КИССАИ ХИЁНАТИ ЗАНИ БАДНАФС

(Кисми 19)
-Ту намедонӣ, ки ин марди разил дар ҳаққи ман чӣ кор кардааст.
-Бигӯ кори кардаамро ба фарзандонат.
-Ту боз шарм намедорӣ?
-Чаро шарм кунам? Ман коре накардаам, ки боиси шарм бошад. Ин ҷо ту бояд шарм кунӣ, на ман.
-Ту лаънатӣ ваъда кардӣ, ки дигар ба ман кордор намешавӣ. Чаро зиндагии маро вайрон карданӣ ҳастӣ?
-Охир ту бо тамоми айбу гуноҳат чӣ хел метавонӣ дар лаб кулӯх молида боз хушбахт гардӣ. Ин мардаки бечора гузаштаи туро намедонад-ку.
-Ту медонӣ, ки аз хушбахтии ман , хушбахтии фарзандонат низ вобастагӣ доранд. Вай мардак духтари туро келин карданӣ аст.
-Духтаронатро ҳам мисли худат пургуноҳ кардаӣ-ку, акнун инҳо чӣ тавр метавонанд хушбахт бошанд? Ё гапам нодуруст аст?- гуфта Комрон ба духтаронам нигарист. Онҳо сархам меистоданд ва ашки чашмонашон
ҷорӣ мешуд.
-Кӣ гуфт ба ту гуноҳи инҳоро? Инҳо заррае гуноҳ надоранд. Касе ба ту гуфта бошад, тӯҳмат кардааст.
-Сабти онро низ тӯҳмат кардааст? Дар дасти мардак сабт ҳам ҳаст мефаҳмӣ.
-Хонаи Юсуф сӯзад илоҳо, вай сабтҳоро сохтааст.
-Инашро ту медониву ҳамон Юсуфи ҳамхобаат.
-Ва ту баъди дидани он сабт сари Юсуфро нагирифтӣ? Ё ки ту мардаки бенангу орӣ?
-Ман он сабтҳоро надидаам ва то ин дам бовар ҳам надоштам. Ҳоло аз нигоҳи ин духтарон дида истодаам, ки вай дурӯғ нагуфта будааст.
-Чаро имшаб ин дискро ба Орзухон бурда супурдӣ? Ту аз ман чӣ мехоҳӣ номарди беномус?
-Ман мардам ва намехоҳам, ки марди дигареро мисли ман фиреб дода, худат ба корҳои расвогиат машғул шуда бигардӣ. Як рӯз ҳамааш фош мегардаду сари мардаки бечора хам мешавад.
-Ту ғами вайро нахур. Ман ӯро дӯст доштаам ба маънои томаш ва дигар ҳаргиз гуноҳеро нахоҳам кард. Агар ту маро осуда гузорӣ, ҳам фарзандонат хушбахт мешаванду ҳам ман.
-Танҳо ман аз мобайн нодаркор шуда меравам-а?
-Ту ҳам зиндагии худро пеш бурдан гир. Мо ба ту кордор намешавем.
-Не, ман дар ҳамин хонаи худам бо фарзандонам зиндагӣ мекунам.
-Пас, чаро мехоҳӣ, ки маро шавҳарам аз дараш ронад?
-Охир намехоҳам, ки ба чашми ӯ ҳам хок пошӣ.
-Хестӣ, ки хобат! Орзухон ба ту бовар намекунад. Ва ин сабтро ҳам дигар намебинад,- гуфта дискро қима карда партофтам ва касетаро низ аз видео гирифта пора-пора карда партофтам.
-Бовар кунад ё накунад ихтиёраш аст. Аммо ман вазифаи мардиамро иҷро кардам.
-Зани шавҳардорро фирефта ба оғӯш гирифтанат ҳам мардигарӣ буд?
-Охир ин барои он зан як кори муқаррарии ҳаррӯза буд ва ман ӯро истифода намудам.
-Гуфтӣ, ки дигар ба ман кордор намешавӣ?
-Албатта, пас аз ин дигар ҳаргиз ба ту кордор намешавам.
-Кошки дар ҳамон мусофират ва маҳбас мемурдӣ, ки маро чунин бадбахт намекардӣ.
-Ту маро бадбахту овораву сарсон кардӣ-ку.
-Ту фикри фарзандонатро накарда аз ман қассос ситонидӣ?
-Ман аз аввал ба хотири фарзандонам шуда ба ту кордор нашуда, ҳатто талоқатро надода баромада рафтам. Нахостам, ки мардум ин гуноҳҳои туро фаҳмида, аз фарзандони ман парҳез кунанд. Ба ҳамин хотир сарамро гирифта баромада рафтам, ки ҳама фикр кунанд, ки ман гунаҳгорам барои ин ҷудоиямон.
