Ҳукми олати занона часпондан барои мард

Савол:
Домулои мухтарам ба хамин масъала равшани андозед:Як бародар накл кард,ки аз хурди хамеша худро дар холати занона хис мекардам.Баъдан ба сини болиг расидам ба занхо хеч тавачух намедодам.Хар вакте,ки шахватам голибият мекард дилам ба писарбачахо мерафт.Дере нагузашта бо як чавон дуст шудам.Холо бошад сохиби зан 4-фарзанд рукнхои исломро ба чо меорам,валле зиндагиро бо зан хеч чиз намедонам.Мехохам ба хорича равам олоти занона часпонам омада бо хамон чавон зиндаги кунам.Домулои азиз дар хамин мушкили ба ин чавон муфасал тавсия дихед.
Саволкунанда: Бандаи Худо
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи ба он ҷавон расонед, ки ин як навъ имтиҳон аст, ки Худо уро ибтило карда аст. У бояд дар баробари ин шаҳвати худ сабур бошад ва нагузорад ба ин роҳ худро дар ғазаби Худо гирифтор кунад. Зеро амали қавми лут яке аз гуноҳони хело кабира аст, ки соҳибашро бар оташи ҷаҳаннам мустаҳиқ месозад. Ин навъ имтиҳон монанди дигар имтиҳонҳо аст, масалан шахсе аст, ки дуст медорад ҳаруз бо як ҷавон духтаре зино кунад, аммо ин маънои онро надорад, ки у маъзур аст ва бояд ин корро анҷонм диҳад, на, балки у маьмур аст, ки шаҳвати худро дар назорат гирад ва ончи барои у Худо ҳалол карда аст истифода барад. Аммо ба нисбати олати занона бар худ ҷой додан, олимони ислом бар ҳаром буданаш итифоқи назар доранд. Зеро Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: (Худо лаънат кунад мардеро, ки худро ба занҳо монанд мекунад.....). Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Нуриддинҷон

Комментарии

Комментариев нет.