ЗАНИ ФАРМОНБАРИ ПОРСО!

Бисьёр таъсирбахш аст- бар ононе ки «қалби зинда» доранд!
Ҷавоне аз зиндагии худ ва сабаби ҳидояти худ боре қиссаи зебое карданд:
-У мегуяд,ки:
- Як замоне пас аз хатми донишгоҳ дар хориҷа ба ватан баргаштам ва падару модарам маро аввал ба кори хубе гузоштанду дертар оиладорам карданд. Занам аз оилае буд, ки чун оилаи мо ба истилоҳ «современний» .
Чун аз кор мегаштам уро дар хона намеёфтам ва ё ёбам хам даррав баҳонаҳо пеш меовард, ки « зиқ шудаам биё ягон ресторан хурокхури равем», «биё сайру гашти шабона бароем» ва ғайра.
Ман ҳам тайёр будам хохишҳои уро иҷро намоям. Чун падару модари ман соҳиби пулу мол буданд ман аз ҳеҷ чиз танқиси намекашидам.
Гапро зиёд намекунам чунин шуд, ки аввал модарам ҷавон вафот карданд. Мо ҳоло ба худ наомада будем, ки падарам ба бемории сахте бистари шуданд.
Акнун ман чун писари ягонаи хона аз падари бемор нигоҳу бин мекардам- аммо занам гуиё парвое надошта бошад ҳамон бехудагардиву шабгардиҳояш идома меёфт.
Баъзан у маро ҳам маҷбур ба сайру гашти шабона мебурд- аммо ҳушу ёди ман ба падар буд ки «чи аҳвол дошта бошад», «ба чизе зарураташ набошад боз»!
Ҳатто пас аз таваллуди духтарчаам ҳам феълу атвори занам дигар нашуд. У чун як гарданбандеро дар гардани дугонааш ва ё ҳамсояе медид даррав ба ҳамон монанд талаб мекард, баъзан ҳатто вохури бо дугонаҳо ва ё ҳамкурсон гуфта шабҳо хона намеомад.
Дар ҳафтае 1-2 бор хурок мекарду зиёд шикоят мекард, ки гуё уро ғулом карда бошем мо.
Инак падарам ҳам вафот карданд ва ман бо хоҳарам танхо мондам. Чаро танҳо? Чунки занам гуиё аз чунин зиндаги монда шуда бошад ба хонаи волидонаш қаҳр карда рафта буд.
Пас аз маъракаҳои падар ман рафта зораву тавалло карда онҳоро ба хона овардам. Чун мехостам падари меҳрубон бошам ва духтари худро тарбия кунам.
Афсус ин зан намехост дигар шавад ва аз гузашта зиёдтар талаб мекардаги шуд. У акнун аз ман талаб кард то ба у автомобиль харида диҳам.
Ман гуям мана мошини маро ва ё раҳмати падарамро , ки бекор хобанд ронда гард рози нашуд ва дубора қаҳр карда рафт.
Аммо харидани автомашина як баҳонае беш набудаасту у худ баҳона мекофт то баромада равад. Акнун ман аз инчунин зиндаги сахт асаби мешудаму сигоркашу арақхур шудам.
Баъзан аз зиёд нушидани арақ бо баъзе одамон дасто ба гиребон мешудам ва дар сару руям осори лату куб дида мешуд. Дар ҳолати масти ба хонаи хусуру хушдоман равам боре бо додарарусам дасто ба гиребон гаштам.
Маълум шуд, ки акнун зани ман ки ҳоло аз ман чудо нашудааст бо дигар марде «ҳамзист» шуда зиндаги мекардааст. Бовар кунед аз шунидани ин хабар дунё дар назарам «ҷаҳаннам» гардид.
Магар дар ҳамин ҷомеъаи мо ин кор мумкин аст? Замоне ки дар хориҷа мехондам чунин хабарҳоро зиёд мешунидам! Аммоооо….
Зане, ки аз ман боре бади надидааст, зане ки ҳар он чи ки талаб мекард ба у харида медодам, зане ки дар ҳама масъала озод буд, занеро ки ҳоло ман «талоқ» надодаам – имруз аз ман руй гардонида чун аврупоиҳо «сожитель» шуда бо марди бою бодавлате зиндаги мекардааст. Албатта ман худам ҳам зиёд гунаҳкор будам.
