Берун аз хоки Ватан,аз хонаву дар мондаам,

Дар ғарибиҳо ба монанди қаландар мондаам.
Меравад умри ҷавонӣ ҳамчу дарёӣ равон,
Беравону бемадору хору музтар мондаам.
Менамоям шиква аз имрӯзу аз дирӯзи худ,
Бо умеди хубиҳои рӯзи дигар мондаам.
Аз нишоти зиндагӣ бегона гардидам кунун,
Бо ғаму сӯзу алам ёру бародар мондаам.
Ҳамнишину ҳамдилу ҳамрози ман дигар намонд,
Ҳамнишини хомаву ҳамрози дафтар мондаам.
Пеши по хӯрдам зи по афтодаму гирён шудам,
Ноилоҷ дар пеши пойи зиндагӣ сар мондаам.
Гуфтам аз баҳри чӣ гирёнӣ бигуфт Маҳкампурӣ,
То ба марги хеш дар андӯҳи модар мондаам.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 26 мая 2023 17:43
    Худованд нигаҳбонатон, МошаАллоҳ, шеърҳоятон басо дилрас.