Аҷаб сабре Худо дорӣ

Назар бар ҳоли мо дорӣ
Яке гирёну нолон аст
Дигар маҳкуми зиндони
Якерост ганҷу дорой
Дигар фарёд зи нодори
Якерост мулку подшоҳи
Дигар аз тарс огоҳи
Яе масту яке мафтун
Яке дилбаставу маҷнун
Яке оғуштай хун аст
Ба зери чархи гардун аст
Яке шодаст зи масти
Дигар дар ғурбату пасти
Яке дар бистаре бемор
Дигар дилхуши чангу тор
Яке овораву сарсон
Дигаре зери хок яксон
Худовандо Ту медонӣ
Ба ҳикмат сири пинҳони
Зи фитнаҳо нигаҳ дори
Бинмо раҳму вафодорӣ
✍✍✍✍✍✍✍✍✍

Комментарии

Комментариев нет.