Пастии тақдир моро мекушад,

Ҷустани тадбир моро мекушад.
Бар дили моён каломи нохалаф,
Мезанад чун тир,моро мекушад.
Душмани номарди пасти дилсиёҳ,
Чун саги хапгир моро мекушад.
Сози аз дилрафта дилгир мекунад,
Сӯзи оламгир моро мекушад.
Ҳар-ки андар қолаби одамгарӣ,
Мешавад содир,моро мекушад.
Орзуҳову талошу зиндагӣ,
Нонамуда пир,моро мекушад.
Рафтану тарки ҷаҳон бинмуданӣ
Модари нодир,моро мекушад.
Ҷовидони нестӣ Маҳкампурӣ,
Зиндаги охир моро мекушад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии