ШАВҲАР ДАР ЗИНДОНУ ЗАН ДАР ОҒӮШИ ДИГАРОН...

Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ чашмамон ба аксу навори бисёр риққатоварданда афтид, ки марде дар даст чӯб бо ҷамъи наздикону пайвандонаш, ки ҳама ҷинси мардро ташкил медоданд, як зани бечораро ҳалқагир карда, зери мушту лагат мегирифтанд ва дашному ҳақоратҳои гӯшношунид карда, занро бо озору ҳақорат таҳдид мекарданд.
Дар навор ба гуфтаи ҳузурдоштагон маълум мегардид, ки шавҳари ин зан дар яке аз ҳабсхонаҳои давлати Руссия қарор дошта, тариқи телефон ҷавоби ҳамсарашро медиҳад. Ин зан миёни замину осмон тани танҳо бо се фарзандаш аз шавҳари маҳбасиаш дохили хона бидуни навозишу парастор мемонад. Дар навор дида мешуд,ки марди номаълум дар даст чӯб занеро дар кунҷаки хона аз манаҳаш қапида қасди куштан мекард. Занро б он гунаҳгор мекарданд, ки дар набудани шавҳараш ба хона марди бегонаро оварда, айшу ишрат кардааст. Марди дастгир шуда аз тарсу ҳароси зиёд ҳатто намедонист чӣ гӯяду киро тарафдорӣ кунад ва ба ки муроҷиат карда, киро ба ёри даъват кунад. Хуб медонист агар сухане бигӯяд ва ё занро ҷонибдорӣ намояд ба марг наздик мекунанд. Зан бо чашмони хунгирифта ба онҳо нигариста, қасам болои қасам мехӯрд, ки агар ба ӯ ва марди дар бистар буда, даст бардоранд, худашро бо кӯдаконаш оташ мезанад. Манзара ҳамин гуна сурат гирифт, ки мардони ба хашмомадаон марди ба хона меҳмоншударо лагаткӯб намуда, сар урӯяшро дар хун тар мекунанд. Ҳатто иҷозат намедиҳанд, ки мард суханҳояшро гап занад. Аз ҳаракату муносибат ва пуштибониҳои зан дарк карда мешуд, ки ин мард он қадар бегона нест. Сабаби ин ҳама муноқишаҳои оилавӣ ва муносибатҳои пинҳонӣ занҳое, ки шавҳарҳояшон дар Русия “мардикорӣ” қарор доранд, он буда метавонад, ки ҳамасола баъзе аз мардони тоҷик барои ба даст овардани маблағ суйи ғарибӣ мераванд.
Бисёре аз духтарон дар тоҷик солҳои тӯлонӣ наметавонанд ба шавҳар бароянд , зеро тақрибан 80% мардони синнашон аз 18 то 25 сола, ба Русия барои кор ва дарёфти ризқу рӯзиашон рафтанд ва боқимондаҳо шароити хуби барпо кардани оиларо надоранд ва ҳато оилаҳои худро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, занон маҷбур мешаванд ба мардҳои оиладор ба издивоҷи ғайри расмӣ розӣ шаванд, ки ин амал аз ҷониби наздикон ва пайвандони тарафайн мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аксар вақт мардҳо бо зангҳои худ телефонӣ ба завҷаҳояшон аз Русия талоқ мефиристанд, ки бо ҳамин зиндагии онҳо хотима меёбад.
Дурахшони Ортик
#Киссахо

Комментарии

  • 4 июл 2020 05:38
    Гуноҳи зан мекунед бародар аммо намепурсед ки шавҳараш барои талоки телефони кардан ба духтари нозпарваридаи оила оиладор мешавад ???
  • 4 июл 2020 05:39
    ЛутфанМардони муҳтарам, аз хутон фаришта насозед, шумо низ бегуноҳ нестед...
  • 7 июл 2020 22:15
    Узури зиед
    Ягон инсон руи Дуне бегунох нест намеёбед
  • 7 июл 2020 22:20
    Азхама узури зиед
    Ин Зан метавонист ки худро аз шавхори хабс шуда чудокарда бад шавхари дигар кунад
    Занонхам гунох доран мардхохам
  • 14 авг 2020 11:10
  • 30 дек 2020 08:38
    э ха ин темаро бин мардхо шох доренми шумо хама кор барои шумо мумкину ба занхо не мард нафс дораду зан нафс надорадми авалаш ин дунеба одами бегунох нест дуюмаш мард боши оилата сохиби кун сеюмаш номи занро паст назан зан бегунохми багунохми номи зан модар аст фахмо зеро ки чаннат дар зери пои модарон аст фаромуш накунед мардхо худтона ика фаришта нагирен
  • 24 янв 2021 14:43
    Дарахти Макри зан сад хила дорад фалак аз Дасти зан андеша дорад  сад макр кунад шайтон шонирди занак боша  хафа нашавену и гап да ама зан таалук надора базехошда дахл Дора
  • 24 янв 2021 14:45
    Э дхтаро занако хттона фаришта нагирен  мардо бегунох нестан мардорам гнахгоран неким занои имрузаи чомеаи мо а доираи кунуни исломи бромадагиан
  • 24 янв 2021 14:50
    Яхелт дхтаро амича Дасти роста а Дасти чапт фарк намекни забонут 2 метрай  мега зан мехра а хона наёфт а куча мекоба и гап да мард дахл Дора на да зан  аму шавхарта изату хурмат кун отаву очаша ба чои отаву очат Мон ИншаАллох аму шавхартам тра дуст медора
  • 1 фев 2021 23:00
    Авалш и дуругай ходисаи ки да инчо навишташи рост неки кати шуш алока надора бевазани ки дар авгонистон бо дигар мард ощики кунад ба хамин хол меоран санг сор мекнан  и хаму ходисара сари мардако и точик бор кардас
  • 6 фев 2021 07:09
  • 15 мая 2021 21:08
    Хамаи мардхоро ба як чашм набинад барои ки панч панча баробар нес
  • 10 окт 2022 21:34
  • 27 ноя 2022 23:09
    САБАБ ДИГАР ЧИЗ АСТ МАРДУМ СПОРИТ НАКУНЕД.ОРОМ БОШЕД