Зиндагӣ маҷбӯр созад дидагирён мешавӣ,

Бемадору хаставу зору парешон мешавӣ.
Мегазӣ ангушти ҳайратро зи дарди зиндагӣ,
Байни чордевори ғам бешубҳа зиндон мешавӣ.
Бар касе ҳаргиз намехоҳи намоӣ дарди дил,
Ҳар шиносеро зи дур мебинӣ пинҳон мешавӣ.
Дӯстон бегона мегарданду таркат мекунанд,
Худ ба ҳоли хеш механдиву ҳайрон мешавӣ.
Дур бош аз нокасону аз хиёнатпешагон,
Ҳар қадар наздик мегардӣ пушаймон мешавӣ.
Хоки бошу бетакаббур бош дар рӯйи замин,
Чун аҷал ояд ба хоки тира яксон мешавӣ.
Нест бемодар ягон рӯзи хуше Маҳкампурӣ,
То ба рӯзи марги худ ҳар рӯз пазмон мешавӣ.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.

Комментарии

  • 11 янв 22:02
    ... Ҳар шиносеро зи дур мебини пинҳон мешави...