Мулки дигаре бар ману ту хона нагардад,

Кошонаи ғайр монаду кошона нагардад.
Оне,ки ҷудо аз Ватану ғарқи хаёл аст,
Фархунда дар ин мулки ғарибона нагардад.
Ҳавлии пур аз хоки падар роҳати ҷон аст,
Остонаӣ ҳеҷ аҷнабӣ остона нагардад.
Ҷони ману ту хаставу маҷрӯҳу кабоб аст,
Қалби ману ту беғами ҷонона нагардад.
Ҳаққо,ки ҷигар,ҷигару дигар, дигаре аст,
Дӯсти ману ту аз каси бегона нагардад.
Кошо нафаре,ки ба дилаш меҳри зиёд аст,
Аз мотами ин зиндагӣ девона нагардад.
Месӯзӣ чу шамъу зи ту аммо самаре нест,
Дар гирди ту ҳеҷ ҳамдилу парвона нагардад.
Ҷуз панҷаи дастони худат дар ҳама ҳолат,
Дасти дигаре бар сари ту шона нагардад.
Маҳкампурӣ бо ин ҳама дарди дили пурсӯз,
Бевосита беояти шукрона нагардад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии