ТАВБАИ МАДИНАИ ФОҲИША...

Бисёр фоҳишаҳо аз оилаҳои хубанд. Ман ҳам аз оилаи бад нестам. Аксар вақт волидон ҳатто намедонанд, ки духтарони онҳо ба чӣ кор машғуланд. Падару модари ман ҳам аз фоҳиша шудани духтарашон хабар надорад...
Зиндагии пур аз фисқу фуҷури ман хело барвақт, ҳангоми дар курси якуми донишгоҳ таҳсил карданам шурӯъ шуд. Дар семестри дуюм дар як қаҳвахона бо Юсуф ном марди зебои 30-35 солае шинос шудам. Фарқияти синну соламон калон бошад ҳам, ин марди хушсурату хушлибос аз нигоҳи аввал дили маро рабуд. Вай чунон гапҳои ширин мезад, ки дили мани то он замон меҳрубонии мардро надида обу адо мешуд. Гумон кардам, ки Юсуф ошиқи зорам гаштаасту маро бо тӯю тамошо ба занӣ гирифта, дар қасри ишқаш малика месозад, аммо ҳар гоҳ, ки дар бораи хостгорӣ даҳон кушоям, вай гапро ба дигар тараф мебурд ё баҳонае пеш оварда, ин кори хайрро қафо мепартофт.
Баъди таътили тобистона ошиқам барои ман хонаи зебои пурҷиҳозеро иҷора гирифту аз хобгоҳ ба он манзил кӯчидам. Юсуф маро сад дар сад таъмин менамуд ва тез-тез бароям тӯҳфаҳои қимматбаҳо тақдим менамуд. Дар назарам аз ман дида духтари хушбахттар дар ҷаҳон набуд, аммо зиндагии шоҳонаам тӯл накашид. Рӯзе гапамон бо ошиқи “пирам” гурехту Юсуф мисли занҳо қаҳр карда, дарро зада баромада рафт. Чанд рӯз интизорӣ кашида бошам ҳам, дигар на занг мезад ва на суроғам мекард. Билохира тоқатам тоқ шуду худам ба ӯ занг задам. Телефонро зане бардошта чунон дашному ҳақоратҳои болохонадор кард, ки забонам ба такрор карданашон намегардад. Юсуф ба ман гуфта буд, ки занаш сари фарзанд рафтааст, аммо маълум гашт, ки ҳамаи гапҳояш дуруғ будаанд. Занаш зиндаву саломат будаасту ин марди занбоз бо макру ҳилла мани гӯлу гумроҳро ба домаш афтонида истифода бурдааст.
Азбаски дар умрам бори аввал ошиқ шуда будам, ҷудоӣ аз Юсуф бароям хеле вазнин афтид. Чандин шабонарӯз аз хона набаромада, сарамро ба болин зер карда гиристам. Аз гулӯям чизе намегузашт, дар пеши назарам танҳо симои зебои Юсуф ҷилвагар буду дар гӯшҳоям суханонаш садо медоданд. Ба ҷудоӣ тоб наоварда, ба Юсуф занг мезадам, аммо ошиқи беинсофам маро дашном дода, таъкидмекард, ки дигар ба ӯ занг назанам, аз барои ман шуда, аз хонаву дари обдаш мондан намехоҳад...
Аз аламу дард ба худ қарордодам, ки ҳатман қасос мегирам. Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ барои шиносоӣ худро номнавис кардам. Якчанд акси нимурёнамро гузошта ба ҷустуҷӯи мардони аз 35 то 45 сола шурӯъ кардам. Пас аз чанд лаҳза марди ношиносе ба ман паёмаке равон кард: "Нархи хизматат чанд аст?" Таваккалӣ “1000 сомонӣ» навиштам. Боварӣ доштам ки бо дидани ин рақам мард талхакаф мешавад, лекин ӯ маро ба мулоқот даъват намуд. Рӯзи дигар мо дар ҷойи таъиншуда вохӯрдем ва ...
Ҳамин тавр ман фоҳиша шудам.
Мардони калонсолу пулдор бештар духтарони ҷавонро меписанданд. Ман ҷавону зебо будам, маҳз барои ҳамин ҳаводоронам зиёд буданд. Қариб ҳаррӯз бо ягон марди айшпарасту пулдор вомехӯрдам. Ошиқонам аз табақаҳои гуногун буданд, сару либос ва мошинашонро дида, ба хизмати худ нарх мегузоштам. Яке 500 сомонӣ медоду дигарӣ 100-200 сомонӣ, аз ҳисоби ҳамин пулҳои ҳаром ман кару фар карда мегаштам. Пули ба даст овардаамро фақат ба худам сарф карда, тез-тез ба кошонаи ҳусн мерафтам, худро орову торо дода, либосҳои зебо мепӯшидам, то ки ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошам.
Дигар умуман ба Донишгоҳ намерафтам. Бо сабаби дар дарсҳо иштирок накарданам маро хориҷ намуданд. Падару модарам хабар надоштанд, ки духтарашон кайҳо аз донишгоҳ хориҷ шудаасту дар шаҳр фоҳишагӣ карда мегардад. Онҳо фикр мекарданд,ки ман баъди дарсҳо дар як корхона ним штат кор мекунам ва зиндагиамро аз ҳамин ҳисоб пеш бурда истодаам.
Ҳамин тавр дар байни ду сол аз ҳисоби ошиқони бешуморам пули бисёре ҷамъ карда, мошин харидам. Бо як фоҳишадухтари дигар, ки Гулӣ ном дошт. Дугонаҳои ҷонӣ шуда, ҳардуямон дар як хона зиндагӣ мекардем. Як рӯз Гулиро ба кадом шабнишинӣ даъват карданд. Дугонаам худашро орову торо дода баромада рафту бо ҳамин ду рӯз нопадид шуд. Ҳарчанд занг мезанам телефонаш хомӯш буд. Рӯзи сеюм кормандони полис ба хонаамон омада ба ман хабари кушташавии Гулиро расонданд. Сари аз тан ҷудои дугонаамро аз наздикии Сирк аз як баки партовпароӣ ёфтаанд. Даҳшатнок буд шунидани ин хабар барои ман, зор-зор гиря карда, аз тарс дигар ба зангҳои мизоҷонам ҷавоб намедодам. Метарсидам, ки маро низ мисли Гулӣ дар куҷое кушта напартоянд. Дар ана ҳамон шабу рӯзҳои вазнин яке аз мизоҷонам, ки марди сарватманди миёнасоле буд, ба хонаам омад. Бо чашмони аз гиря варамида дарсу бими дар дил доштаамро ба ӯ ошкор намуда, гуфтам, ки тарки фоҳишагӣ намуда, аз ин пас одамвор зиндагӣ кардан мехоҳам. Мард ваъда дод, ки барои ман ягон ҷойи кор меёбад ва ба қавлаш вафо намуда, дар корхонаи як дӯсташ маро ба кор гузошт.
Манзили зистамро иваз намудам, то ки кию чикора буданамро мардум надонанд. Ба ҳамкоронам дар бораи гузаштаи худ чизе намегуфтам.
Дар яке аз деҳаҳои Айнӣ Дилшод ном ҷавоне мезист. Дилшод танҳо модар ва як хоҳар дошт.
Инак, чор сол боз ба ҳайси ёрдамчии сардор кор мекунам. Маоши зиёд нагирам ҳам, шукрона мекунам, ки бо пули ҳалол зиндагиамро пеш бурда истодаам. Мошинамро фурӯхта хоҳарамро ба донишгоҳ дохил кардам. Кӯшиш мекунам, ки чизҳои дилхоҳашро муҳайё созам, то ки мисли ман аз кӯчаи одамгарӣ баромада, фоҳиша нашавад. Намехоҳам,ки хоҳарам низ ҳамтақдири ман гардад. Дар деҳаамон касе аз фоҳишагии ман хабар надорад. Гумон мекунанд, ки мисли пештара духтари сарпаст ва бамаънӣ ҳастам. Хостгорони зиёде дарамон мекӯбанд. Падару модарам ҳар гоҳи ба шаҳр ба аёдати мо омаданашон таъкид мекунанд, ки умри инсон мисли оби равон зудгузар аст, тезтар якеро интихоб намуда аз паси зиндагиам шавам. Ростӣ дили худам ҳам ташнаи бахту фарзанд аст, вале бо домони олуда чӣ гуна ба остонаи хонаи марде қадам мегузорам?
Медонам, ки фоиша гӯён маро таъна мезанед, дашном медиҳед, ҳақорат мекунед. Оре, ман ба гуноҳи худ иқрор ҳастам, вале чаҳор сол шуд, ки тавба када, тарки зино намудааму дигар он кори ҳаромро такрор карданӣ нестам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, ки аз бахти оилавӣ бенасиб намонам?
Мадинаи гумроҳ
#Киссахо

Комментарии

  • 24 мар 2020 12:47
    Чкидаш натонисти анамихе мегоянтаа...
  • 24 мар 2020 19:04
    Худованд хдш медона чикор кна махсус анами дхта чкидаш натонист канешна мегояншаа
  • 24 мар 2020 19:05
    Бчикиш бшини хичка намегоята фахмидииии
  • 1 апр 2020 22:06
    Биё ма хдм мегирмта агар аз сидки дил тавба карда боши
  • 13 мая 2020 19:55
    Рост. Аввало тавба аммо баьзе духтарони аз дехот омада дар шахр худро гум мекунанд. Ба кучо кадам ниходанашона намедонанд аз хамин хароми кардана фарош кор мекарди е дар шахр кам нестан корхои нагз барои духтарон махсус курсхо хастанд. Мегуянд, ки КУР АСОЯШРО ЯК БОР ГУМ МЕКУНАД,НЕКИ И АПАМ ВООБЩЕ ДАХ БОР ГУМ КАДА БДАЙ АСОША
  • 13 мая 2020 19:57
    Ой що это СЕРЬЁЗНО
  • 13 мая 2020 19:58
    Ака бехуда главнида номатона THE LION  намонден агане
  • 14 мая 2020 00:50
    Хамаш аз барои ризогии Аллох
  • 14 мая 2020 00:51
    Бад хар касам Lion шида наметона охи
  • 4 ноя 2020 17:41
    бте бгард Чони акаш
  • 4 ноя 2020 18:08
    Аллох шуморо хидоят кунад. Сабр хамааш хуб мешавад.
  • 4 ноя 2020 20:37
    Мадина зик нашав чи буд гузашт,барои пешина тавба кун аз сидки дил Аллохи мехрубон мебахшад, зеро У бахшояандаи мехрубон аст.Намоз хон товба кун,сабр кун, ин ша Аллох хамааш нек мешад.Факат дар ёди Аллохи мехрубон бош .Панохат ба Худо.
  • 26 ноя 2020 20:44
    салом мадина бону  паёмбарамон м.м.с.а.в.гуфт: бехтарин духтар онастки шавхар дорад ё бехтарин  писар онастки хамсаре дорад  ту бахти хуб боимон насибат гашт  бифахм бисанч  зиндагикапбошад башавхар баро хаёти навро огозкун даврозаи хонаатро ивазкун хечгох аз тоату ибодат дер накун
  • 26 ноя 2020 21:06
    оби рехтаро бардошта намешавад.дига фикри шавҳара накун то охири умр ибодат кун хоҳари акаш.