Дунё бахудо,ки ҳама дам айшу сурур нест,

Болоравию зӯриву фармону ҳузур нест.
Нодидағамон беғаму хурсанди намоянд,
Мотамзадагонро ҳаваси шодиву сур нест.
Баҳси пулу мол дар ҳама маҳфил сухани рӯз,
Дар маҳфили дунёталабон баҳси шуъур нест.
Аз рӯи адолат нигари дар ҳама ҳолат,
Озурдани қалби нафаре кори зарур нест.
Вақте,ки ту медонӣ ба хок мешави яксон,
Дунёӣ дурӯза бахудо ҷойи ғурур нест.
Дар роҳи Худо чеҳраӣ нурони биёбӣ,
Дар чеҳраи шайтонсифатон ламъаи нур нест.
Бар сина занад мушт ҳама мард,ки мардем,
Охир ҳама марданду ҳама марди ғаюр нест.
Гардида фирори зи дили халқ муҳаббат,
Ҷуз фитнаву иғвогариву фисқу фуҷур нест.
Маҳкампурӣ шукронаи қисмат бинамоӣ,
Монанди ту дар зиндагӣ инсони сабур нест.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 10 апр 2023 07:29
  • 10 апр 2023 09:01
    Беҳтарин шеър аст бо мазмуни баланд навишта шудааст. Худованди карим донишатонро аз ин ҳам зиёда гардонад🤲
  • 10 апр 2023 09:02
    Ма ша Аллох
    Мах,кампури Аллох, илми динитона зиëда гардона...
    Омин 🤲🤲🤲
  • 10 апр 2023 09:05
    ...Бар сина занан мушт х,ама мард, ки мардем.
    Охир х,ама марданду х,ама марди fаюр нест...
    Субх,он Аллох,...
  • 5 мая 2023 19:08
    Беҳтарин шеър ва бо мазмуни баланд навиштед. Худованди карим донишатонро аз ин ҳам зиёда гардонад🤲