Зархаридонро ба вақту соъаташ зар мекушад,

Масти дунёро шароби талхи соғар мекушад.
Баҳри чӣ умри дарозе нест баҳри андалеб...
Андалебонро ғами ашки гули тар мекушад.
Ҷумла мардони баномуси адолатпешаро,
Таънаҳоӣ пасту номардии додар мекушад.
Ҳар сари марде ба оромӣ ниёз дорад,вале
Хонашин бошад,ғуруру кибри ҳамсар мекушад.
Ҳар-кӣ муфлис гашту баҳри доданаш пайдо накард
Дирҳаме бар соҳибонаш,тақ-тақи дар мекушад.
Ҳар ғами миллат чу тире бар дили шоир занад,
Шоиронро ғусса дар болоӣ дафтар мекушад.
Норасида бар муроди зиндагии пурситам,
Орзуҳоӣ ҷавон,марги ситамгар мекушад.
Асли имон боварию баҳри ҳар як муслиме,
Пора бинмудан қабоӣ сабзи бовар мекушад .
Ҳар касе бо ҳар сабаб риҳлат намояд аз ҷаҳон,
Лек Маҳкампур туро андӯҳи модар мекушад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 5 сен 2023 06:58
    ماشاءالله
  • 5 сен 2023 06:59
    بركة الله فيك أخي
  • 8 сен 2023 10:05
    c8844e5e97
  • 9 сен 2023 05:04
    Офарин мулло Ҷамшедҷон , дӯстам .
  • 23 сен 2023 14:11
    Бехтарин . Калам хаста мабод
  • 9 окт 2023 11:43
    офарин
  • 30 окт 2023 04:27
    Ахсанта!! Фий аманиллах.
  • 11 янв 22:11
    ... Шикоятномаи мо сангро бар гиря меорад. Ту моил бар гиристан шав сипас мактуби мо бикшо...