Як ду моҳ пас маро ба суд даъват карданд то масъалаи хатти талоқро барраси намоянд.
Ман ба онҳо гуфтам, ки дигар зан надорам ва ҳарчи ки мехоҳад кардан гираду ман на номашро шунавам ва на худашро бинам. Адвакат гирифтаму намоянда кардам ва дигар на суд рафтам ва на уро дидам.
Пас аз қарори суд як хонаи дуҳуҷрагие, ки падарам бароям харида дода буд суд ба ин зан дод. Аммо ман аз ин парвое надоштам.
Аммо арақхуриам дучанд гашт. Ёру дустону хешон насиҳатам кунанд онҳоро бадбини мекардам ва мегуфтам, ки «Гури ту ҷудо- гури ман ҷудо»!
Ҳатто боре хоҳарамро дар ҳолати масти лату куб кардам ва у қаҳр карда ба хонаи холаам, ки дар як дехаи атрофии шаҳр буд баромада рафт.
Рузи дигар аз карда пушаймон барои узрхоҳи ба хонаи холаам назди хоҳарам рафтам. Хоҳарам зиёд меҳрубон буд чун раҳматии модарам ва у маро бахшид.
Холаам зуд маро ба дигар ҳуҷра бурду ба ман гуфт:
- Суҳробҷон! Ту акнун ба Ҳалима ҳамчун падари ва ман бояд бо ту як маслиҳат кунам. Ҳалимаро як акои ҳамкурсаш хостгори карданист.
У мехоҳад рузи шанбе ба хонаат омада бо ту маслиҳат кунад. Бисьёр одамони хуб будаанд, хоҳарат ҳам рози. Аммо хоҳарат мегуяд, ки акаам рози шаванд аз паи туй шавем.
Рузи ваъдаги хостгорҳо омаданд ва хоҳари ягонаамро бо розигии ману холаам хостгори карданд. Домод ягона писари хона будаасту дар як ноҳияи кухистон зиндаги мекардааст.
Ҳарчанд онҳо дар шаҳр ҳам хона дошта бошанд ҳам зиёдтар дар он хонаи деҳа будаашон бо волидайн зиндаги мекарданд.Он хоҳари ягонааш ҳам оиладор шуда будааст.
Ман акнун чун танҳо мондам пурра шабгард шудам. Дустони нав ёфтам, ки аслан зиндагии чун «куршабпаракҳо» доштанд.
Шабҳо «бар» ба «бар» «дискотека» ба дискотека мегаштем-рузона хоб мекардем. Инчунин зиндаги то он шаб…..
- Мо дар ҳолати сахт мастиву беёди ба садамаи вазнине дучор шудем. Хурсандовар танҳо ин ки мо дигар мошинҳоро не, балки ба сутуми купруке бархурда будему дигаронро зарар нарасонидем.
Маро як дасту ду қабурғаам шикаста будааст. Муддате дар беморхона мехобидам.
Якчанд рузе гузашту хоҳарчаи гирёну нолонам аз куҷое ин хабари «шум»-ро шунида бо шавҳараш ба аёдатам омад. У беист мегиристу сухан гуфта наметавонист.
Худоро шукр мегуфтам, ки у рузҳои аввали пас аз садама маро надида буд чун сару руям варам буд ва маро шинохта намешуд. Ман уро илтимос мекардам хомуш шавад ва гуфтам, ки рузи дигар маро ба хона ҷавоб медиҳанд.
Инро шунида хоҳарам «ду по дар як муза дохтаги» барин зиёд якрави мекард то маро ба деҳа ба хонаашон баранд ва у маро бо шавҳараш нигоҳубин кунад.
Маҷбур рози шудам. Обу ҳавои деҳа ба ман сахт форид, ки дар як муддати кутоҳ қабурғаву дастам дубора сиҳат гашт ва ман акнун мехостам ба шаҳр баргардам. Аммо….
Домод як руз ҳангоми наҳоркуни гуфт, ки:
-Ака! Имруз хоҳаратон кати мехоҳем ба шумо як духтари холаамро шинос кунем. Ҳарчанд ин чиянам бо касе ҳарф намегуяд- аммо ҳамин бас аст, ки шумо уро бубинеду у шуморо.
Ман боз якрави кардани шудам- аммо гиряҳои хоҳарам маро маҷбур кард то рози шавам. Мо ба он хона рафта меҳмон шудем.
Муддате гузашту хоҳарам маро аз назди мардҳо ба дигар хона даъват кард. Дар он хона духтараки зиёд шармгине бо модараш меистод.
Дар сараш руймоли калоне дошт ва он сару руяшро мепушонд. Ман танҳо як камеи чеҳраашро дидаму халос.
Аммо ҳамин басанда буд, ки дар дилам оташи меҳр пайдо гардад. Хоҳарам акнун аз ман пурсид, ки рози ҳастам ин духтарро ба зани гирам.
Ман табассумкунон рози шудам. Холаамро, ки наздиктарин хешамон буд ба деҳа даъват намудему уро аз ин нийятам хабардор намудем. У сахт хурсанд шуд ва моро дуъои хайр дод.
Мо дар муддати кутоҳе туй кардем. Аммо ин туи кардаи ман бо он туйҳои пешина кардаву дидаам монанд набуд.
Балки бо хоҳиши волидайни арусшаванда мо маъракае кардему бе рақсу бозиву сарояндаҳо онҳо духтарашонро гусел намуданд.
Ҳарчанд арусшаванда то ба ҳол боре хонадор нашуда бошад ҳам чун баъзе духтарҳо пофишори накард то туи калону рақсу бози ташкил кунем.
Ин ҳамсари нави ман аз он занам пурра фарқ мекард:
- Аз дар дароям зуд аз ҷой мехест, аз дар баромадани шавам пойафзоламро зуд тоза карда ба пешам мегузошт, то шин нагуям намешишт.
У зиёд сухан намегуфт ва боэҳтиром ба саволҳоям ҷавоб мегуфт. Ягон сухани хуб гуям табассум мекарду кам сухан мекард. Ҳама либосҳоям тоза, хурок сари вақт тайёр- гуиё ман хоб медида бошам.
Акнун ман лаззати "зандори"ро дидам ва фаҳмидам ки оиладор будан чист. Чун он зиндагии аввалаамро бо ин зиндагиам муқоиса кунам фарқаш чун байни замину осмон буд.
Ҳоло хурусҳо бедор набуданд, ки занам бедор буду таҳорат карда намозхои нофила мехонд ва каме Қурьон хонда сипас намози бомдод мехонд.
Ҳама корҳои хонаро пурра мекарду аз хоб хезам хуроки наҳор тайёр буд.
Он зани аввалаамро гар чизе намегуфтам то нисфирузи «гов» барин мехобиду аз хуроки наҳору пешин ҳарф гуфта намешуд.
Рости хоҳари ман ҳам акнун ба худ чунин феъли хуб гирифта буд ва он «эрка»-гие ки дошт фаромуш карда буд. У ҳам либосҳои хубе ба бар карда буду намозхон шуда буд.
Як руз бинам у аз хушдоманаш ҳарфҳои Қур'они меомухт. Ин барои ман аҷоиб менамуд, чун мову хоҳарам дар муҳите ба воя расидаем ки либосҳои аврупои ба бар мекард ва на ҳарфе аз Қур'он медонисту на боре уву ман намоз хонда будем.
Акнун мо ба шаҳр баргаштани шудем. Он бегоҳе ки мо тайёри медидем ба хонаи хусурам рафта хайрухуш кардем. Он кас пас аз каме суҳбат ба ман насиҳати хубе доданд ки:
- Писарам! Худованд одамро халқ карду уро ҳам нафс ва ҳам ақл дод. Дигар махлуқотро нафс дод аммо ақл надод. Фариштахоро ақл дод-нафс надод.
Пас инсоне, ки нафсро мутеи ақл кунад Парвардигор уро аз фариштагон болову авло намояд- аммо инсоне ки ақлро мутеи нафс кунад уро аз пасттарин ҳайвон пасттару хору залилтар намояд.
Чун ақл аст, ки инсон некро аз бад, ҳалолро аз ҳаром, «ҳақ»-ро аз «ботил» фарқ мекунад! Фариштагоне, ки тамоми умр дар тоъату ъибодати Илоҳианд нафс надоранд- аммо инсон нафс дорад писарам.
