Онон, ки зи тақвою зи имон ҷудоед,

Дур аз сари саҷҷодаву даргоҳи Худоед.
Бе шубҳа бидонед, ки Ҳақ огаҳу биност,
Ҳар лаҳза шумо зери назаргоҳи Худоед.
Такбирпазир асту ғазабноки такаббур,
Такбир бигӯед , такаббур нанамоед!
Ҳақро ба дили кӯри шумо кор набошад,
Чашми дили худ боядатон худ бикушоед.
Аз хидмати якумра ба иблис чи дидед?!
Як рӯз ба меҳмонии маъбуд биёед!
Навмед зи раҳми Ҳақи бахшанда нагардед,
Мебахшадатон, гарчӣ ҳама ғарқи хатоед.
Шарт аст фақат тинати поку дил пуришқ,
Бар даргаҳи Ҳақ бо дили пуршур дароед.
То ҷон ба гулӯ нест дари тавба бувад боз,
Зинҳор, бикушед, ки то дер наоед!
Валлоҳи қасам, раҳ ба Биҳишт харҷ надорад,
Дӯзах раҳи пурхарҷу харидор чароед?!
Ин нукта бигуям чу далели сухани хеш,
Боре ба дари масҷиду майхона дароед!
Дар саҷда кӣ гирад дирами ҷайби шуморо?
Май хӯрда чу пардохт накардед, гадоед!
Чун саг зада аз майкада ронанд шуморо,
Гар як дираме арзиши май паст намоед.
Ҳеҷ банда шуморо на биронад ва на пурсад,
Сад сол агар аз дари масҷид набароед.
Як зарра агар хоҳиши Фирдавс ба дил ҳаст.
Дар бораи ин нукта каме фикр намоед!

Комментарии