Агар он турки шерозӣ, бадаст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро
✍️ Ҳофиз.
💥Агар он турки шерозӣ, бадаст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро.
Ҳар он кас чиз мебахшад, зи моли хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз, ки мебахшад Самарқанду Бухороро.
✍️ Соиб.
💥Агар он турки шерозӣ, бадаст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам тамоми рӯҳу аҷзоро.
Ҳар он кас чиз мебахшад, ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб, ки мебахшад сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро ба хоки гӯр мебахшанд,
На бар он турки шерозӣ, ки бурда ҷумла дилҳоро.
✍️ Шаҳриёр.
Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро.
Агар Ҳофиз ту медиди ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекарди тамоми рӯи дунёро.
Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.
Агар бо чашми камбинаш ба суям як назар орад,
Фаромуш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.
Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймони,
Аз оне, ки бубахшиди Самарқанду Бухороро.
✍️Лоиқ Шералӣ

Комментарии

Комментариев нет.