ХУДОВАНДИ МУТАЪОЛ БА ҲАЗРАТИ МӮСО (А) ФАРМУД:

«Мо шаш чизро дар шаш ҷо қарор додем; вале мардум дар ҷои дигар онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳаргиз онҳоро дар онҷо нахоҳанд ёфт:
1) 🌗Роҳату осоиши мутлақро дар охират қарор додем, вале мардум дар дунё ба дунболи он мегарданд.🌓
2) 🌗Иззату шарафро дар ибодат қарор додем, вале мардум онро дар пусту (вазифа) мақом меҷӯянд.🌓
3) 🌗Бениёзиро дар қаноат қарор додем, вале мардум онро дар зиёдии молу сарват ҷустуҷӯ мекунанд.🌓
4) 🌗Расидан ба бузургӣ ва мақомро дар фурӯтанӣ қарор додем, вале мардум онро дар такаббур ва худбартарбинӣ меҷӯянд.🌓
5) 🌗Касби илмро дар гуруснагӣ ва талош қарор додем, вале мардум бо шиками сер ба дунболи он мегарданд.🌓
6) 🌗Иҷобати дуоро дар луқмаи ҳалол қарор додем, вале мардум онро дар тилисму ҷоду ҷустуҷӯ мекунанд.🌓»

Комментарии

Комментариев нет.