-Пас чаро имрӯз фикри инҳоро накарда барои бадбахтии ман талош дорӣ?
-Ман гумон кардам, ки ҳамон баромада рафтани ман барои ту сабақ мешавад ва ту одам мешавӣ.
-Ман одам нашудаам?
-Чӣ хел одам шудаӣ, ки ҳатто номуси духтаронатро низ ба савдо задаӣ?
-Ман ин корро накардаам. Ин ҳамааш кори дастони ҳамон Юсуфи номард аст.
-Вай шарики корҳои фаҳши ту аст. Агар ту намехостӣ дигар бо ӯ ҳамкорӣ намекардӣ.
-Ман бе мард натавонам чӣ кор кунам буд?
-Худатро бояд мекуштӣ.
-Худро кушта кӯдаконамро ба кӣ мепартофтам, вақте ту ҳам фирор кардӣ?
-Ман бори гуноҳи туро бардошта натавониста маҷбур шудам, ки фирор кунам мефаҳмӣ.
-Кошкӣ дар ҳамон шаҳрҳо беному нишон шуда мерафтӣ.
-Ва ту баҳузур корҳоятро давом дода мегаштӣ?
-Не ман акнун ба қатори инсонҳои дуруст даромада истода будам ва ояндаи кӯдаконам низ бо ин сахт вобастагӣ дошт.
-Номуси духтаронатро низ бо ҳавои даҳанат барқарор мекардӣ, фоҳиша?
-Барои онҳо ман илоҷашро фикр карда монда будам.
-Ту мехостӣ ба чашми домодҳоят низ хок пошӣ?
-Ба ту чӣ фарқ дорад. Ҳозир аксари одамон чунин карда истодаанд.
-Боз ту бо чунин корҳои фиребат мегӯӣ, ки инсони дуруст шуда истода бошӣ.
-Ба инаш кори ту набошад.
-Охир ҳамон Юсуфи лаънатиат омада сабти инҳоро низ намоиш медод ва намегузошт, ки духтараконам низ рӯзи хуш бинанд. Ҳамааш бо айби ту лаънатӣ шуд ва ту боиси сархамию забокӯтоҳии гулдухтараконам шудӣ.
-Ман илоҷи Юсуфро ҳам меёфтам охир.
-Медонам, мисли ман ба ҷогаҳаш медаромадӣ?
-Худам медонам бо ӯ чӣ кор кунам. Ту фақат ба ман халал нарасон.
-Охир вай қассоси тифли нобудшудаашро нагирифта намемонад.
-Ба тифли вай ман чӣ дахл дорам?
-Худатро ба нодонӣ назан, ту зани ӯро бадном кардаӣ.
-Ва ӯ ҳоло зиндагӣ надорад?
-Онҳо ҷудо шудаанд ба фикрам ва Юсуф ташнаи интиқом аз ту аст.
-Ба ҳамааш худи Юсуф гунаҳкор аст. Ман ҳам қассоси духтаронамро гирифтам аз ӯ.
-Ту одам намешавӣ дар ду дунё. Чандин хонаҳои дигарро вайрон карда бошӣ ман намедонам.
-Боз кадом хонаро вайрон кардам?
-Аз пушти ту ва маккорагиат зиндагии
ҷӯраам низ талх гаштааст.
-Кадом ҷӯраатро мегӯӣ ту?- гуфта худро ба нодонӣ андохтам.
-Исмати ҷӯраи ҷониамро низ шайтонӣ карда ба гуноҳат ҳамроҳ карда будӣ, аллакай фаромӯш сохтӣ?
-Вай худаш ба ман дасти зӯрӣ карда буд. Боз ҷӯраи ҷонӣ будааст. Ҷӯраҳоят ҳам ранги худат фосиқанд.
-Ту гуноҳи худатро сарфи назар карда, як мардаки дуппа-дурустро ба гуноҳ олуда сохтӣ ва зиндагиаш имрӯз пурмоҷаро гаштааст.
-Айби худаш аст. Чаро фикри туро накарда ба ман дастдарозӣ кард?
-Шумо имрӯз ба ин гапҳои нанговаратон хотима намебахшед?- гуфта духтарам ба берун баромад.
-Дидӣ, фарзандонат ҳам аз ту ор мекунанд. Гузаштаи туро ба ёд оваранд, мӯйҳои сарашон рост мешавад.
-Ту ҳамаи хатоҳои гузаштаро кофта рӯй бароварда истодаӣ, ки маро назди фарзандонам беобрӯву паст нишон диҳӣ.
-Охир ту дар асл чунин ҳастӣ чӣ кор кунам ман?
