Иброҳим Ҳакимов
19 апр

🔹 Гуфтор 🔹

🔹Тарҷумаи гуфтор:
Ҳон эй олимони риёкор ки аз бодаи қудрат сармаст ва бо ситамкорон ҳамдастед! (1) Пуштҳои худро ба ман кардаед яъне ки намешунавем ва дар баробарам сукут пеша сохтаед яъне ки эътино намекунем! (2) Зуд бошад ки ҳамаи рӯйи худро ба ман кунед, дар ҳоле ки фарёд мезанед, фарёд задани занон дар вақти зойидан! (3) Оё мардумро намебинед ки шуморо ба ҷойи Худованд мепарастанд ва ба ҷойи халифаи Ӯ фаром мебаранд?! (4) Оре, ба Худо савганд ки мебинед, вале онро хуш доштаед, чунонки фоҳиша дастандозии фосиқро хуш медорад, пас худро пас намекашад ва аз инҷо дониста мешавад ки фоҳиша аст! (5) Оё ба ростӣ пиндоштаед ки вилояти Худованд ба шумо тафвиз шуда ва мардумро ҳаққи чуну чаро дар кори шумо нест, пас ҳар кас дар кори шумо чуну чаро кунад, гумроҳ ва фитнагар аст?! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2825/

Комментарии

Комментариев нет.