Ид муборак ҳамзабонони азиз!

🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Иди Қурбон беҳтарин иди мусалмонон бувад,
Фурсати хубе ба мо аз ҷониби Раҳмон бувад.
Ман,ки доро нестам,қурбонӣ молеро кунам,
Ҷони ман бар дӯстонам доимо қурбон бувад.
Иди Қурбон беҳтарин рӯзи Худованди Карим.
Мешитобад бар намоз ҳар кас,ки боимон бувад.
Ҳарфи нек гӯем бар ҳам дӯстон аз сидқи дил,
Ҳар каломи нек аз ҳар ояти Қуръон бувад.
Мекунам табрик дӯстони азизу меҳрубон,
Меҳри дӯстонам ҳамеша бар дилу бар ҷон бувад.
То Иди Қурбони оянда Худованд ёратон,
Маҳкампурӣ ҳамеша ҳамдили ёрон бувад.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 28 июн 2023 23:32
    Беҳтарин шеър аҳсан!!!
    Иди Саиди Қурбон ба ҳама мусулмонон муборак бошад.
  • 29 июн 2023 07:56
    Саломати ва умри дарози бо баракат барои шумо аз даргохи ХУДОВАНД хохонам бародари азиз ид муборак