Назм:
Ақл мегуяд биё хоҷаам ту тоати Ҷаббор кун!
Нафс мегуядки ҳай-ҳай тарки ин рафтор кун!
- Пас писарам ақли худ кор фармо то Худованд аз ту рози бошад. Гар Худованд, ки аз ту рози шуд ҳама некиҳову баракатҳои зиндагиро бонасибат гардонад.
Аллоҳро шинос то оқибат худро шиноси! Худро ба мартабаи фариштагон расон- на ҳайвонот!
Дар аввал ин суханони хусурам ба ман каме сахт расида буданд, чун мафҳуми ин гуфтаҳоро хуб нафаҳмида будам.
Аммо бо гузашти моҳу солҳо ин гуфтахо бароям равшан гаштанд ва донистам, ки ин беҳтарин насиҳате буд ки падар ба писар метавонад намояд!
Рузи дигар мо ба роҳ баромадем. Аз такси дар назди хона фароем ҳамсояҳо маро бо занам дида ҳайрон гаштанд.
Онҳо ба дидаашон бовар намекарданд, чун зани ман либоси Исломи «сатр» дошт ва либосҳои хубе ки пурра танашро мепушид ба бар дошт.
Чун мо пештар зиёд «современний» будем ҳамсояҳо аз ҳамин сабаб ҳайрон монда буданд. Ман бо занам ба хона даромадему либосҳои овардаамонро ҳам фаровардем.
Занам аз паи тоза кардани хонаву ҳавли шуду ман ба куча баромадам ва дидам, ки зану мардони гирду атроф чизе пичир пичир доранд.
Ман ба онҳо хабар додам, ки рузи дигар мехоҳам маъракае кунаму онҳо меҳмони мо шаванд. Ҳамин тавр ҳам кардам ва маъракаи хурде карда хабар додам, ки оила барпо намудаам.
Як чи зиёд зани маро ғамгин сохта буд, ки он ҳам бенамозии ман буд. Занам ҳар саҳар торики мехесту дару тирезаҳои хонаро мекушод. У намоз мехонд, Қур'он мехонд ва ба ҳавли баромада корҳои хонаро мекард.
Боре ман хунук хурдаму хашмгин шуда дод гуфтам то дару тирезаҳоро пушад. Чун тирамоҳ шуда буду ҳаво каме хунук гашта буд. Рузи дигар бинам занам ба дигар ҳуҷра гузашта намозу Қур'он мехондаги шуд.
Аз кардаи худ сахт пушаймон гаштам:
-чун зани аввалам сагфеълу бадху буд, ҳурмату эҳтиром надошт, шарму ҳаё надошт, бепарво суханони қабеҳ мегуфту ман боре ба у сахт сухан нагуфта будам.
Он зан дар фикру хаёлаш тиллову пулу мол буд, кайфу сафову беҳудагарди буд, аммо ман боре уро манъ накарда будам.
Аммо ин зане ки ҳоло дорам бо ҳама феълу атвораш шоистаи номидани «зани ҷаннати» буд, парвои пулу моли дунё надошт, ҳурмату эҳтиром нисбатам дошт, ҳама корҳояш бароям маъқул буду барои ин феъли хубашу барои Худотарсиаш ман суяш дод гуфтам.
Охир ман ин чунин занро бояд болои сар бардораму «маликаи» худ карор дихам то маро подшоҳи худ кунад. Ман бояд шабу руз беист Худовандро шукр гуям аз чунин зани «порсо»!
Дигар ин ки дар он муддат ба он одат карда будам, ки занам дару тирезаҳоро кушода Қур'он мехонд, чун он руз нахонд хаёлам чизеро гум карда бошам. Овози пасту маҳини Қур'онхонии занам дар дилам ҷой гирифта буд.
Ман аз ин ъамали кардаи худ пушаймон гаштам ва ҳангоми наҳор як руз аз у хоҳиш кардам то дубора ҳар саҳар дар ҳамин ҳучра намозу Қур'он хонад.
Ҷавобе , ки аз занам шунидам маро шармсор кард:
- Ман ҳадисе аз Расулаллоҳ (салаллоҳу Алайҳи ва салам) шунидаам, ки дар саҳарии барвақт баракати Илоҳи тақсим мешавад.