-Ту аз пайи кори худат шав ва ба зиндагии мо дигар қатӣ нашав, ки набошад аҳволатро бад мекунам.
-Бо ман сеҳру ҷоду мекунӣ?
-Агар чунин корҳоятро давом додан гирӣ, аз
ҷоду ҳам бадтарат мекунам, гуфта ба таҳдид гузаштам, — беҳтараш мон, ки ман хушбахт бошам.
-Афсӯс, ки аллакай дер шудааст ва ту дигар наметавонӣ бо Орзухонат беғаму хушдил зиндагӣ кунӣ.
-Инро ту муайян намесозӣ хайрият,-гуфта ба хонаам баргаштам.
Ва тамоми рӯз бо шавқи зиёд ба кору бори хона машғул гаштам. Таоми дӯстдоштаи шавҳарамро омода намудам ва худро орову торо дода мунтазир нишастам. Ман ба Комрон таҳдид намуда бо ҳамин гумон кардам, ки ба ин кор хотима гузоштам. Аммо ман хато карда будам. Вай инчунин дар компютер партофта ба воситаи интернет ба суроғаи электронии Орзухон низ онро равон карда будааст. Намедонам ин касофат адреси шавҳарамро аз куҷо пайдо карда бошад. Орзухон бегоҳӣ баргашту хӯроки шомро хӯрда зуд дар паси компютер нишаст ва саросема сайташро боз намуда маро наздаш хонд ва хоҳиш кард, ки дарро бибандам. Ман дарро баста дар паҳлӯи вай нишастаму он сабти субҳ дидаамро боз дидам ва дар ҷоям шах шуда мондам. Дигар мадори ҳарф задан надоштам ва донистам, ки ман аниқ бадбӣахти ду олам гаштам. Охир кӣ гуфтааст, ки зане бо чунин гуноҳҳои вазнин боз муфтакак соҳиби чунин бахту тахт хоҳад шуд. Орзухон ҳарфе ба забон наоварда компютерро хомӯш карду маро зери мушту лагад гирифт. То дилаш хунук гаштан маро муштборон карду сипас бо дасту рӯйи хуншор аз қафоям як лагади дигар зада аз дари хона берун кард. Ман ба замин ғалтидам ва бо азобе бархеста дари хонаамро кӯфтам. Фарзандонам маро бардошта ба хона дароварданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ин натиҷаи кори падарашон аст. Аммо ҳис намекарданд, ки ин ҳама подоши амалҳои нанговари худам аст. Акнун донистам, ки ҳар гуноҳеро ҷавобе ҳаст албатта. Ягон амали ношоистаи гузаштаи кас дар назди Худованд беҷазо нахоҳад монд. Ман ҳам ҷазои сазовори хешро дидам. Дар лаҳзае, ки ба дараҷаи даркорӣ хушбахт будам ва омода будам, ки барои шустани корҳои гузаштаам таоми корҳоро карда гузаштаро фаромӯш созам. Вале сад афсӯс, ки доғи гуноҳ ношустанӣ будааст. Бо айби гуноҳи ман фарзандонам ҳам акнун рӯзи хуш нахоҳанд дид. Ман акнун метавонистам зани ботамизу бофаросат бигардам. Аммо гуноҳҳои кардаам пеши ин ҳамаро гирифт ва маро аз зиндагӣ дилсард сохт. Ман ин сатрҳоро навишта бовар надорам, ки то фардо дар ин дунё вуҷуд дошта метавонам. Вале метавонам бар он умед бандам, ки ин сатрҳои вопасини ман ба дасти касе, ки меафтад, ӯ ҳатман ҳушёр мегардад ва аз кардани гуноҳ худдорӣ мекунад.
Хеле зиёд мехостам, ки ин қиссаи ман ба дасти бонувон афтад ва онҳо барои наафтидан ба вартаи гуноҳ аз ҷазои сазовори ман сабақ бигиранд ва танҳо ба шавҳари худ содиқ бимонанд. Агар шавҳар гуноҳе карда бошад, ӯро бибахшанд, зеро занҳо барои бахшидан ба дунё омадаанд. Ҳамаи ин бадбахтие, ки ба сари ман омад, аз пушти нафси бадам ба амал омад ва маро нокому рӯсиёҳ гардонд. Дигар зиндагӣ барои ман маъно надорад ва ман худро дар ин дунё нолозим эҳсос кардам. Ва барои бо дунёи боқӣ пайвастан худро омода намудам. Бо ҳама касу ҳама чиз хомӯшона ва зери лаб видоъ гуфтам…
(Анчоми кисса)
классро фаромуш накунед то ки ба дигар бонувон дарси ибрат шавад.
Фикри шумо?
#Киссахо

Комментарии