КИССАИ ЧАВОНИ

РОСТГУЙ.
Дар
замони гузашта навчавоне
барои касби илму дониш
рохи сафарро дар пеш
гирифт. Модараш ба у гуфт:
Фарзандам харгиз дуруг
нагуи. Зеро начот дар рости
аст, гар чи инсон бо рост
гуфтан ба халокат бирасад.
Модар сад динор ба
фарзандаш дод. Навчавон рохи
сафарро дар пеш
гирифт ва ба биёбоне
расид. Дар рох теъдоде
дуздон ба у бархурданд. Ба
у гуфтанд: Оё хамрохат пул
дори? Чавон гуфт: сад динор
хамрохам мебошад.
Дуздхо аз кори у дар
шигифт шуданд ва таачуб
намуданд, зеро мардум
вакте дуздхоро мебинанд,
пулхояшонро пинхон мекунанд ва
мегуянд:Пуле
бо мо нест. Дуздон
хандиданд ва гуфтанд:
Моро масхара мекуни?
Донишомузи навчавон
гуфт: Нахандед ин микдор пул
хамрохи ман аст.
Дуздхо уро пеши раисашон
бурданд. Раиси дуздон ба у
гуфт: Чаро дуруг мегуи ва
иддио мекуни ки бо ту сад
динор хаст? Навчавон гуфт: Ба
шумо дуруг нагуфтам ва
ин микдор пул ки гуфтам
хамрохи ман аст ва сад
динорро берун намуд.
Раиси дуздон гуфт: Эй
чавон чаро дуруг намегуи? Дар
чавоб гуфт: Модарам
маро ба ростгуи дастур
додааст ман харгиз дуруг
намегуям то нофармонии
модарамро накунам. Мард
шуруъ ба гиря намуд ва гуфт: Ту
метарси агар дуруг
бигуи модарат норохат
шавад ва ман аз ин ки
худоро норохат кунам
наметарсам. Фарзандам
дарси мухиме ба ман доди. Сипас
тавба кард ва даст аз
дузди бардошт ва хамаи
дуздон низ бо у тавба
карданд ва чавону
молашро рахо карданд.

Комментарии

Комментариев нет.