Парешону дилафгорӣ мусофир,

Ҷудо аз хонаву ёрӣ мусофир.
Шабу рӯз ташнаӣ дидори фарзанд,
Зи ҷабри зиндагӣ хорӣ мусофир.
Басонӣ абри гирёни баҳорӣ,
Сиришки дида меборӣ мусофир.
Зи шодии замона бенасиб аст,
Зи ҳасрат сӯзу гуфторӣ мусофир.
Дилам гум мезанад вақте бубинам,
Хазон гардида дидорӣ мусофир.
Зи дӯстон заррае бӯйи умед нест,
Худо бошад мададгорӣ мусофир.
Ғами Маҳкампурӣ хеле гарон аст,
Ки ӯ ҳамдарду ғамхорӣ мусофир.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии