи кори фардоро мекашид. Панҷоҳ сар гови дӯшоиро меоранд, дастгоҳҳои ширдӯширо меоранд. Занҳо бо кори худ, таҷриба меомӯзанд. Зани таҷрибадор бригадири онҳо мешавад. Чор нафар аз ҷавонон барои пойдевори гармхона хандақ мекобанд. Чор нафар бо сохтани қолаб машғул мешаванд. Чор нафари дигар бо таъмири хобгоҳ ва сохтмони ошхона...
... Кор дар ферма ва гармхона дар авҷ буд, Антон супориш дод, ки то омадани барф гармхона ба истифода дода шавад. Барои кӯмак аз ферма низ кормандон ҷалб мешуданд. Дусад сар гов наздик ба чор тонна шир медод. Панҷ тоннаи нақша иҷро намешуд ва аз ин Антон норизо мегашт. Чанд маротиба бо Михаил телефонӣ сӯҳбат карда ӯро дар фиребидан ҳам гунаҳкор кард.
- Говҳои пирро ба мо фурӯхтӣ, - мегуфт ӯ, - гӯсолаашро гирифта ширашро хушк карда ба мо фиристодӣ.
Антон Михаилро вазифадор кард, ки тамоми говҳояшро сунъӣ бордор кунад ва дар парвариши минбаъда ба коргарон маслиҳатҳо диҳад.
- Камомади истеҳсоли ширро аз даромади гармхона рӯпӯш мекунед, - гуфт ба Дамир, - ё аз ҳисоби маошатон.
Эҳтимоли кам шудани маошро шунида қариб аксари мардон ба сохтмони гармхона пардохтанд. Дастгоҳҳои гармкунӣ ва равшанидиҳанда харидорӣ ва насб гардиданд. Хоки ҳосилхезро паҳн намуда дар ду гармхонаи омодашуда помидору бодиринг шинониданд. Аз сабаби серкорӣ Дамир низ дер ба хона меомад. Ҳуҷрае, ки дар хобгоҳ барояш ҷудо карда буд, ҳамчун анбори хӯрок ва сару либосҳои коргарон истифода мешуд. Минбаъд бо квадроцикл барояш мушкил буд. Бинобар сардии ҳаво қувваи аккумулятор танҳо ба як самт мерасид.
(давом дорад)
Лабрети ишқ

Комментарии