"ХУДРО НамеЁБаМ" .

Зиндаги вокеан хам худ пуртаззоду душвор аст. Вале ишки ту зиндагиро бароям аз буданаш душвортар муарифи кард. Мани содда як вактхо гумон мекардам ки ишк зебогии хаёт асту сафобахшандаи дилхо якин ки он вакт иштибох мекардаам. Ку он фарашу нишот? Аз он рузе, ки ман шайдои ту гаштам, шодмонию бегами калби маро тарк намуду чои он фироку хичрон лона гирифт. Зеро ман захри хичронро мекашаму мечашам, вале хеч не ки хотима ёбад.
Гумон мекардам ки касе маро ба худ моилу шайдо карда наметавонад ва ба худ бовари доштам. Аммо...аммо ту шишаи калбамро шикасти ва лахзае наметавонам ёдатро зи дил берун созам. Бовар намо ту азизи дили мани. Охир туро дуст дорам. Чун хезуми тар месузам чоно чи шавад ки боре зи сари лутф нигохи чозибанокатро ба суям карда медиди чи тавр ба дунёи ишки бехудаат гутавар гаштам. Рости намедонам чаро шояд чавоби инро ту дони эй ситораи дастнораси зиндагии ман. Шояд баъди мутолиаи ин сатрхои бо хуни дил нигоштаи ошики зор илтифоте намои...
Чун туро мебинам хама чизро фаромуш месозам. Хатто он суханро ки азм карда будам бигуямат.
Вале бидон:
..Агар хохам гами дил бо ту гуям, чо намеёбам,
..Агар чое шавад пайдо туро танхо намеёбам.
..Агар ёбам туро танхову чое хам шавад пайдо,
..Зи шоди дасту по гум мекунам, худро намеёбам.
Шояд пас аз мутолиаи ин сатрхо холати маро дарёби ва тараххуме хохи кард, ай азизи дили ман!
[ админ.м.sh .f. ]

Комментарии