Худоё,дӯсти ман сархам нагардад,

Ба қалби решу чашми нам нагардад.
Дилаш шоду лабаш пайваста хандон
Бувад,нороҳату пурғам нагардад.
Даруни хонааш тӯйхона бошад,
Даруни хонааш мотам нагардад.
Биёбад ризқи худ дар кишвари худ,
Fарибу хастаӣ олам нагардад.
Ҳамеша дар амон бошад сари ӯ,
Зи сар як тори мӯяш кам нагардад.
Бароӣ дӯстон бикшода бошад
Дили Маҳкампурӣ,маҳкам нагардад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

Комментариев нет.