Мулки бегона ҳазор зора кунӣ аз мо нест,

Ҷигаратро бахудо пора кунӣ аз мо нест.
Қаҳрамонона зи ҳар офату ҳар осебаш,
Кӯдакаш гириву пуштора кунӣ аз мо нест.
Гӯиё ҷониби модар,ки дилаш месӯзад,
Гиря чун кӯдаки гаҳвора кунӣ аз мо нест.
Баҳри ободии мулке,ки зи мо безоранд,
Тани худ хаставу овора кунӣ аз мо нест.
Бикуни гар-чӣ талоше,ки муқими гардӣ,
Ғами ин зиндагӣ пуштора кунӣ аз мо нест.
Хаста гардидаву Маҳкампурӣ нооромӣ,
Дили мотамзада ғамхора кунӣ аз мо нест.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 5 июн 2023 18:19
    ХАККАЙ ИН СУХАНХОРО БОЯД БА ОБИ ТИЛЛО НАВИСТ
  • 5 июн 2023 21:51
    Беҳтарин шеър эҷод кардед. Ин суханҳо ҳақ ҳастанд. Барои навиштани чунин шеъри пурмазмун ба шумо аҳсан!!!
  • 7 июн 2023 16:27
    Просто бомба
  • 8 июн 2023 21:22
    Бехтарин!
  • 16 июн 2023 12:47
    Ҷамшедҷони азиз. Шеъре иншо кардаед, ки дарди дили имрӯзаи тоҷикони ғариб аст. Аз Парвардигор ба эҷодиётатон рушду камол хоҳонам.