Ман мехоҳам дар хонаи шумо баракат дарояд, аз ҳамин сабаб дару тирезаҳоро мекушоям. Ман зиёд мехохам шумо ҳам бархезеду бандагии Аллоҳро кунед! Мусалмони ҳақиқи намоз мехонад! - ҷавоб гуфт занам.
У ин суханхоро гуфта аз паи корҳои хона шуд. Акнун ман сахт ба фикр рафтам ва ба гуфтаҳои занам андеша мекардам. Охир у 100% рост мегуфт- аммо ман на намоз хонда метавонам ва на сурае медонистам.
Чи кор кунам? Шарм медоштам ба занам инро гуям. Гумон мекардам, ки у мегуяд ки:
- Мусалмон шуда аз Ислом ҳеҷ чиз намедони? Магар шарм намедори аз чунин зистан? Магар бо ҳамин аҳвол ин дунёра мехоҳи тарк намои?
Хоҳарам, ки медонист ман на сура медонам ва на боре намоз хондаам ба ҳангоми омаданаш ба меҳмони ба ман китоби кирилии намозу таҳорат оварда дод.
Ман акнун каме вақти холи ки меёфтам даррав он китобро ба даст гирифта мехондам. Чун ба кори нав гузашта будам ин китобхонии маро занам намедид. Аз як ҳамкорам, ки намоз мехонд баъзе нофаҳмидагиҳоро мепурсидам.
Як руз ин дустам ба ман маслиҳати хубе дод:
- Ту беҳтараш биё таҳорат куну дар бари ман биист. Ман он ъамале мекунам чун ман бикуну он чи бо овози баланд мегуям такрор кун. Ин тавр ту зуд ёд мегири!
Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар муддате ман намоз омухтам ва якчанд сураву ташаҳҳудро. Як намози ҷумъа ҳам рафтам.
Як саҳар занам барвақт хезад ман ҳам хестам. Рафта таҳорат кардаму ҷойнамози нави харидаамро кушода ба намоз қоим шудам.
Бовар кунед он хурсандие, ки дар симои занам дидам бо гуфтан намешавад расонда. У мегуфт, ки ин беҳтарин ҳадяест, ки ман кардаам барояш.
Он руз у аз ман илтимос кард то ягон моле аз бозор харида биёрам. Раҳмати падарам зиёд бузу гусфанд дошту ба як дусташ дода буд то нигоҳубин кунанд. Пас аз тақсимоти моли раҳмати падар (тарака) он ҳама ба ман мерос гузошта шуда буд.
Рости он замон нисфи он бузу гусфандҳоро фурухтам ва ё ба хешу дустон тақсим карда будам- аммо ҳоло хам зиёд монда буд. Рафта як гусфанду бузи калонеро аз хонаи дусти падарам овардам.
Бо маслиҳати занам ҳарду чорворо кушта пурра «холисан Лиллоҳ» ба ҳамсоягону муҳтоҷон тақсим намудем.
Пас аз якчанд моҳи зиндаги рузе занам каме худро нотоб ҳис карду уро ба духтурхона бурдам то ташхис гузарад. Духтурзан наздам баромаду гуфт, ки занат якчанд моҳа ҳомила аст ва як ду моҳе мондааст барои таваллудаш.
Ончунон хурсанд будам, ки занамро ба бозор бурдам то барояш ҳадяҳо харам. Ҳарчанд у зид буд аммо барояш ду ҷуфт гушвору гарданбанд бо чалла харидам. Матоъҳои зебо харида додам.
Ин зан сабаби ҳидояти ман гашт ва рузе ба ман хайру саховатро низ омухт. Як руз пас аз кор ба хона баргаштаму занам маро хуб пешвоз гирифт.
Ҳангоми хурокхури у ба ман саволе дод ки:
- Мардак! Аз шумо мехоҳам иҷозат гираму як чуфти тилловории харидаатонро ба духтари ҳамсоя туҳфа намоям. У ду ҳафта пас туи аруси дораду ягон чаллаву гушворе надоштааст. Имруз модари бемораш ба хонаамон омада зиёд гирист.
Ин духтар аз кудаки ятим будаасту ғайри ин модари бемор як бародаре доштааст, ки якчанд сол шудааст ба Россия ба муҳоҷират рафта бедарак гаштааст. Шумо ба ин чи мегуед?
- Биё беҳтараш ман ба у рафта аз бозор чунин чаллаву гушвор мехарам-аммо ту туҳфаи маро худат гардон! - ҷавоб гуфтам ман.
- Не мардак! Ман ҳатто як ҷуфти ин туҳфаатонро 1-2 маротиба гардонидааму халос. Он дуюм ҷуфташ зиёдатист. Аммо хайри ъумру ҷонатон мешавад гар ба ин ятимдухтар онро бо ягон матоъ хайр кунем!Худованд фармудааст то дорандагон ба ятимону мискинон дасти хайр дароз намоянд!- давом дод занам.
Ман иҷозат додам ва худам ҳам як миқдор пул ба дасти занам додам то бурда ба модари духтар дихад. Руз ба руз аз ъамалу рафтори занам ман ҳайрон мегаштам.
Он зани аввалаам гар ягон гадову мухтоҷе пушти дар меомад чизе надода зада пеш мекард – ин бошад тайёр аст қимматтарин ашёро хайр кунад. Аз ин пас ман ба воситаи ин занам аз хайру саховат ҳам хабардор гаштам ва мувофиқи тавоноиям ҳар моҳ ба ятимону мискинон хайр мекардам.
Аз чунин тоату ибодат ва хайру саховате, ки дар оилаи мо буд Аллоҳ дар зиндагии мо баракатҳоро болои ҳам арзони ато намуд. Дар кор муваффақ гаштам. Занам яку якбора як духтару як писари зеборуе таваллуд намуд.
Бо маслихати хусуру хушдоман мо онҳоро Фотимаву Тохир ном ниҳодем. Боз ҳам рафта якчанд гусфанду буз овардаму тибқи суннати Набави «ақиқа» карда муи сари кудаконро гирифтем ва Тоҳирҷонро хатнасур намудем.
Инак якчанд сол мешавад ман бо ин зан зиндаги дорам. Ҳоло 4 фарзанд дорем ва баъзан он духтари аз зани авваламонро низ тарбия менамоем.
Сабаби уро ба хонаам овардани он зани аввала ин буд, ки он марди «сожител»-аш бо фиреб ҳам хонаи ин зан ва ҳам ҳавлии падару модарашро дар банк гузошта пули калоне гуиё барои тиҷорат гирифта ғайб задааст.
Ҳоло бошад ҳамаи онҳо дар хонае иҷора зиндаги мекардаанд.
Ин зан боре гирёну нолон ба хонаам омада духтарамро овардааст. Ман дар кор будам ва занам замоне ки фаҳмидааст ки у духтари ман аст уро бо хурсанди қабул намудааст.
Он зан гуфтааст, ки ҳеҷ не моҳе якчанд руз падараш духтарашро тарбия кунад. Бовар кунед занам он духтарро низ чун фарзандони худ нигоҳубин мекард.
Аз ин ъамалҳояш меҳру муҳаббатам нисбаташ дучанд гашта буд.
Беҳуда нагуфтаанд бузургон ки:
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ!
((. )). ((. )). ((. )).
БЕҲТАРИН ҚИССАИ ЪИБРАТОМУЗ. БА ДУРУСТИ, КИ ЧУНИН ЗАНОН МЕРОСБАРОНИ МОДАРОНИ МУЪМИНОНАНД!
ЧУНИН ЗАНОН БОЯД ИБРАТ БАР МОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ИМОНИИ МО БОШАНД!
ХУДОВАНД ҲАМА ЗАНОНУ МОДАРОНИ МУЪМИНАРО ЧУНИН ФЕЪЛУ АТВОР ВА ИМОНИ КОМИЛ АТО НАМОЯД!
ХУДОВАНД БА ТАМОМИ МАРДОНИ УММАТИ ИСЛОМ ЧУНИН ЗАНОНИ «СОЛЕҲА»-РО БОНАСИБ ГАРДОНАД!
МУАЛЛИФ: САДРИДДИН!
27.07.15.

Комментарии

  • 29 апр 2019 11:37
    Худдованд умри дарозу пурбаракт насибат гардонад хело чизои хубе хондем